Масоили амниятӣ дар Осиёи Марказӣ дар пасманзари вазъи ноустувори низомию сиёсӣ дар Афғонистон ва дигаргуниҳои геополитикии ҷаҳон аҳамияти вижае пайдо кардаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, бисёре аз мушкилоти амниятӣ, ки имрӯз бо Осиёи Марказӣ иртиботи наздик доранд, дидаву дониста эҷод шудаанд. Ба эътиқоди онҳо, ошӯбҳои моҳи январ дар Қазоқистон, ҳаводиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон дар моҳҳои май-июни соли ҷорӣ ва ҳамчунин эътирозҳои моҳи июли соли ҷорӣ дар Қарақалпоқистони Ӯзбекистон ҳалқаи як занҷиранд, ки дар он дасти хадамоти махсуси Ғарб мушоҳида карда мешавад.

Ҳатто дар аввалҳои сол кишварҳои ғарбӣ мехостанд бо талоши ноором кардани вазъи Қазоқистон таваҷҷуҳи Русияро мунҳариф кунанд. Эътирозе, ки дар пасманзари болоравии қимати гази моеъ оғоз шуда буд, дар тӯли чанд рӯз ба ошӯб мубаддал шуд ва зуд бо тобиши ифротгароиву террористӣ ранги сиёсӣ гирифт. Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев барои ёрӣ ба Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД-ОДКБ) муроҷиат кард ва ба шарофати мудохилаи сареи ин созмон, ки шомили Қазоқистон, Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Русия аст, мушкил бартараф шуд.

Қудратҳои ғарбӣ гумон мекарданд, ки бо ин ҳодисаҳо Маскав дигар рӯяшро ба Ғарб намегардонад ва овораи мушкилоти Осиёи Марказӣ мешавад, вале Русия бо таҳкими мавқеаш дар минтақа аз ин бӯҳрон раҳо шуд.

«Ин суол, ки “оё нуфузи Русия дар минтақа афзоиш меёбад?” боиси нигаронии Ғарб гардид,” гуфт доктор Ҷенк Тамер, мутахассиси тадқиқоти Осиё ва Уқёнуси Ором дар Маркази таҳқиқоти бӯҳрон ва сиёсатҳои Анқара. Ба ақидаи ӯ, дар воқеъ Русия хоҳони мушкилоти нав дар Осиёи Марказӣ набуд.

Тамер афзуд, ки Ғарб намедонад, бо Русия чӣ гуна мубориза барад ва “беҳтарин роҳи ҳалле, ки пайдо кардаанд, метавонад ба амнияти Осиёи Марказӣ таҳдид кунад”.

Душанбе борҳо изҳор доштааст, ки дар шароити кунунии таҳаввулоти геополитикии ҷаҳон масъалаи таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти вижа дорад ва омодагии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ бо Русия дар заминаи мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав баён кардааст.

«Дар минтақаи мо шиддати ташаннуҷ бо фаъолияти гуруҳҳои террористиву ифротӣ коҳиш намеёбад, мафкураи радикализми динӣ фаъолона паҳн шуда, ҳаҷми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба маротиб афзуда, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ суст намешаванд», – гуфта буд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як моҳ пеш дар нахустин нишасти «Осиёи Марказӣ + Русия».

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон “аз таъсири афзояндаи идеологияҳои радикалӣ ниҳоят нигарон аст”. «Вазъиятро ҳамеша зери назорат гирифта, фаъолона амал кардан лозим аст», – гуфт ӯ ва пешниҳод кард, ки ҳамоҳангии хадамоти махсус ва мақомоти салоҳиятдор барои таҳия ва эҷоди механизмҳои мавҷудаи муборизаи муштарак алайҳи паҳншавии радикализатсия дар минтақа пурзӯр карда шавад.

«Вазъияти Афғонистон мустақиман ба амнияти мо таъсир мегузорад. Тоҷикистон ҳамчун ҳамсояи наздиктарин ҳамеша ҷонибдори ташаккули Афғонистон ҳамчун давлати осоиштаи аз терроризм, ҷангу маводи мухаддир озод буд ва ҳаст… Мо саъй дорем, ки марз бо Афғонистонро таҳким бахшем ва инфрасохтори зарурии марзиро эҷод кунем. Аз ин лиҳоз, мо ҷонибдори ба роҳ мондани ҳамкориҳои амалии бештари кишварҳоямон дар расонидани ёрӣ ба ҳамдигар дар таҳкими иқтидори ҳифзи марз ҳастем», – афзуд роҳбари Тоҷикистон.

Таъмини амният дар минтақа мавзуи №1 дар дастури кори кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия боқӣ мемонад. Коршиносон бар ин назаранд, ин умдатан ба он вобаста аст, ки Русия чун анъана муҳимтарин шарики Осиёи Марказӣ будааст.

«Ин кишвар дар ҳифзи суботи сиёсии дохилии кишварҳои минтақа нақши калидӣ мебозад. Русия инчунин дастгирии сулҳро таъмин мекунад ва амниятро аз хатарҳо ва чолишҳои беруна ҳам дар форматҳои бисёрҷониба ва ҳам дуҷониба таъмин мекунад. Дар мавриди таҳдидҳои гуногун (вазъ дар Афғонистон, терроризм, қочоқи маводи мухаддир) Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таҷрибаи бомуваффақияти ҳамкорӣ ва мавқеъҳои шабеҳ доранд,” гуфт Станислав Притчин, ходими калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравии Пажуҳишгоҳи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Русия, дар мусоҳиба бо маркази иттилоотию таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав.

Имконияти ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо ба амният дар минтақа, пеш аз ҳама, ба иқдомоти дар кишварҳо андешидашуда вобаста аст. Ба гуфтаи Притчин, ин ба ҳалли низоъҳои дохили минтақа низ дахл дорад.

«Дар солҳои охир Русия ҳамчун бозигари масъулиятнок барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ, ҳатто вақте ин комилан ба манфиатҳои миллии Русия нест, баромад кард. Вазифаҳои амният ва суботи минтақа ҳамеша болотаранд, зеро аз нигоҳи стратегӣ ин кафолати амнияти худи Русия аст”, – таъкид кард коршинос.

Вай афзуд, таҳаввулоти феълии тектоникӣ дар ҷаҳон чолишҳо ва таҳдидҳои навро барои Русия ва муттаҳидону шарикони он дар минтақа пешгӯӣ мекунад ва “кишвартҳои дӯст ҳамеша роҳи ҳалли худро меёбанду бо ин роҳ ҳамкориҳои худро тақвият хоҳанд дод”.

Комрон Сафаров

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь