Чаҳордаҳ маҳбуси тоҷик ҳангоми интиқол аз зиндонҳои вилояти Суғд ба ҷануби Тоҷикистон ҷон доданд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ин гуруҳи маҳбусон аз истеъмоли нон (хлеб) заҳролуд шуда, ҳалок шудаанд. Аммо бархе волидони маҳбусон ва коршиносон ба ин фарзия бо шубҳа нигоҳ мекунанд. Ҳалокати 14 маҳбуси тоҷик сарусадоҳои зиёдеро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ба миён овард ва гуруҳе хостори таҳқиқи мунсифонаи қазия шуданд.
Се хлеб 14 нафарро кушт?
Ҳодисаи ҳалокати маҳбусони тоҷик баъд аз зуҳри 7-уми июл замоне иттифоқ афтод, ки онҳо аз зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Истаравшан ба зиндонҳои шаҳри Душанбе, Норак ва ноҳияи Ёвон интиқол меёфтанд.
Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия шаби 8-уми июл бо нашри як иттилоия гуфт, ки се мошини ҳомили 128 маҳбус, аз ҷумла 8 зан соати 12:45 аз шаҳри Хуҷанд ба сӯи Душанбе ҳаракат карданд. Ба гуфтаи манбаъ, вақте корвони маҳбусон ба мавзеи Майхӯраи ноҳияи Варзоб расид, яке аз маҳбусон 3 адад нон (хлеб)-ро, ки бо худ ҳамчун дастовез дошт, ба 16 маҳбуси дигар тақсим кард.
Масъулини идораи зиндонҳо гуфтанд, ки баъди истеъмоли ин се хлеб аҳволи 16 зиндонӣ бад шуда, дар онҳо ҳолати дилбеҳузӯрӣ, сарчархзанӣ, қайкунӣ дида шуд. Ба гуфтаи мақомот, вақте маҳбусон ба шаҳри Душанбе расиданд, аллакай беҳуш буданд ва табибон натавонистанд ҳамаи онҳоро наҷот диҳанд.
Ҳамин тавр, аз 16 маҳбусе, ки ба гуфтаи мақомот аз хӯрдани хлеб заҳролуд шудаанд, 14 нафари онҳо ҷон бохтанд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи ҳалокати 14 маҳбус парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, як гуруҳи махсуси тафтишотӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд. Тафтиши қазияи мазкурро худи Юсуф Раҳмон – додситони кулли Тоҷикистон зери назар доштааст.
Мақомоти тоҷик ба ҷуз аз пахши як иттилоия дигар дар бораи ҳодисаи мазкур ҳеҷ шарҳе надоданд. Иктифои мақомот ба пахши як изҳорот суолҳои зиёдеро дар бораи ин ҳодиса ба миён овардааст. Инки чигуна се хлеб метавонад 14 нафарро давоми қариб ду соат ҳалок кунад? Дар ҳоле, ки табибон мегӯянд, чунин заҳролудшавӣ дар соатҳои аввал кушанда нест.
“Ҳама ҷойи бадани писарам сиёҳ буд”
Дар бораи ҳалокати маҳбусон ҳангоми интиқол ба Душанбе дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои хабарӣ фарзияҳои зиёде чарх мезананд. Болотар аз ин, бархе наздикони маҳбусон суол мегузоранд, ки агар фарзандонашон аз хӯрдани хлеб даргузаштаанд, пас осори латукӯб дар баданашон аз куҷост?
Саодат Солеҳова – модари Неқкадам Солеҳов ба фарзияи мақомот дар бораи аз заҳролудшавӣ фавтидани фарзандаш бовар надорад. Ӯ мегӯяд, ки вақте ҷасади писарашро оварданд, ҳама ҷояш сиёҳ буд ва қариб писарашро нашинохт.
Саодат Солеҳова дар суҳбат ба Cabar.asia гуфт: “Ҳама ҷояш задагӣ сиёҳ буд, дӯхтагӣ буд, сару гардан, дасту пояш буридагӣ буданд. Дастҳо шикоф, рагҳои поча буридагӣ. Рӯяш ҳам задагӣ сиёҳ буд, шинохтан намешуд”.
Некқадам Солеҳов 34 сол дошт ва ба гуфтаи модар, бо ҷурми гаравидан ба равияи мамнуи Салафия ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд. Некқадам ҳоло танҳо се соли зиндонро паси сар кард. Бо ҳалокати Неқкадам, модараш Саодат Солеҳова писари сеюмашро ҳам аз даст дод. Ин сокини ноҳияи Варзоб гуфт, ки қаблан як писараш дар Сурия ва дуввумӣ дар Маскав нопадид шуда буданд.
Ба ҷуз аз иддаои Саодат Солеҳова, инчунин роҳ ёфтани акси ҷасаде, ки ба гуфтаи муаллифонаш Валиҷон Одинаев, яке аз маҳбусони ҳалокшуда аст, баҳси ҳалокати маҳбусонро дубора доғ кард. Валиҷон Одинаев, сокини 43-солаи шаҳри Ҳисор яке аз 14 маҳбуси ҳалокшуда аст ва муаллифони аксе, ки гуфта мешавад ҷасади ӯ аст, мегӯянд, Одинаев дар натиҷаи шиканҷа ҷон додааст.
Дар акси нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки сару рӯйи ҷасад сиёҳ мебошанд. Албатта, феълан тасдиқи ин иддао аз манобеи дигар имкон надорад.
Наздикони Валиҷон Одинаев дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки зимни шиносоӣ бо ҷасади Валиҷон Одинаев ҳеҷ осори зарбу шатм дар бадани ӯ мушоҳида нашуд. Он чизе, ки шубҳаро дар атрофи номи маҳбусон зиёд мекунад, ин аст, ки мақомоти расмӣ талош мекарданд ҳарчӣ зудтар ҷасади маҳбусон ба хок супорида шавад. Ҳамзамон ба наздикони маҳбусон иҷоза намедоданд, то бо расонаҳо суҳбат кунанд.
«Ба артиш рафт, аммо дар маҳбас ҷон дод»
Дар бораи маҳбусони ҳалокшуда ва шахсияти онҳо иттилои зиёде дар даст нест. Он чизе, ки маълум аст, синну соли аксари онҳо аз 19 то 43-сола буда, зодагони минтақаҳои гуногуни кишвар мебошанд.
Яке аз маҳбусони ҳалокшуда Меҳроб Юсупови 27-сола мебошад, ки қаблан расонаҳо дар бораи ӯ навишта буданд. Меҳроб Юсупов, сокини ноҳияи Варзоб соли 2016 бо иттиҳоми талоши тамос бо Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик боздошт шуда буд. Ҳарчанд чанд сол ҳабс шудани Юсупов маълум нест, аммо мақомот ӯро айбдор карданд, ки бо Гулмурод Ҳалимов тариқи телефон суҳбат кардааст.
Ҳамчунин номи Раҷабмурод Маннонов, маҳбуси дигари ҳалокшуда дар рӯйхати аъзои ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ зикр шудааст. Дар миёни маҳбусони ҳалокшуда Некрӯз Ҳайдарови 19-сола ҷавонтарин ба ҳисоб меравад. Наздикони ин ҷавон мегӯянд, ин ҷавон ду соли пеш ба хизмати ҳарбӣ рафта буд, вале барои як ҷанҷол дар артиш ӯро ба панҷ соли зиндон маҳкум карданд.
«Вақте ислоҳот нест, кас намедонад дар маҳбас чӣ мегузарад»
Ҳалокати 14 маҳбус дар доираи таҳлилгарони Тоҷикистон ба вокунишҳои мухталиф ру ба рӯ шуд. Коршиносон мегӯянд, ин ҳодиса ва ҳамчунин ду ошӯби давоми нуҳ моҳи ахир нишон медиҳад, ки вазъи зиндонҳо дар Тоҷикистон ҷиддан нигаронкунанда аст.
Ойниҳол Бобоназарова – ҳуқуқшиноси тоҷик, ки борҳо аз маҳбасҳо дидан кардааст, дар суҳбат бо Cabar.asia мегӯяд, то ҳол дар низоми маҳбасхонаҳои Тоҷикистон ислоҳот сурат нагирифтааст ва фасод ҳамчунон густурда аст. Ин ҳуқуқшиноси тоҷик афзуд, бадбахтии аслӣ дар он аст, ки низоми маҳбасҳо бисёр пӯшида аст ва дар ин вазъ наметавон дид, ки дар дохил чӣ мегузарад. “Дар хориҷа ҳар нафар метавонад ба маҳбасхонаҳо дарояд ва дар ин ҳол ҳама чиз рӯйи об мебарояд. Ман худам ба чандин маҳбасхонаҳо рафта, шиносномаамро нишон додам ва даромада дидам. Пӯшида будани маҳбасхонаҳо маънои онро дорад, ки проблема он қадар ҷиддӣ аст, ки ман намедонам ин марги маҳбусон охирон ҳодиса аст ё боз такрор мешавад,”- гуфт Ойниҳол Бобоназарова.
Ба таъкиди Ойниҳол Бобоназарова, давлат уҳдадор аст кафолат диҳад, ки маҳбус баъди адои муҳлати ҷазо зинда ба назди азизонаш бармегардад. Зеро, ба гуфтаи Бобоназарова, агар чунин набошад, наздикони дигар маҳбусон зарбаи ҷиддӣ мебинанд ва доимо аз вазъи азизонашон дар маҳбас нигарон мешаванд. “Тасаввур кунед, ки онҳо ҳар шаб фикр мекунанд, ки оҳ, боз чӣ гап шуд ба фарзанди ман дар маҳбас. Ин аз чанд тараф зарбаи сахт аст,”- таъкид кард Ойниҳол Бобоназарова.
Дар як соли ахир ҳадди ақал ин бори севвум аст, ки маҳбусони тоҷик ба таври гуруҳӣ ба ҳалокат мерасанд. Қаблан дар моҳи ноябри соли 2018 ва майи соли равон дар маҳбасҳои Хуҷанд ва Ваҳдат ошӯбе сар зад, ки тибқи омори расмӣ беш аз 50 қурбонӣ доштанд.
Ин мавод дар доираи лоиҳаи Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) «Муколамаи озод барои рушди субот дар Осиёи Марказӣ» омода шудааст.