Азимҷон Алимардонов то имрӯз умед дорад, ки ДИИШ барҳам мехӯраду фарзандонаш ба ватан бармегарданд. Ӯ мегӯяд, агар фарзандонаш бо хости худ баргарданд, Ҳукумати кишвар пуштибонӣ намуда, онҳоро авф хоҳад кард.

Азимҷон Алимардонов сокини 59-солаи деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти “20-солагии истиқлол”-и ноҳияи Қубодиён мебошад, ки ду сол қабл аз хонаводаи ӯ ду писар, келин ва духтару домодаш ба ДИИШ пайвастаанд. Ба қавли ӯ, духтару домодаш тӯли ду сол дар Русия зиндагӣ ва кору фаъолият мекарданд, ки аввалан домодаш Эркин соли 2014 муддати ду моҳ ғайб зада, ҷустуҷуҳои зиёди наздикон натиҷае намедиҳад. Пас аз гузашти 6 моҳ духтараш низ ғайб зад. Ду писари дигари Азимҷон Алимардонов низ, ки яке 26 ва дигарӣ 28-сола аст, ба Русия рафта, дигар ба Тоҷикистон барнагаштанд. Пас аз гузашти вақт дар Сурия қарор доштани онҳоро мақомот хабар дод.

Азимҷон Алимардонов қабл аз ин чандин сол раиси маҳалла ва омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби деҳа буд, ки пас аз шунидани ин хабар аз кори омӯзгориаш даст кашид. Хонаводаи Азимҷон Алимардонов дар аввал ба дуруст будани ин хабар боварӣ надоштанд. “Ҳатто дар сарамон чунин фикр набуд, ки онҳо ба ин роҳ мераванд. Ҳамсояҳо низ аз шунидани ин хабар дар ҳайрат афтода буданд. Фарзандонам аз соли 2010 инҷониб ба Русия рафта, онҷо муҳоҷир шуда кор мекарданд. Соли 2014 ба Сурия рафтаанд. Аз Сурия ба ман занг назаданд, вале Вазорати корҳои дохилӣ ва амният ба ман гуфтанд, ки онҳо дар Сурия қарор доранд”,- бо афсӯси зиёд мегӯяд ӯ.


Вале, имрӯз Азимҷон Алимардонов ва ҳамсараш боварӣ доранд, ки ба наздикӣ ДИИШ барҳам мехӯраду фарзандонашон ба ватан назди пайвандону наздикон бармегарданд: “Ман боварӣ дорам, ки фарзандонам бармегарданд. Шабу рӯз мо дуо мекунем, то ки онҳо аз ин роҳ баргашта, ба хона меоянд. То кунун аз онҳо хату хабаре нест, вале модарашон чунин эҳсос мекунад, ки то ҳол онҳо зиндаанд”.

То имрӯз тақрибан 60 шаҳрванди Тоҷикистон бо хоҳиши худ аз ҷангҳои Сурияву Ироқ баргаштаанд, ки мавриди авф қарор гирифтаанд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки нафароне, ки бо хоҳиши худ аз ҷангҳои ДИИШ бармегарданд ва ҷиноят накардаанд, аз ҷавобгарӣ озод карда мешаванд.

Аз ин рӯ, Азимҷон Алимардонов ва ҳамсараш ба Ҳукумати кишвар умеди калон бастаанд, ки пас аз баргаштани фарзандонашон онҳоро авф хоҳанд кард.

– Ҳукумати кишвар қарор баровард, ки ба Сурия рафтаҳо агар баргашта оянд, авф мешаванд. Мо ҳам умедвор ҳастем, ки Ҳукумати кишвар онҳоро мебахшад. Агар баргарданд, мо бо хушӣ онҳоро мепазирем. Модари фарзандон ҳамин қадар орзу дорад, ки пеш аз маргаш маротибае ҳам фарзандонашро бинаду дар дилаш армон намонад. Модари фарзандон аввал шаш моҳ аз фикру фироқи онҳо бемор шуд, ҳоло хубтар шудааст. Ман қонуни давлат, дастгирии давлатро ба ӯ фаҳмондам. Умед дорем, ки онҳо бармегарданд,- мегӯяд Алимардонов.

Ба қавли ӯ, омилҳои асосие, ки фарзандонаш ба ДИИШ пайвастаанд, ин аз дин хабар надоштани онҳо ва вазъияти молии хонаводаашон буд.

– Мо оилаи зиёӣ ҳастем, дар хонаводаамон домулло, эшон нест, онҳо хонданӣ рафта буданд. Вале фикр мекунам, яке аз сабабҳои шомил шудани онҳо бехабар будан аз дин ва вазъияти молӣ буд. Шояд агар мехонданду хабар медоштанд, ба ин роҳ намерафтанд. Гумроҳ шуданд, аз мо дур буданд, бехабар мондем,- меафзояд ӯ.

Оилаи Азимҷон Алимардонов ягона хонаводае нест, ки яку якбора чандин нафар аз як оила барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ба ДИИШ пайвастаанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин оилаҳо зиёд вохӯрдан мумкин аст, ки фирефта шудаанду дигар роҳи баргашт ба ватанро надоранд. Гарчанде бархе аз волидони ҷангандаҳои ДИИШ аз зиндаву дар қайди ҳаёт будани фарзандонашон огоҳӣ надоранд, вале умед ба он бастаанд, ки яке аз рӯзҳо фарзандонашон наздашон бармегарданд.

Ба қавли раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худойбердӣ Холиқназар, аз соли 2013 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии ифротгароӣ дар кишвар қарори қатъӣ қабул намуд, ки мубориза бар зидди ифротгароӣ бояд дар сатҳи сиёсати давлатӣ ба роҳ монда шавад. “Дар кишвар гуруҳҳои махсуси таблиғотӣ таъсис дода шуданд, ки дар тамоми қаламрави кишвар корҳои фаҳмонидадиҳӣ ташкил карда, мардумро аз хатари терроризму экстремизм огоҳ менамоянд. Корҳои ташвиқотиву таблиғотӣ аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудааст”.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро низ дар нишасти навбатии худ, ки моҳи июли соли равон баргузор гардид, изҳор намуд, ки соли ҷорӣ 13 нафар ҷавон аз пайвастан ба гуруҳҳои ифротгароӣ изҳори пушаймонӣ намуда, ба ватан баргаштанд, ки соли гузашта ин шумора 70 нафарро ташкил медод. Ҳамзамон, ӯ қайд намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 78 сайт ё сомонаи хабарӣ, ки ба тарғиби идеяҳои экстремистӣ машғул буданд, баста шудаанд. Дар ин раванд, ВКД ду сохтори ҷадид таъсис додааст, ки сохторҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 137 ҷиноятро дар ин замина ошкор кардаанд.

Тибқи иттилои ВКД, дар ним соли аввали соли равон 228 нафар аъзои гуруҳҳои террористӣ дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Аз ин 228 нафаре, ки ҳамчун узви гуруҳҳои террористӣ боздошт карда шудаанд, 104 нафар узви гуруҳи ба ном «Давлати исломӣ», «Салафия» – 80, «Ҷамоати ансоруллоҳ» – 17, «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» – 18, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 3, «Гуруҳи 24» – 6 нафар мебошанд.

Тибқи иттилои расмӣ, беш аз 1100 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гуруҳҳои тундрав пайвастаанд, ки миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳастанд.

 Фарзонаи УМАРАЛӢ

 Ин гузориш дар ҳамдастӣ бо Намояндагии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи «Тавонмандсозии ҷомеа ба хотири мубориза бо ифротгароӣ дар Тоҷикистон» омода шудааст.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь