Чу як пири хирад мирад, бимирад ҷумла осорам,

Чу як ҳамсоли ман мирад, гаронтар мешавад борам.

(Лоиқ Шералӣ)

Ҷаноби Тоҳирӣ, мо насле ҳастем, ки аз сад домуллои амри маъруфкунанда дида, марги як ҳамсоли худ бароямон ибрат ва боиси дигаргуншавӣ мешавад.

Рӯзи 5 июни соли равон яке аз рэперони хуб ва ҳамзамон беҳтарин “баттлер”-и кишвар – Styopa дар шаҳри Маскави Русия аз дунё гузашт. Бовар кун, ҳамаамон ғамгин шудем, зеро ба фикри ғолиб монанди ӯ мо дигар “баттлер” надорем.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳоло ҷумлаи болоро ба ту гуфтаму худ аз худ порчае аз “баттл”-и марҳум ба ёд омад:

– Орзу дорам, ки бимирӣ. Тобутатро аз дарахте созанд, ки сад сол умр дида бошад ва он дарахтро ту имрӯз шинонда бошӣ…

Бале, ӯ дар муҳорибаи сухан бо дигаре меҷангид, вале суханҳое мегуфт, ки мардум дар зодрӯзи ҳамдигар гуфтан мехостанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мутаассифона, дар ростои марги нобаҳангоми ӯ чанд тан ба ном блогерон бетамизиҳои зиёд намуданд: ҳар гуна видео нашр карданд, корти хайриявӣ кушоданд ва ғайраҳо, ки боиси ранҷиши аксарият гардид.

Вале ман ба ту дар бораи дигар хусусияти ин марг мегӯям. Даргузашти Styopa барои насли мо, хусусан ҷавононе, ки дар фазои маҷозӣ “зиндагӣ” мекунанд, марги содае набуд.

Якум, марге буд, ки ҳам дӯст ва ҳам душманаш ғамгин шуданд.

Дуюм, марге буд, ки наздики як ҳафта дар сархати хабарҳои “YouTube” ва “Instagram” ҷой гирифт.

Ва сеюм, марге буд, ки афродеро ба худ овард, аз амалҳои худ пушаймон кард ва ҳатто роҳашонро дигар намуд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ин ҷо ист мекунем. Бовар кун, дар пасманзари марги Styopa бархе рэперҳо ва блогерҳое пайдо шуданд, ки аз тарки пешаи хуб хабар доданд. Ва ҳатто кор то ҷое расид, ки бархе ҷавонон аз Додихудо Абдураҳмов, муассиси сомонаи RAP.TJ (ҳамон нафаре, ки ба аксари рэперон кӯмак кардааст) хоҳиш карданд, ки наворҳояшонро аз саҳифаҳояш (“YouTube” ва “Instagram”) тоза кунад. Онҳо делел меоварданд, ки “марг пириву чавонӣ намегӯяд ва модоме ки Styopa рафт, пас мо ҳам аз ин пеша даст мекашему худамонро аз ин корҳо дур мекунем, зеро мо ҳам меравем”.

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонӣ барои чӣ бачаҳо яку якбора тасмими тарк кардани рэпериву блогериро гирифтанд? Бори дигар дарк карданд, ки марг ҷавониву пирӣ намегӯяд. Вақташ расид, меравӣ. Ҳеҷ кас бовар надошт, ки Styopa аз дунё мегузарад, зеро ӯ ба наздикӣ аз хизмати аскарӣ омада, чанд консерташро дар Русия барои муҳоҷирон барпо карда буд. Мардум аз ӯ “баттл” интизор буданд. Ҳамон “баттл”-ҳое, ки мислу монанд надоранд. Сахт! Вале мо онҳоро надида, ӯ рафт.

Ин марг ба бархе ҷавонони мо чунон таъсир расонд, ки омодаи тарки пешаи худ шуданд. Ин гапи одие нест, зеро насли моро ҳоло бисёр душвор аст аз фазои маҷозӣ дур кардан, вале даргузашти Styopa онҳоро тарсонд, ба худ овард ва дар фикри оянда кард.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳоло ман ба боварӣ гуфта метавонам, ки марҳум аз ҷумлаи рэпероне буд, ки ҳам вақти зинда буданаш ва ҳам маргаш барои насли мо роҳнамое буд.

Styopa, ором бихоб! Макони охиратат обод бод!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь