Идома 

Дар он замон мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ҷомеаро фаро гирифта, баъзе сохторҳо фалаҷ гашта буданд. Хавфу хатари қувваҳои мусаллаҳи дохиливу беруна аз байн нарафта буд. Гурӯҳҳои муташаккил мехостанд, ки молу маҳсулотро бе барасмиятдарории гумрукӣ тавассути сарҳади гумрукӣ интиқол диҳанд. Аммо кормандони гумрук ҳатто дар лаҳзаҳои душворе, ки оташи даргириҳо тамоми ҷоро фаро гирифта буд, ҷойҳои кории худро тарк накарда, то охир ба вазифаҳои хизматии худ содиқ монданд.

Дар ҳамин гуна шароити вазнин анъанаҳои беҳтарини гумруки Тоҷикистон ташаккул ёфтанд. Истифодаи таъбири “Пӯлод чӣ гуна обутоб меёбад” барои ҳамин дар ин ҳолат мувофиқ аст.

Дар ҳақиқат, мо ҳоло бояд бо мардонагӣ, қаҳрамонӣ ва фидокории гумрукчиёни аввалини худ, ки бо меҳнати софдилона садоқаташонро ба Ватан нишон дода, то охир ба ғояҳои шаҳрвандии Тоҷикистони ҷавони соҳибистиқлол содиқ монданд, ифтихор намоем.

Хотираи неки ҳамкорон ва дӯстон Мавлон Олимов, Алмос Гадоев, Назирмад Гулматов, Рустамбек Ғаниев, Ғоиб Мирзоев, Шавкат Агаев, Алӣ Имомназаров ва Сергей Ситковский, ки вазифаҳои хизматии худро сарбаландона иҷро намуда, ҷони худро фидо кардаанд, то охир ва муддатҳои тӯлонӣ дар таърихи гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёди кормандони он боқӣ мемонанд.

Новобаста аз вазниниҳои сиёсиву иқтисодӣ ва даргириҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯву ҷудоиандоз, бо дастгирии бевоситаи  Президентамон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гумруки навбунёд ташаккул ёфт.

Бо назардошти рушд ва пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, гузаронидани ислоҳоти иқтисодию сохтории Ҳукумат ва бо дарназардошти рушди иқтисодиёти кишвар, мутобиқ кунонидани аснод бо меъёрҳои байналмилалӣ зарурияти таҳияи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии нави танзимкунандаи фаъолияти мақомоти гумрук пеш омад.

Дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1997 узви Созмони умумиҷаҳонии гумрукӣ гардида, ҳоло аъзои зиёда аз 100 конвенсияю созишномаҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти гумрукӣ ба шумор меравад.

Хадамоте, ки имрӯз дорем

Феълан Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамчун яке аз беҳтарин сохторҳои марбута дар минтақа шинохта мешавад. Зеро сохтори мақомоти гумруки мо ҳама сохтори заруриро фарогир буда, аз Дастгоҳи марказӣ, Донишкадаи такмили ихтисос, Лабораторияи гумрукии марказӣ, Маҷаллаи «Гумрук», Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази Равзанаи ягона», Корхонаи воҳиди давлатии «Матбааи Хадамоти гумрук», Корхонаи воҳиди давлатии «Таъмиру сохтмон» ва 5 раёсати минтақавии гумрукӣ иборат аст. Назорат ва барасмиятдарории гумрукии интиқоли молу воситаҳои нақлиёт дар 24 гузаргоҳи наздисарҳадии автомобилӣ, 4 гузаргоҳи роҳи оҳан, 1 гузаргоҳи дарёӣ, 5 гузаргоҳи нақлиёти ҳавоӣ, 17 гумрук ва 21 дидбонгоҳи гумрукии дохилӣ ба роҳ монда шудааст.

Умуман дар зарфи ин 30 сол заминаи моддию техникии Хадамоти гумрук  тақвият ёфта,  қариб тамоми дидбонгоҳҳои гумрукӣ ва биноҳои маъмурӣ дорои заминаи моддию техникии  муосир гардиданд. Ҳоло  беш аз 50 иншооти  нав  ба истифода дода шуда, зиёда аз сад иншоот таъмиру таҷдид гардиданд.

Дар масоҳати 24 гектар дидбонгоҳи гумрукии «Панҷи Поён» ва Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бунёд гардида, бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ таъмин шудаанд. Инчунин  дидбонгоҳҳои гумрукии «Кулма», «Қизил-Арт», «Қарамиқ», «Айвоҷ», «Қӯштегирмон» «Гулистон» ва Терминали «Дӯстӣ» ба истифода дода шуда, чандин иншооти гумрукӣ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, биноҳои дидбонгоҳҳои гумрукии «Тем», «Рузвай», «Ишкошим», «Нов», «Пролетар», «Пахтаобод», «Хушодӣ» ва  «Патар» мавриди истифода қарор гирифтанд. Терминали гумрукии «Мурғоб» сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардид.

Бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти гумрук ва стандартикунонии расмиёти гумрукӣ аз 1 январи соли 2012 Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона дар мақомоти гумрук роҳандозӣ карда шуд, ки айни замон дар низоми вақти воқеӣ фаъолият намуда, бо ҳамаи воҳидҳои сохтории Хадамот пайваст мебошад. Тавассути Системаи мазкур, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар шакли электронӣ низ ба роҳ монда шудааст.

Системаи мазкур шабакаи боэътимод ва ҳимояшавандаи интиқоли маълумотро дар назар дошта, сохтани инфрасохтори ягонаро байни воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук бо ташкили дастрасии истифодабарандагон ба захираҳои марказии махзани маълумот ва таъминоти барномавӣ дарбар мегирад ва он имкон медиҳад, ки назорат аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ дар низоми вақти воқеӣ ба амал бароварда шавад.

Имрӯзҳо Хадамоти гумрук дар ташаккули қисми даромади Буҷети давлатӣ саҳми калон гузошта, баҳри таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон функсияҳои муҳими ҳифзиҳуқуқиро анҷом медиҳад ва ба равандҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсири худро мерасонад.

Дар сохтусоз ва шаклгирии ин сохтори муҳим саҳми роҳбарияти он дар шахси Ҳамроқулов Худойқул Ҳамроқулович – Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1992 – 1997, Исмоил Давлатов – Раиси Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1997 – 1998 , Бобобев Ғуломҷон Ҷӯраевич – Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2002 – 2006, Зарипов Гурез Шарипович – Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2006 – 2013, Рустами Эмомалӣ – Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2013 – 2015, Абдуфатоҳи Ғоиб – Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2015 – 2018 ва роҳбари феълии он Каримзода Хуршед Абдураҳмон ниҳоят муҳим арзёбӣ мешавад.

Чамила Мирбозхонова

“Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь