(Мусоҳиба бо Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмурод Малиев)

Муаррифинома: Гулмурод Малиев 10-уми августи соли 1948 дар оилаи хизматчӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Рӯдакӣ ба факултаи навтаъсиси санъати Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченкои шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1972 бо муваффақият хатм менамояд. Солҳои 1973 – 1974 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати Ватанро ба ҷо меорад. Баъдан, 45 соли ҳаёти худро ба рушду нумӯи соҳаи фарҳангу ҳунари кишвар бахшидааст. Дар давоми фаъолияташ бо ордени «Шараф», унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», медали ба номи Крупская ва мукофоту нишонҳои ифтихориидигар сарфароз гардидааст.

Оиладор, соҳиби 10 фарзанд. Айни замон бознишастааст.

 -Устоди азиз, сараввал мехоҳам дар он хусус пурсон шавам, ки фаъолияти меҳнатии Шумо аз кадом сол шурӯъ шудааст?

Сипос, бародари азиз аз даъват ва мусоҳиба. Банда ҳанӯз аз даврони донишҷӯйӣ кор мекардам. Соли 1971 ҳанӯз аз замони дар курси панҷуми факултаи санъатиИнститути педагогии ба номи  Т.Г. Шевченко таҳсил карданам, дар Омӯзишгоҳи маданӣ – равшаннамоии ноҳияи Рӯдакӣ (собиқ ноҳияи Ленин) ба хонандагони курсҳои поёнӣ дарси маҳорат мегузаштам.

Соли 1972 баъди хатми Институт дар асоси роҳхати Вазорати фарҳанг ба Театри навтаъсиси давлатии «Ҷавонон» ба кор омадам. Бисёр хурсанд будам, ки бо шурӯъи чунин як фаъолият дар театр ояндаи хубе месозам ва пешравие хоҳам кард. Рӯзи якуми август роҳхат дар даст вориди утоқи кории сарвари театр Аҳрор Ҷалолов шудам. Ӯ бисёр як шахси неку кордон ва инсондӯст буд. Маро барои шиносоӣ бо ҳайати эҷодӣ ба толоре, ки он ҷо ҳунармандон машқ мекарданд, бурданд. Устодам Турахон Аҳмадхонов, ки дар давраи донишҷӯйӣ ба мо дарс мегуфт, аз омадани ман ба театр хеле шод шуд ва  ҳамон лаҳза  маро бо ҳайати эҷодӣ шинос намуд ва аз ҳамон рӯз фаъолият дар театр оғоз гардид.

Бубахшед, бо кадом сабаб тарки театр намудед? Оё муҳити театр созгор набуд ва ё чизи дигар?

Суоле, ки дар зиндагӣ дӯстонам борҳо пурсон шудаанд. Ҳатто аксҳое, ки аз нақшҳои офаридаам дар албоми хонаводагӣ дорам, фарзандон низ пурсон мешаванд, ки ба Шумо нақшҳои офаридаатон бисёр мезебидааст, чаро тарки театр кардед? Агар идома медодед, шояд ҳунарманди хеле маъруф мешудед. Вале ин ҷо сабабҳо зиёданд. Сараввал ёдовар мешавам, ки театри номбаршуда ба хотири донишҷӯёни хатмкардаи  Институти давлатии санъати театрии ба номи Луначарскии шаҳри Масков таъсис ёфта буд. Ман бехабар аз он ки ҳунармандон аз фаъолияти саркоргардон устод Турахон Аҳмадхонов норозӣ будаанд. Кори эҷодӣ қариб, ки фаромӯш шуда буд ва онҳо мехостанд, ки коргардонҳо аз Русия даъват карда шаванд. Ростӣ, ман аз беҳурматӣ нисбати устодам ғамгин мешудам ва тоқати чунин муҳитро дидан надоштам. Билохира, тарки театр кардам ва ба корҳои идорӣ гузаштам.

 -Гулмурод Малиевич, Шумо, ки корро аввал аз театр оғоз кардаед ва гарчанде муддати кутоҳ ҳам бошад, дар ин ҷо фаъолият доштед, вале солҳои тӯлонӣ роҳбарии Раёсати санъати Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ будед, дар бораи вазъи имрӯзаи театри тоҷик чӣ гуфта метавонед ва ояндаи онро чӣ тавр мебинед?

Вазъи кунунии театр ба ҳамаи мо маълум аст. Аммо ояндаро бояд аз имрӯз бисозем, яъне таҳкурсиро бояд аз ҳамин рӯз гузорем. Агар ин таҳкурсӣ санҷидаву хирадмандона гузошта шавад, албатта, ояндаи хуб дорад. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр мутахассисону ҳунармандони асили соҳа тарки ҷумҳурӣ карда бошанд ҳам, театр симои худро гум накарда, насли нав анъанаи неки гузаштагонро идома медиҳад. Хушбахтона, асосгузорони театри тоҷик, дилбохтагон ва фарзандони баору номуси миллат ва давлат, сарсупурдагони театри мо, ба монанди М. Қосимов, М. Халилов, М. Қосимова, Г. Бақоева, Т. Фозилова, К. Иматшоев. Коргардонҳо: Мителман Ланге, Александрин, баъдан актёрони шаҳир Ҳ.Гадоев, М. Воҳидов, М. Исоева,С. Исоева, Т. Аҳмадхонов, Ҳ. Абдураззоқов, А. Муҳаммадҷонов, Г. Сафаралиева, Ш. Солеҳов, Г. Абдуллоева,  Амон Қодиров, И. Ғуломов, А. Абдуллоев, Х. Тилавов, коргардонҳо Х. Майбалиев Ф. Қосимов, Б. Абдураззоқов, Б. Миралибеков, Д. Убайдуллоев, С. Усмонов, М. Миров, У. Хусравов ва дигарон то ин рӯз пояи онро мустаҳкам нигоҳ дошта омадаанд.

 -Имрӯзҳо дар рӯзномаю маҷалла ва сомонаҳои интернетӣ баъзе ашхос мегӯянд, ки театри тоҷик рӯй ба таназзул дорад ва ҳатто ҳадс ҳам мезананд, ки шояд аз байн равад, Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Аввал ин ки ин фикри шахсии баъзе рафиқон аст. Театр ҳеч гоҳ намемирад, бо кадом роҳе ва дар кадом сатҳе қарор дошта бошад, фаъолият мекунад. Аммо, муваффаққияти фаъолияти театрӣ аз сифати намоишномаҳои он ва санъаткорони касбӣ ва дар ниҳоят аз тамошобин вобастагии зиёд дорад. Муваффақияти намоишномаи театр дар он сурат боиси таҳсину офаринҳо мегардад, ки тамошобин ё механдад ё мегиряд ва ё фарогири эҳсоси зиёд гашта, онро дошта наметавонад. Албатта, ин гуфтаҳо каме норӯшан садо доданд, вале мехоҳам як мисоле аз фаъолияти театрҳои бузурги дунё биёрам, ки хонанда ба ин гуфтаҳо маъниро дарк кунад. Дар Ингилистон ҳайати эҷодии як театри он кишвар нақшае таҳрезӣ менамоянд, ки ҳангоми намоиши театрӣ бинандагон бояд ба хоби воқеӣ раванд. Вақте намоиш шурӯъ мешавад, тамоми иштирокдорони толор аз санъати баланди намоиш ба хоб рафта, ҳангоми хестан аз хоб дар назди худ зарфҳоеро мебинанд, ки дар дохили он қаҳва омода гардидааст. Бубинед, ҳунар, санъати волои намоиш ва ҷаззобияти театр ва ҳунарнамоии актёрон чӣ қудратҳо дорад, ки бинандаро ба чи ҳолатҳо мебаранд.

 -Чаро имрӯз дар театрҳои мо асарҳое саҳнавӣ мешаванд, ки умри кутоҳ доранд?

Чунон ки дар боло ишора кардам, ба театрҳои мо намоишномаи ҷаззоб намерасад. Аммо, гуфта наметавонам, ки ҳамаи асарҳое, ки имрӯзҳо дар театрҳои мо ба саҳна гузошта мешаванд, умри кутоҳ доранд ва ё хуб нестанд. Бисёр спектаклҳое ҳастанд, ки солҳои сол намоиш дода мешаванд ва бинандаи худро низ доранд, вале замон замони нав аст, театр диди нав мехоҳад. Чизи дигарро мебояд таъкид кунам, ки ҳар намоишномае гузошта мешавад, бояд пурра зери назари саркоргардон ё роҳбари бадеӣ бошад.

Ба андешаибанда ҳангоми гузоштани намоишнома сухани асосӣ набояд аз директор, балки аз роҳбари эҷодӣ бояд бошад.Чунки тамоми ҷавобгарии намоишнома ба зимма ва масъулияти коргардон гузошта мешавад. Аммо, дар бисёр маврид аз ҷониби роҳбари муассиса ба роҳбари эҷодӣ фишор оварда мешавад, то асари интихоб кардаи ӯ рӯйи саҳна оварда шавад, лекин ба сатҳу сифати вай коре  надорад, ки дар ин маврид намоишнома на хости роҳбари эҷодӣ аст ва на ба дили бинанда мешинад. Дар баробари ин, бояд Шӯрои бадеии театрҳо аз ҳисоби мутахассисони варзида – олимони соҳа, мунаққидон созмон дода шавад.

-Масъалаи драматургияи имрӯзаи кишвар яке аз проблемаҳои доғи рӯз мебошад, ки рушду нумӯи театр ва ҳунарнамоии ҳунармандон ба он вобаста мебошад. Назари Шумо дар ин маврид?

Муваффақияти намоиш вобаста ба асаре мебошад, ки дарди ҷомеаро ифшо мекунад, асоси зиндагии инсонҳоро нишон медиҳад, дар пеши чашмашон камбудию норасоии худро мебинанд, ин вазифаи театр нишон додан аст, на шунавонидан. Мардуми мо мегӯяд: «Шунидан кай бувад монанди дидан». Алабатта, агар мо имрӯз ба ҷавонон чандон, ки лозим аст сухан гӯему насиҳат намоем, волотараш он аст, ки камбудии эшонро дар чашмашон нишон бидиҳем. Инро метавон ба воситаи театр намоиш дод. Ин албатта, аз кори эҷодӣ ва коргардонҳои намоишномаҳои театр вобастагӣ низ дорад, ки то кадом андоза ва ба кадом маҳорат метавонад чунин масъалаҳоро дар ҷаҳонбинӣ ва диди худ коркарду ба намоиш пешниҳод менамоянд.

Ҳамзамон, дар назди Вазорати фарҳанг Шӯрои бадеии драматургия амал мекунад, ки мақсадаш асарҳои беҳтаринро дар саҳнаҳои театрҳои ҷумҳурӣ тавсия кардан аст.

Пас, чаро имрӯз аксари намоишномаҳои театри мо дархӯри ҷомеаи нестанд?

Ҳастанд намоишномаҳое, ки хусусияти миллӣ- тарбиявӣ доранд ва аз рӯи талаби давру замон ва макон рӯи саҳна оварда шудаанд. Метавонам чандеро инҷо мисол ҳам биёрам. Вале ба қисме аз саволи шумо низ розӣ ҳастам. Шояд аз он сабаб бошад, ки драматургони сатҳи баланди касбӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мо ангуштшуморанд. Ҳамзамон аксар маврид муҳокима ва танқиди намоишномаҳо қариб, ки нест, дар матбуот, радио ва телевизион аз байн рафтааст.

Барои намоишҳои хубу диданӣ ба саҳна гузоштан, пеш аз ҳама ҳамкории драматург бо театр хеле муҳим аст. Чаро драматург бо театр бояд ҳамкорӣ кунад? Чунки тарзи эҷод намудани асарҳои саҳнавӣ аз эҷоди  дигар асарҳои бадеӣ ба кулли фарқ мекунад. Ба гуфтаи устод Турахон  Аҳмадхонов: «Дар драматургияи мо ин «қонун»  қариб ба назар гирифта намешавад. Мо дар асарҳоямон якеро сад менависем на садро як». Мо, мегӯяд Турахон Аҳмадхонов дар идомаи андешаҳояш: «Аз драматургҳои одӣ то роҳбарони расмӣ аксар ба асарҳое эрод мегирем, ки камбудиҳои ҷомеа ва замонро ифшо месозанд ва барои рӯйи саҳна омадани асарҳои номукаммал мусоидат мекунем».

Пас, роҳи ҳал ба андешаи Шумо кадом аст?

Тамоми асарҳои соҳаи санъати касбӣ хоҳ драма бошад, хоҳ мусиқӣ бояд аз тарафи мутахассисони сатҳи баланди касбӣ ба таври «Хирад, шараф ва виҷдон» баҳогузорӣ карда шаванд. Баҳогузории воқеии онҳо сифати намоишномаро ҳам хуб мекунад ва ҳам драманависонро сермаҳсулу  сермасъулият. Дар баробари ин, онҳо бояд пайваста ҳавасманд гардонида шаванд.

Мақсад аз ин дар чист?

Мақсад рӯшан аст. Яъне рӯйи саҳна овардани асарҳое, ки ҷавобгӯи давру замон, қонеъкунандаи талаботи ҷомеаи имрӯза бошад.

Асосан мо бояд андешаи онро кунем, ки драматургияи имрӯза талаботи ҷомеаро қонеъ карда метавонад ё не? Драматургияи тоҷик дар солҳои хеле мушкили даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо ғамхорию дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар навъҳои асарҳои адабӣ инкишоф ёфт. Дар ин давра аз Ҷониби драмнависон Султон Сафаров, Нур Табаров, Меҳмон Бахтӣ, Ато Ҳамдам, Тоҳир Мамадризоев, Ҷумъа Қудус, Сафармуҳаммад Айюбӣ , Турахон Аҳмадхонов, Шоди Солеҳов, Нурулло Абдуллоев, Иброҳим Усмонов ва чанде дигар бисёр офарида  шудаанд. Аммо аксари  онҳо рӯи саҳна наомаданд. Сабаби инро коргардонҳо ва роҳбарони театрҳо дар набудани маблағ мебинанд, аммо аҷибаш он аст, ки барои аксари чунин намоишномаҳои пучу бемаънӣ маблағ ёфт мешавад. Ва онҳо баъди якчанд намоиш ба архиви театр ворид мегарданд.

Барои муаррифии театр ва драматургияи тоҷик мо бояд имрӯз  драмаҳои миллиро ба хориҷ барорем, то собит созем, ки мо драмаи миллӣ дорем.

Аҷоибии кор дар он аст ки агар ягон ҷашн пешбинӣ гардад ҳама драматург мешаванд, мавзӯъро дуруст сарфаҳм рафтаю норафта асар менависанд.

 -Имрӯз як савол моро ба ташвиш овардааст.Чаро тамошобин ба театр кам меояд? Айби драманавис аст, театр, ё ин ки тамошобин?

Ман ҳеч гоҳ тамошобинро  гунаҳкор  намешуморам. Ӯ вақт ва пул сарф карда, ба театр меояд ва рӯҳияи худро болида мегардонад. Чунки саҳнаи театр баробари тарбиякунанда буданаш, инчунин, омӯзанда  низ  аст.  Аммо театрҳои мо на ҳамеша хоҳиши бинандаро қонеъ мегардонанд. Ана ин аст сабаби аслии ба театр кам омадани тамошобин.

Чи бояд кард, ки театрҳои мо низ фаъол бошанд?

Сад шукр, ки дар даврони Истиқлолият театри тоҷик дигаргуниҳои ҷиддиро аз сар гузаронид, ки амалан ба ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти он аз ташкили раванди эҷодӣ то ба принсипҳои идоракунӣ ва иқтисодиёт тааллуқ дорад. Бо вуҷуди мураккабии вазъият ва зарурати мувофиқшавӣ бо шарту шароити нав театри тоҷик тавонист фаъолияти худро дар ин муддат рушд диҳад, ҳатто агар ба сатҳи нишондиҳандаҳои асосии солҳои 80-и асри гузашта нарасида бошад ҳам.

Як чизро мехоҳам ин ҷо ёдовар шавам, ки агар бо пешниҳоду дархости ҷомеаи театрии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати аз пардохти доимии андоз аз даромадҳои дохилӣ театрҳои касбии ҷумҳуриро озод мекард ва он маблағҳо барои тараққиёти соҳа, баланд бардоштани маоши кормандон равона карда шавад, ин ба пешрафти кори соҳа таконе хоҳад бахшид.

-Ба фикри Шумо барои пешрафти кори муассисаҳои театрӣ ва драматургияи точик боз чӣ кор бояд кард?

Ба фикри ман пеш аз ҳама бояд маоши ҳунармандони театрҳои касбӣ баланд бардошта шавад. Баъдан, базаи моддӣ – техникии онҳо ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошад. Соле 2 ва ё 3 намоишномаи театрӣ аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ карда шавад. Барои пешрафти санъати театрӣ ва рушди драматургияи тоҷик солҳои 2022 ва 2023 -Солҳои рушди театр ва драматургияи тоҷик эълон гардад.

-Гулмурод Малиевич! Шумо дар бораи санъати театрӣ хеле хуб мулоҳиза рондед, аммо саволи навбатии ман нисбати ҳунармандони санъати мусиқист. Оё имрӯз сатҳи ҳунармандони мо дар кадом поя қарор дорад?

Аввалан ин ки на ҳар шахс ҳунарманд шуда метавонад ва ба номи пурифтихори ҳунарманд сазовор мегардад. Агар сароянда, мутриб, раққоса (раққос) як чанд суруд, оҳанг ё рақс омода карда бошаду ба рушди эҷодиёти минбаъдааш худ кушиш ба харҷ  надиҳад, ӯро набояд ҳунарманд шуморид. Ҳунарманд он шахсе шуда метавонад, ки ҳаёти худро пурра ба санъат бибахшад ва тамоми умр ба эҷоди асарҳои нав саъй намояд. Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назриев, Одина Ҳошимов, Зафар Нозимов,Ҷӯрабек Муродов, Нуқра Раҳматова, Иброҳим Кобулиев, Нигина Рауфова, Ҷӯрабек Назриев , Сурайё Қосимова,  Дӯстмурод Алиев ва Кароматулло Курбонов ба қатори ҳунармандоне дохил мешаванд, ки соҳибмактаб буданд ва дар ин равия шогирдони бисёреро тарбия карданд, ки имрӯз ситораҳои санъати тоҷиканд. Давлатманд Холов, Саидқул Билолов, Афзалшо Шодиев, Файзалӣ Ҳасанов, Парда Қосимов, Хосияти Зарафшонӣ, Қурбоналӣ Раҳмонов, Нигина Амонқулова, Озодамо Муҳтарамова, Ҳаётой Муминова, Маҳмадрофеи Кароматулло, Раҳматулло Ҳошимов ва бисёр дигаронро номбар  кардан мумкин, ки онҳо давомдиҳандаи кори устодони худанд.

-Устод! Чӣ тавре ки дар боло қайд намудед, 40 соли ҳаётатонро дар рушди соҳаи фарҳангу ҳунар гузаронидаед. Гуфта метавонед, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне дар даврони истиқлолият чӣ дигаргуниҳо дар ин самт амалӣ шудаанд?

Оиди соҳаи фарҳанг дар даврони истиқлолият ҳаминро гуфтаниам, ки аз камбудиҳо дида муваффақиятҳо зиёдтар буданд. Мустақил будан, миллӣ гардонии ҳунар бештар эҳсос шуд. Ин имкон дод, ки фестивалу озмунҳои  ҷумҳуриявию байналмилалӣ гузаронида шаванд, ҳунармандони тоҷик имконият ёфтанд, ки ба зиёда аз 50 давлати дунё сафарҳои ҳунарӣ анҷом диҳанд. Инчунин, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ ва кишварҳои дигар дар ҷумҳурии мо ба ҳукми анъана даромад. Дар ин давра, чи қадар муассисаҳои театрию консертӣ, клубу китобхонаҳо, осорхонаҳо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд гардид ва бисёре аз онҳо таъмиру таҷдид шуданд. Ҳамчунин, дар ин давра, бахусус  солҳои 2004-2006  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор барномаҳои рушди муассисаҳои фарҳангиро қабул намуд, ки дар пешрафти фарҳанги кишвар таконе дод.

Бояд гуфт, ки соли 1997 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” қабул гардидааст, ки он ба талаботи ин давра ҷавобгӯй нест. Аз ин хотир, Вазорат каме нақши роҳбарикунандагии худро аз даст додааст ва дар бисёр мавридҳо хамчун иҷрочӣ ба назар мерасад. Хуб мешуд агар Вазорати фарҳанг бобати аз нав ба даврони муосир мутобиқ намудани қонуни мазкур иқдоме бигирад.

Оё имрӯз Вазорати фарҳанг мақомоти роҳбарикунанда нест?

Манзури ман ин аст, ки Вазорати фарҳанг на ҳамчун тавсиядиҳанда барои фаъолияти муассисаҳои соҳа бошад, балки роҳбарикунандаи кулли соҳаи фарҳанг бошад. Вазорати фарҳанг ин мақомоти олии пешбарандаи сиёсати давлат дар ин соҳа ба ҳисоб меравад. Модом, ки чунин бошад, чаро нақши роҳбарикунанда надошта бошад? Масалан, дар бисёр ҳолатҳо роҳбарони муассисаҳои фарҳангу ҳунарро бе мувофиқаи Вазорати фарҳанг дар вилояту шаҳру ноҳияҳо аз кор озод ва ба кор таъин мекунанд. Ҳол он ки роҳбарони муассисаҳои театру консертӣ, раёсатҳо, бахшҳои фарҳанг, таъсис, барҳамдиҳӣ бо пешниҳоди Мақомотҳои иҷроия аз тарафи Вазорати фарҳанг бояд амалӣ гарданд. Сар аз роҳбарии ягона то маблағгузории мутамарказонидашуда. Дар ин сурат, Вазорати фарҳанг метавонад ҳам назоратро пурзӯр намояд ва бисёр муассисаҳои вайронаро обод созад. Шумо як бор рафта аз ҳоли клубу китобхонаҳои деҳот, қасрҳои фарҳанги музофотҳо хабар гиред, хеле мутассир мегардед. Фаромӯш набояд кард, ки махсусиятҳои миллию фарҳангӣ хароб бошад, забон хароб мегардад ва табиист, ки забон хароб шуд, миллат хароб мешавад.

Барои ҳамин ҷиҳати обод кардани муассисаҳои фарҳанг на танҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ истифода мешуд, балки аз ҳисоби соҳибкорони бо нангу номуси кишвар ин муассисаҳо обод мегашт, кори хайре барои ояндаи ҷавонони деҳот мегардид.

-Тавре ки Шумо медонед солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Ин чӣ медиҳад?

Ҳар як ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади гулгулшукуфоии ватани азизамон мебошад. Баъди эълони ин ташаббус, бинед чи қадар деҳаҳо симои худро тағйир доданд. Дар деҳот кушода шудани сехҳои дӯзандагӣ, марказҳои савдо, кошонаҳои ҳусн, ҳаммом, сартарошхонаҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва дигар иншоотҳои зарурӣ нишоне аз пешравии ҷомеа мебошад.

Баъди қабули қарор дар ин бора сатҳу сифати кори ҳунармандон, рағбат нисбат ба касби падару бобоёнашон зиёд гардид ва бисёр ҳунарҳои мардумӣ, ки аз байн рафта буданд, дубора эҳё гардиданд. Барои боз ҳам ривоҷу равнақ додан, муаррифии доимии онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аз Вазорати фарҳанг хоҳиш мекардам, ки бобати аз нав дар сохтори вазорат таъсис додани “Хонаи эҷодиёти халқ”, ки аввали солҳои 90-и асри гузашта барҳам дода шуда буд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод омода созад. Ғайр аз ҷумҳурии мо ин сохтор дар дигар кишварҳои узви ИДМ фаъолияти босамар доранд.

-Гулмурод Малиевич як саволи ғайрисоҳавӣ. Шумо, ки солҳои тӯлонӣ роҳбарии муассисаҳои фарҳангу ҳунарро ба уҳда доштед ва маълум аст, ки вобаста ба кор, ба соҳаи таъбу нашр низ сару кор гирифтаед. Соҳаи табъу нашр ва матбуот як ҷузъи фарҳанг аст. Роҷеъ ба вазъи кунунии соҳа ва дурнамои он чӣ гуфта метавонед?

Воқеан ҳам, табъу нашр ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг буда, дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин нақши бориз дорад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо муҳайё шудани заминаи фаъолият барои бахши хусусӣ дар умури ноширӣ соҳаи табъу нашр рӯ ба рушд ниҳод. Чопхонаҳо, муассисаҳои нашриявӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳои зиёд таъсис ёфтанд. Мусаллам аст, ки ҳама натиҷагирӣ бо қиёс муяссар мешавад, ҳоло номгӯйи онҳо аз 400 ҳам гузаштааст. Шумораи зиёди ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди нашриётӣ рӯйи кор омад. Ду чопхонаи бузурги муҷаҳҳаз бо навтарин таҷҳизоти чопӣ чун ҶДММ “Ганҷ-нашриёт” ва “ЭР-Граф” бунёд ёфт, ки агар аввалӣ имконият фароҳам овард, ки ҳуҷҷатҳои дорои аломати муҳофизавӣ ба нашр расанд, дуюмӣ бо сифати баланди чоп шуҳрат ёфт ва маҳсулоти он дар намоишҳои сатҳи байналмилалии китоб бо “Шоҳҷоизаҳо” қадрдонӣ гашт. Энсиклопедияҳою донишномаҳо, ки дар 50-100 сол як бор таҳия мешаванд, маҳз дар ҳамин чопхона рӯйи чоп меоянд. Инҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ намуна аз дастовардҳоеанд, ки месазад ёдовар шуд.

Ин хуб аст, аммо камбудӣ ҳам дар соҳа кам нест. Имрӯз бар асари ҷой доштани савдои озод дар бозори китоби тоҷик бенизомӣ ҳукмфармост. Хуб аст, ки ду соли охир дар кори чоп назорат хеле қавӣ гардид, вагарна бозор аз китоби пастмазмун пур мешуд. Ба ҳар сурат, омори дақиқ вуҷуд надорад, ки чӣ қадар китоб ба нашр мерасад ва дар бозор кадом китобҳо дар гардишанд. Ҳисоби омори матбуотро Хонаи китоб (собиқ Палатаи китобҳо) аз рӯйи воридоти нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ ба роҳ мемонад ва мо хуб медонем, ки садҳо нусхаи ҳатмии осори нашрӣ ба ин ниҳод ворид намешавад. Бо чунин вазъ чӣ гуна метавон дақиқ гуфт, ки дар кишвар чӣ қадар китобҳо ва ё рӯзномаву маҷаллаву дигар маҳсулоти чопӣ нашр шудааст?

Кори савдои китоб ҳам таҷдиди ҷиддӣ мехоҳад. Корхонаи савдои китоб чун бо усули худмаблағгузорӣ фаъолият мекунад (хуб медонем, ки савдои китоб ҳатто дар замони шӯравӣ ҳам, агарчи аз ҳисоби бӯҷа маблағгузорӣ мешуд, соҳаи фоидаовар набуд ва аз ҳисоби даромад аз фурӯши молҳои аксиздор дастгирӣ мешуд), наметавонад вазифаи бардӯшдоштаашро таври лозим ба роҳ монад. Аз ин ҷост, ки ҳама китобфурӯш гаштаанд. Вақти он фаро расида, ки Корхонаи давлатии таъминот ва савдои китобро ҳам аз ҷиҳати сохтор ва ҳам аз рӯйи самтҳои фаъолият навсозӣ намуд. Аввал усули фаъолияти онро аз худмаблағгузорӣ ба бӯҷавӣ тағйир бояд дод, дуюм зимоми фурӯши китобро танҳо дар ихтиёри он бояд гузошт, кулли ҳукуматҳои маҳал (бо ҷалби соҳибкорони хайрпеша) муваззаф шаванд, ки дар марказҳои маъмурии шаҳру навоҳӣ дӯконҳои китобфурӯшӣ таъсис диҳанд ва ҳамкории судманди миёни онҳо ва Корхонаи савдои китоб ба роҳ монда шавад, заминаи моддиву техникии корхонаро бояд қавӣ намуд.

Масъалаи дигари ташвишовар он аст, ки дар нархгузории маҳсулоти чопӣ ва фурӯши он низ, низоми мушаххас дида намешавад. Мефаҳмам, савдо озод аст, аммо ин маънои онро надорад, ки сатҳи иҷтимоии мардум ба эътибор гирифта нашавад.

Соҳаи матбуот ва табъу нашр як шохаи бисёр бузург аст ва ҳамин буд, ки дар замони шӯравӣ онро як кумита ва баъдан як вазорат идора мекард. Ҳоло он дар Вазорати фарҳанг ба як раёсат табдил дода шудаву кораш ҳеҷ маълум нест. Вақти он фаро расида, ки Раёсати матбуот ва табъу нашри Вазорати фарҳанги кишвар ба сохтори алоҳида табдил дода шавад. Бигузор, Хадамоти матбуот, табъу нашр ва савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.

Ташаккур барои суҳбат!

Ба Шумо низ сипос!

Суҳбаторо Аскар Абдусамадов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь