Сӯҳбати журналист М. Қосимов бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо Роҳбари зеркомиссияи сиёсии КОМ аз ҷониби ҳукумат, иштирокдори қариб ҳамаи давраи музокирот ба ҳайси раис ва муовини раиси ҳайат профессор Иброҳим Усмонов.

25 сол муқаддам

25 сол пеш дар ҳамин шабу рӯз омодагӣ барои имзо кардани созишномаи сулҳ ва оштии миллӣ дар Тоҷикистон шурӯъ гардида буд. Зеро дар моҳи май ду протоколи охирини музокироти сулҳи тоҷикон: Протоколи масъалаҳои сиёсӣ ва Протоколи кафили сулҳҳои Тоҷикистон ба имзо расиданд. Яъне, ҳар ҳуҷҷате, ки барои ҷамъбасти гуфтушунид зарур буд, омода гардид ва 27-уми июн Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар шаҳри Масква бо иштироки намояндагони СММ, намояндагони ҳамаи мамлакатҳои кафили сулҳ, яъне вазирони корҳои хориҷии ин мамлакатҳо, роҳбарияти Русия бо сардории Борис Елтсин, намояндагони ҳарду ҷониби музокиракунанда ва иддае аз қумондонҳо ба имзо расид ва аз ҳамон рӯз иборатан Тоҷикистон соҳиби сулҳу оштӣ гардид.

Гуногунандешӣ ҳамчун заминаи асосии Ваҳдати миллӣ

Ба давраи расидан ба оштии миллӣ  мо ба номи “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” нигоҳ мекунем. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 19-уми ноябри соли 1997 дар Анҷумани нависандагони Тоҷикистон гуфта буд, ки барои мо ва барои ваҳдати мо гуногунандешӣ ва демократия даркор аст, ки ваҳдати миллиро барқарор кунад. Яъне заминаи асосии ба вуҷуд омадани Ваҳдати миллӣ ин ба вуҷуд овардани демократия ва гуногунандешӣ буд. Худи сулҳ ба даст омад ва акнун бояд роҳи Ваҳдат пеш гирифта мешуд. Агар диққат карда бошед, махсусан дар даҳсолаи аввали асри XXI дар Тоҷикистон ВАО ва муҳити ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳадди ниҳоят баланди гуногунандешӣ ва демократияро ифода мекарданд.

Ҷараёни гуфтушунид ва омилҳои замони мубориза

Гуфтушунидро танҳо аз сӯҳбати ду ҷониб, аз муносибати Ҳукумат бо мухолифин дарк кардан душвор аст. Чунки гуфтушунид ё раванди сулҳи тоҷикон соҳаҳои гуногунро дар бар мегирифт ва ба ин омилҳои гуногун таъсир мерасониданд. Омилҳои таъсиррасонанда ба гуфтушниди сулҳи тоҷикон, аз ҷумла, ақидаи гуногун доштани ҷомеаи Тоҷикистон, яъне гурӯҳи одамоне буданд, ки мехостанд бо сохти замони комунистӣ зиндагиро идома диҳанд. Гурӯҳи дигаре буданд, ки мехостанд дар Тоҷикистон ҷомеаи исломӣ ба вуҷуд биоваранд. Гурӯҳе низ буданд, ки ба ҳардуи ин ақида ҳам зид буда ва тамоман ақидаи дигарро ба вуҷуд овардан мехостанд. Ин ҳама яке аз омилҳои замони мубориза буд.

Қувваҳо ва дастаҳои мусаллаҳ

Дар он замон қувваҳо ба қувваҳои мусаллаҳ ва қувваҳои ғайримусаллаҳи мухолифи ҳамдигар тақсим шуда ва худи қувваҳои мусаллаҳ ҳам ба чанд гурӯҳи дигар ҷудо шуда буданд. Ҳукумат артиш надошт, вале дастаҳои мусаллаҳи зиёде дар Тоҷикистон буданд. Гурӯҳеашон ба мухолифин тааллуқ доштанд, гурӯҳи дигарашон гӯё тарафдори худи Тоҷикистон буданд, вале бо мақсади ҳимоя кардани маҳалли зисти худ ташкил шуда буданд. Ин гуна дастаҳо, масалан дар Бадахшон, водии Ҳисор, Шаҳритус ва ғайра вуҷуд доштанд. Ба ғайр аз ин, ҳатто қувваҳои сиёсӣ дастаҳои мусаллаҳе ба вуҷуд оварда буданд. Масалан, Ҳизби демократ бо номи “Ситоди наҷоти Ватан” дастаи мусаллаҳ ташкил карда буд. Дар солҳои 1992-1995 давлати Тоҷикистон артиш надошт, вале одами бесилоҳ кам монда буд. Яъне қариб ҳама силоҳ доштанд.

Созандагони сулҳ

Дар бораи вазъияти мубориза барои сулҳ ва мубориза барои осудагии Тоҷикистон сухан ронда, ҳамин ҳолатро дар назар доштан даркор аст, ки аз чунин вазъияти бисёр ногувори ҷанг Тоҷикистонро баровардан зарур буд. Нақши фавқулодаи Президенти Тоҷикистон дар он аст, ки гурӯҳе сохт ё дастае сохта тавонист, ки Тоҷикистонро аз ҳамин ҳолат барорад. Ман вақте команда мегӯям он офитсеронро ҳам дар назар дорам, ки Президент онҳоро тарбия кард ва дар ин соҳа истифода бурд. Ман он коркунони ҳукуматиеро дар назар дорам, ки Президент онҳоро интихоб кард, бовар кард ва онҳо барои сулҳ овардан ба Тоҷикистон кӯмак намуданд. Ман он гурӯҳи зиёиёнро дар назар дорам, ки Президент интихоб кард ва барои аз ҳамин бӯҳрон баровардан онҳо заҳмати зиёд кашиданд. Он гурӯҳи ҳамшаҳриҳоро дар назар дорам, ки Президент онҳоро барои гуфтушунид пешниҳод намуд ва онҳо ин гуфтушунидро пеш бурданд. Ман ҳатто он гурӯҳи мухолифинро дар назар дорам, ки пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро қабул карда, ба гуфтушунид омаданд. Яъне ба гуфтушунид шарик шуданд. Ин ҳам командаи созанда буд. Ман ҳамчунин, он кишварҳоеро дар назар дорам, ки бо кӯшиши давлат ва роҳбарияти давлати мо ба Тоҷикистон бо чашми нек менигаристагӣ шуданд. Агарчӣ дар аввали солҳои 1993 Ҳукумати мо борҳо изҳор карда бошад, ки Афғонистон ба корҳои дохилии мо шарик нашавад, аллакай аз моҳи августи ҳамон сол афғонистониҳо ба Ҳукумати мо дар масъалаи ором кардани сарҳад кам – кам кӯмак мекарданд. Дар паҳлӯи ҳамаи ин ман ВАО-ро дар назар дорам, ки дар солҳои бӯҳронӣ барои ба вуҷуд овардани сулҳ дар Тоҷикистон мубориза бурданд.

Ҳамақида ва асли гурӯҳ Президент

Ба он гурӯҳе, ки Президентро дастгирӣ мекарданд, нафароне дохил шуданд, ки онҳо ақидаи умумии ба ҳам наздик доштанд. Ақидаи наздики онҳо пеш аз ҳама ин буд, ки Тоҷикистон бояд ба сифати давлати демократию ҳуқуқбунёд боқӣ монад. Он роҳи пуршараферо, ки халқи тоҷик дар паҳлӯи халқҳои дигар аз солҳои бистуми асри XX тай кард, яъне аз зулму истибдоди подшоҳӣ халос шуда, ба як ҷомеаи нав расид ва дар ин ҷомеа ҳамаи халқ озод ва ҳамаи халқ имконияти меҳнат кардану хондан пайдо кард, ҳамин роҳро вобаста ба шароити нав, вобаста ба истиқлолияти Тоҷикистон давом додан даркор буд. Ин мардум мардуми маҳалҳои гуногуни Тоҷикистон буданд. Яъне аз ҳама ҷойи Тоҷикистон буданд. Ин мардум мардуми халқиятҳои гуногун буданд. Ҳама мегуфт, ки мо Тоҷикистони ягона, яъне Тоҷикистони ҳамаро дар шароити нав ба таври нав пеш мебарем ва қафогардӣ бояд дар системаи ҷомеаи мо набошад. Талошҳои мухолифинро барои сохтани ҷомеаи исломӣ оқибгароӣ ҳисоб мекарданд. Ҳамақидаҳо онҳое буданд, ки ба таври имрӯза зиндагӣ кардан мехостанд. Ба таври имрӯза, яъне озод ва касе аз касе вобаста нест, гурӯҳе аз гурӯҳе вобаста набуда ва ҳама чиз тибқи қонун бояд сурат бигирад. Ҳама инро мехостанд ва ин андешаи хуби озодфикрона буд, зеро аз қонун болотар ҳеч чиз нест ва ҳеч кас дар назди каси дигар дастнигар ва хор нест.

 Матбуот ва раванди сулҳ

Бояд гуфт, ки гурӯҳи асосии журналистоне, ки нағз навишта метавонистанд, яъне фикр доштанд дар Тоҷикистон намонданд. Яъне онҳо дар нимаи аввали солҳои навадум аз Тоҷикистон рафтанд ва иддае аз онҳо умуман хомӯш монданд. Як иддаи онҳо ба воситаи ВАО-и хориҷӣ ва байналхалқӣ, як қисми дигарашон ба воситаи воситаҳои ахбор ташкилкардаи мухолифин ба муқобили ҳукумат таблиғ менамуданд. Махсусан, масалан як гурӯҳ журналистони мо аз “Радиои озодӣ”, як гурӯҳи журналистон аз “Би-би-си”, як гурӯҳ аз “Радиои Хуросон” ва як гурӯҳ журналистоне аз матбуоти Москва, ҳатто аз “Независимая газета” ва гаҳе ҳам аз телевизиони Русия истифода бурда, ба муқобили ҳукумат таблиғ мекарданд. Он журналистоне, ки дар ҳизбҳои зиддиҳукумат кор мекарданд, рӯзнома доштанд ва ҳатто радио доштаву ақидаи худро бо варақаҳо низ паҳн мекарданд. Онҳо дар бораи шахсиятҳои мухолифин ва дар бораи ҳадафҳои мухолифин ва амсоли инҳо маълумот нашр менамуданд. Маҳз ҳамин гурӯҳро ба назар гирифта, иддае аз ҳамватанони азизи мо гуфтанд, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ВАО гунаҳкор аст, яъне онҳо ҳамин гурӯҳи журналистонро дар назар доштанд.

Ҳамчунин, дар ин давра гурӯҳе аз журналистон дар Тоҷикистон монданд, онҳо барои таблиғи идеяи ҳукумат кӯшиш мекарданд, вале бо душвории зиёд ин амалҳоро анҷом медоданд. Дар он вақт ба воситаи телевизион, қариб ҳеч кас ҳукуматро дастгирӣ кардан намехост. Барои чӣ? Барои он, ки маълум набуд, ин ҳукумат пойдор мемонад ва ё не. Мардум аз ҷони худ, аз ҷони фарзандони худ ва аз ҷони хонаводаи худ метарсиданд, ки агар имрӯз мо ин ҳукуматро дастгирӣ кунем ва фардо дигарҳо ба қудрат расанд, аҳволи мо чӣ мешуда бошад. На фақат мардуми оддии берун ҳатто кормандони телевизион низ барои ба эфир баромадан тарс доштанд. Аксар вақт кормандони расмии телевизионҳо худ барномаро пеш мебурданд. Вақте ки дар бораи таҳлилҳои сиёсӣ сухан мерафт, ман низ худ дар телевизион баромад мекардам.

Душворӣ дар матбуот дар он буд, ки қоғаз бисёр камчин буд. Имконияти ба воситаи матбуот таблиғ кардани ҳукумат ниҳоят маҳдуд гардида буд. Бинобар ин, асосан аз телевизион ва радио истифода мекарданд. Дар он солҳо дар радио барномаи “Хоки Ватан” ташкил карда шуд. Вақте ин барномаро ташкил кардам, ба он норозҳо зиёд шуданд. Онҳо мегуфтанд, ки аз аксари кишварҳои дунё муҳоҷир мешаванд, вале ҳеч як кишваре онҳоро баргашта биёед намегӯяд. Бинобар ин, ман аз Сардори давлат хоҳиш кардам, ки ба воситаи радио сухан гӯянд, то ки мухолифони барномаи “Хоки Ватан” хомӯш шаванду ба кори мо халал нарасонанд.

Масалан, дар баромади Э. Раҳмонов дар радио аз ҷумла дар муроҷиат ба гурезаҳои Тоҷикистон дар хоки Афғонистон чунин ҷумла буд: “Шумо ба Ватани худ бозгардед. Ба хонаву ҷойи худ соҳиб шавед. Хонаву ҷойи шумо агар ба худи шумо насиб накунад, ба каси дигар насиб намекунад. Ман ба шумо кӯҳи тило ваъда намекунам, вале ҳарчи ки дорем бо ҳам мебинем”. Ин гуфтаҳо албатта, ба ҳар инсон таъсир мекард.

Вазъи сиёсӣ ва дӯсту душман

Кӯшиши халалдор кардани сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷониби қувваҳои гуногун ба амал меомад ва ин қувваҳо баъзеаш худро ҳамчун дӯст нишон медод ва баъзеи дигараш рӯирост душман буданашро ифода мекард. Ин қувваҳо ба пулу силоҳи хориҷиён такя мекарданд. Ҳодисаҳои имрӯзаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки хориҷиён ҳамеша ҳавасманди ҷанг ҳастанд. Албатта, ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон пеш аз ҳама ҷанги худи мо буд, яъне мо агар намехостем, ҳеч кас моро маҷбур намекард, вале як нуктаи муҳим он аст, ки вақте ки дар мамлакат мухолифат ба вуҷуд меояд, қувваҳои берунии бисёре пайдо мешавад, ки онро оташ медиҳад. Яъне ҳавасманданд, ки ҷанг қувват гирад. Дар Тоҷикистон ҳам айнин ҳамин гуна ҳолат ба вуҷуд омад. Яъне вақте дар Тоҷикистон муноқиша ба вуҷуд омад, яке ба ҳукумат, дигаре ба мухолифин кӯмак карданд ва дар натиҷа ба аланга гирифтану умумӣ шудани ҷанги Тоҷикистон сабаб шуданд. Бояд гуфт, ки Ҳукумат ба воситаи матбуот ба муқобили ин гуна амалҳо ҳам мубориза мебурд.

Боварии мардум

Чизи аз ҳама муҳим дар замони сулҳсозӣ ин бовар кунонидани мардум ба сулҳу оромӣ буд. Як нуктаро таъкид кардан мехоҳам, дар байни гурӯҳе, ки Президент сохт, як зумра шахсиятҳо дар ҷомеа нуфуз доштанд ва мардум ба сухани онҳо арҷ мегузошт. Инҳо ба назди мардум рафта, воқеиятро мефаҳмониданд. Ба сабаби кӯшиши умумии сулҳсозон, яъне қувваи солими идоракунанда ва таъсиррасонанда ба ҷомеа ба вуҷуд омад.

КОМ ва татбиқи протоколҳои қабулшуда

Аз соли 1994 то соли 1997 гурӯҳи музокироти сулҳи тоҷикон аз ҳарду тараф 10 нафарӣ ва аз моҳи июли соли 1997 то соли 2000-ум аз ҳарду тараф 13 нафарӣ Комиссияи оштии миллиро ташкил карданд. Имрӯз мо гапҳои умумӣ мегӯем ва баъзан нактаҳои асосиро фаромӯш мекунем. Гурӯҳи сулҳсозон аз баҳори соли 1994-ум то тобистони соли 1997-ум чанд дафъа бо ҳамдигар вохӯрда, протоколҳои муҳимми заруриро қабул кард. Аммо КОМ ҳамин протоколҳои қабулшударо дар амал татбиқ намуд. Гап сари он аст, ки дар он ҳолат кор кардан бисёр душвор буд. Азбаски ҷанг мерафт, як рӯз дасти тарафи ҳукумат боло буд ва як рӯзи дигар дасти тарафи мухолифин. Хулоса, илоҷи дар гуфтушунид нишастан бисёр кори душвор буд. Бинобар ин, дар хотимаи ҳар кадом гуфтушунид як ҳуҷҷати хотимавӣ қабул мешуд ва дар он ҳуҷҷат аз ҷумла гуфта мешуд, тарафҳои гуфтушунидкунанда ба хулосае омаданд, ки дар зарфи фарз кардем 6 моҳи дигар бо ҳамдигар ҷанг намекунанд, то дар ин муддат масъалаи татбиқи ҳуҷҷатҳои қабулшуда ҳал шавад. Яъне барои ҷамъ омадани маҷлиси гуфтушуниди сулҳи тоҷикон ҳолати оромӣ шарт буд. Агар баъди шаш моҳ гуфтушуниди давраи баъдӣ нашавад, боз ҷанг сар мешуд ва агар дар ҳамин муддати таътил боз тарафе ҷанг кунад СММ барои хомӯш кардани оташи ҷанг аз тарафҳо талаб мекард, то аҳдномаро нақз накунанд. Бо душвориҳои зиёд ҳуҷҷатҳои сулҳсозӣ қабул шуданд ва ин ҳуҷҷатҳо дар созишномаи умумӣ тасдиқ шуда ва дар натиҷа татбиқи он сар шуд.

Нақши фаъол

Дар баргузории музокироти байн тоҷикон СММ, САҲА, Созмони конфронси исломӣ, кишварҳои дӯст ва ҳамсоя – Федератсияи Русия, Давлати исломии Афғонистон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Покистон, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон нақши фаъол ва арзанда бозиданд.

Санги асос

Маҳз дар Маскав моҳи апрели соли 1994 ба музокироти тоҷикон асос гузошта шуд. Тавре маълум аст, он вақт аввалин маротиба роҳу самтҳои асосии ҳалли масъалаҳои тоҷикон муайян шуда буданд.

Як нуктаро инҷо ба хотир овардан мехоҳам. 19-уми декабри соли 1996 бояд дар Москва ҳуҷҷати дар Хустдеҳ тасвибшуда ба имзо мерасид. Аммо дар ҳайати мухолифин ихтилофе пайдо шуд, онҳо дар вақти муқарраршуда не, ду рӯз дер омаданд ва бо пешниҳоди тағйир додани баъзе нукоти ҳуҷҷат. Ин пешниҳод на танҳо барои тарафи ҳукумат, балки барои намояндагони СММ ва кишварҳои нозир ҳам маъқул набуд. Аммо мухолифин якравӣ ва истодагарӣ мекарданд. Президент бо мақсади ба анҷом расонидани кори муҳимми оғозёфта, боз гузашт карда, ба ислоҳи нави ҳуҷҷат розӣ шуданд. Гурӯҳҳои корӣ, намояндагони СММ ва ҳатто Вазири корҳои хориҷии Русия Е. Примаков ва муовинаш Б. Пастухов дар ин кор саҳм гирифтанд. Ин ҳуҷҷат 23-уми декабри соли 1996 ба имзо расид. Дар расми имзои он Сарвазири Русия В.С. Черномирдин, Вазири корҳои хориҷии Русия Е. Примаков дар “Президентҳотел” иштирок доштанд ва Борис Елтсини бемор ба ҳамон ҷо телефон карда, Эмомалӣ Раҳмонро табрик намуд.

Рамзи Ваҳдат ва нақши он барои сулҳи абадӣ

Ман мехоҳам, ки дар Тоҷикистон барои он ки  иди Ваҳдатро ҳамаи наслҳо амиқ дарк карда тавонанд, рамзе (муҷассамае ё лавҳае) аз он бояд ба вуҷуд оварда шавад, ки моҳияти вай сулҳро ифода кунад. Моҳияти он инро нишон диҳад, ки наслҳои оянда бояд роҳи сулҳро пеш гиранд. Моҳияти он бояд нишон диҳад, ки ҷанг сабаби талафоти  одамони бисёре дар Тоҷикистон шуд. Моҳияти вай бояд нишон диҳад, одамоне, ки дар ҷанг кушта шуданд, ҳеч гоҳ аз хотирҳо зудуда нахоҳанд шуд. Мо ягон маконро интихоб карда, рамзе бояд бунёд кунем, ки зарари Ҷанги шаҳрвандии моро ба тоҷикистониён, бадбахтии ба сари тоҷикон овардаро ва шарафи халқи тоҷикро, ки ваҳдатро ба вуҷуд овард ва сулҳро сохт ифода карда тавонад. Дар ҳама ҷои дунё нишонае аз ҷангҳо, муноқишаҳо ва кашмакашҳо ҳаст. Бинобар ин, дар Тоҷикистон ҳам будани ин ёдгорӣ ба манфиати мустаҳкамтар шудани сулҳу ваҳдат буда метавонад. Мо бояд ин арзишҳоро дар Рӯзи Ваҳдат ёд кунем ва албатта, иди ваҳдатро ба мардум табрик мегӯем. Ин иди тамоми халқи Тоҷикистон ё халқҳои Тоҷикистон аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь