Мо инсонҳо ба ҳар ҳолу маҳоле мекӯшем дунёи худро тавъам бо дунё намоем ва ин албатта, корест на осону на мушкил, агар инсон хоҳад ба ончи дилаш амр мекунад гӯшфаро диҳад ва амри дилро дар амал пиёда намояд. Инсон ҳамон дам метавонад аз инсон будани худ шак нанамояд, ки аз пайи тармими иштибоҳоти гузаштагон талош варзад ва ҳамзамон ғами инсониятро ғами худ бидонаду барои дармонаш позаҳр биҷӯяд. Чунончи, қаҳрамони мо мефармояд: “Инсон дар куҷо ва дар кадом вазъу вазифае бошад, бояд барои диёру миллаташ хидмат намояд”. Ва боз гуфтааст: “Беҳтарин лаҳза барои банда лаҳзаест, ки пайи имдоди мардуму беҳбудии шахси ҷудогонае нафас кашидаам!”.

Лаҳзае сабр, ин нуктаҳое, ки овардем, шахси гӯяндааш барои худ ҳамчун шиор қабул накардааст, балки пеш аз гуфтораш амал кардаасту пасон, аз амалкардҳои хеш натиҷа гирифта, он суханонро гуфтааст, ки барои ҳар инсони худогоҳу худшинос қаҳрамони мо чун инсони поктинату донишвар ва идеал пазируфта шуда- ин шахсият Бӯрӣ Карим аст. Бӯрӣ Карим шахсиятест, ки ба муаррифӣ кардан ниёз надорад ва ба қавли Мавлоно: Офтоб омад, далели офтоб!

Мо бо ин шахсияти маъруфу хайрандешу хайрпеша суҳбат оростем ва фишурдаи онро барои шумо хонандагони азиз пешкаш менамоем ва танҳо ҳаминро мегӯем, ки мушк он аст, ки худ бӯй диҳад.

-Як тоҷик, як фарзанди кӯҳистонӣ тавонист, ки равад дар миёни кишвари бузургу сермиллат. Русҳо худро хеле бузург метарошанду дигар халқу миллатҳоро дар ҳамон ҷойгоҳе, ки худашонро мегузоранд, миллатҳои дигарро намегузоранд. Ин кӯҳистонӣ сазовори чандин унвону ҷоизаҳо, ҳамчунин соҳиби эҳтироми хоса гардид, ки ин ҳам бо талошу заҳматҳои пайвастаи худи ӯст. Бале, ӯ мавриди таваҷҷӯҳи аҳли зиёю сиёсатмадорони рус қарор гирифт.

Ба наздикӣ ҷоизае ба Бӯрӣ Карим тақдим карданд. Аз Бӯрӣ Карим суол кардем, ки дар мавриди ҳамин охирон ҷоизае, ки бо имзои худи Владимир Путин Шумо гирифтед сухан кунед ва гӯед, ки ба чӣ хотир Шумо ин унвонро соҳиб гардидед?

-Ман 31 сол мешавад, ки аз хоки ватан дуртар ҳастам ва ба ном гуё ки дар Маскав, дар Шӯрои байнидавлатии роҳсозони ҳамсуд дастандаркорам. Як замоне бо тавсияи кишвари Русия ман роҳбари котиботи Шӯрои байнидавлатии роҳсозон шудам. 30 сол инҷониб ман котиботи роҳбарии шӯроро ба ӯҳда дорам. 30 сол зиёдтар дар самти нақлиёту роҳи кишварҳои ҳамсуд ё кишварҳои муштаракулманофеъ кор мекунам ва ин вазифаи масъулро ба дӯш дорам. Чандин борҳо аз тарафи роҳбари Русия сазовори ордену медалҳо шудам, аз он ҷумла, ордени “Дӯстии халқҳо”.

Ин ҷоизае, ки дар назар доред, “ Унвони ифтихорӣ-Корманди шоистаи нақлиёти Федератсияи Русия” аст. Барои банда ҳам муҳим аст, барои он ки бисёриҳо андеша доранд, ки ман роҳсоз ҳастам. Ман албатта,  роҳсоз ҳастам. Нақшаи асосии ман дар Тоҷикистону дигар кишварҳои ҳамсуд зиёдтар ба роҳу пул вобаста аст. Солҳои охир ман аз чаҳорчӯбаи ин масъалаҳо берун ҷаҳидам. Ҳам нисбати роҳи нақлиётӣ, роҳи ҳавоӣ, роҳи оҳан, роҳи обӣ ва ҳам дигар роҳҳо дастандаркор ҳастам ва дар Созмони Милали Муттаҳид маро ҳамчун эксперти иқтисодӣ шинохтаанд ва дар мавридҳои ҷудогона истифода мекунанд ва дар конфронсҳои байналмилалии СММ низ зиёд иштирок мекунам. Барои қадршиносиашон ташаккур мекунам. Аслан, ҳар як нафар бояд дар мавзӯи худаш, самти худаш, ихтисоси худаш вақте, ки дастандаркор аст, аз таҳти дил кор кунад ва ба ҷамъи ҳамин солҳои зиёд кор кардану пешравиҳо дар соҳаи нақлиёт ҷорӣ кардан ҳам ҳамин унвонро ба ман сазовор донистанд.

– Замоне ки Шумо вазир шудед, дар ҳама ҷо гуфта мешуд, ки ҷавонтарин вазиру Раиси кумитаи таҳрезии кишвар(Госплан) дар Иттиҳоди Шӯравӣ. Дар сари нафароне, ки Шуморо мешиносанд ё нафароне ки талош мекунанд, ки ба ин мақом дар синну соли ҷавонӣ рафта расанд, пеш аз ҳама андеша меояд, ки  воқеан, як истеъдоди фавқулода аз ҷониби Шумо буд ё Шумо чунин ҳадаф гузоштед ва сӯйи ҳадафи худ талош кардед? Ва ё чӣ сирри дигар дар ҳамин миёна буда метавонад? Шумо метавонед он таҷрибаеро, ки ҳосил кардед ва зина ба зина ба мақоми вазирӣ ва Раиси таҳрезии кишвар рафта расидед, барои хонандаҳо тавзеҳ бидиҳед?

-Ба назарам дар ин ҷо пеш аз ҳама Худованд, дуввум таъсири падару модар, ватан, хок, мактаб, омӯзгорон асос аст. Масалан. падари ман мегуфт, ки “писарам, дарахт дар як ҷо месабзад, бояд як ҷо кор кунед, аз таҳти дил кор кунед. Шумо барои он кор накунед, ки касе мебинад. Бояд тавре кор кунед, ки пеши назаратон Худованд бошад, ҳама кор хуб мешавад”. Ва ҳамин хел ҳам шуд. То замоне, ки маро аз вазифа барканор карданд, ман ягон бор ариза нанавиштаам. Барои он ки аз вазифа ба вазифа гузарониданд ва вазири ҷавонтарини Иттиҳоди Шӯравӣ (дар 28 солагӣ) ва ҷавонтарин ҷонишини сарвазир ва Раиси Госплани Тоҷикистон будам ва дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар ин синну соли 31 касе ҳам дар ин мақом набуд. Ду маротиба дар ин мақом ман дар ҷавониам расидам.

Падари ман заҳматкаш буд. Шабонарӯз заҳмат мекашид. Ман ҳоло 6 сол шуд, ки дар нафақа ҳастам, вале чун падарам заҳмат мекашам. Шаб ё дар хондани китоб хобам мебарад ё дар навиштан ё дар таҳрир қалам болои коғаз меафтаду маро канори қалам хоб мебарад. Доимо дунболи корҳое гуногун мешавам ва хастагиамро бо қаламу қоғаз мебарорам. Падарам мегуфтанд, ки “аз меҳнат кардан ягон кас намурдааст, баръакс ҷисму ҷонаш қавӣ шудааст.” Вале дар ин миён агар ҷавонон хоҳанд, ки маро хубтар дарк кунанд, бояд донанд, ки кори ҷисмонӣ ҳасту кори ақлонӣ. Агар ҷавонон тавонанд, ки ҳардуро пайваста мувозӣ пеш баранд, хуб аст.

-Устод, дар ҳамон синну соли ҷавонӣ бештар таваҷҷӯҳ мекардед ба бузургони миллати хеш. Ҳамеша онҳоро дастгирии фаровон кардаед. Шумо назари инфиродии худатонро гӯед, ки ҳамин воқеан ихтиёрӣ буд ё ин ки қадршиносӣ ва хидмати Шумо ишора ба ин маъно ҳам буд, ки ба қадри бузаргон дар вақти зинда буданашон бояд расид?

-Лутф кардед, сипос. Ман дар мактаб зиёдтар ба адабиёт, ба хати форсӣ диққат медодам. Баъзеҳо то ҳол ҳам бовар надоштанд, ки дар ҳамон даврони Шӯравӣ ман Қуръонро (дар синни 5-7) азбар карда будам ва хонда метавонам. Ҳамин чиз ба ман ёрӣ кард, ки ман бузургонамонро зиёдтару бештар дарк кунам. Зиёд Ҳофиз, Бедил, Саъдӣ, Ҷомӣ, Соиб ва даҳҳои дигар шоиронро мехондам. Ва дар ин қиёс албатта, зеҳн мемондам ба Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор ва даҳҳо нафар адибони муосири дигар. Соли 1990 замоне, ки ман 33 сол доштам, бо ин ду нафар бузургоне ки номбар кардед, устод Лоиқ Шералӣ (мехоҳам ҳамин хел нависед) ва шоир Бозор Собир шинос гардидам. Ҳарчанд Бозор Собир ҳам ба ман ҳаққи устодӣ доранд, вале забонам дигар намегардад эшонро устод бигӯям. Барои ман он кас шоир мемонанд, шоири шинохтаи миллат. Дар ин миён агар ман ёрии кӯчаке, ки (ҳеч гоҳ миннат намекунам) карда бошам, зиёдтар ба шоир Бозор Собир кардаам, камтар ба устод Лоиқ Шералӣ. Вале аз устод Лоиқ Шералӣ зиёдтар омӯхтам, адабу эҳтирому иродату ватандӯстиву сухандонӣ ва албатта, ҷасоратро. Аз Бозор Собир камтар. На миннати он кас шавад, на миннати ин кас.

-Имрӯзҳо зери таваҷҷӯҳи Шумо кадом адибон қарор доранд ва киҳоро эътироф мекунеду шоистаи дастгирӣ медонед?

-Ҳамаи адибонеро, ки дар асл боадабанду адиб будани худашонро пеш аз ҳама эҳтиром мекунанд, онҳоро ман эътироф мекунам. Онҳо мутаассифона, ангуштшумор ҳастанд. Ман, масалан, дар ин самт  метавонам бигӯям Фарзонаи Хуҷандӣ, Озарахши Зарафшонӣ, Муҳаммад Ғоиб, Ҳақназар Ғоиб, Сиёвуш Ҷунайдӣ, Муҳтарам Ҳотам, Абдулқодири Раҳим ва чанде аз ҷавонони дигар ҳастанд, ки ман дар асл ҳам онҳоро мехонам, мутолиа мекунам ва аз эҷодашон хурсанд мешавам. Лек ин ҷо сухан мавриди дастгирӣ кардани Озарахш ё Фарзона нест, зеро онҳо соҳиби ҷоизаи сухананд. Онҳо мӯҳтоҷи дастгирӣ нестанд, синну солашон ба ҷое расидааст, фарзанддору наберадоранд. Вале мо бояд ҷавононро бештар дастгирӣ кунем. Масалан, дар “Боргоҳи сухан” мо ҳар сол эълон мекунем, ки ҷавонон асарҳои нав биёранд. Он асарро рус менависад ё тоҷику қазоқ, ба мо фарқ надорад. Арзиши баланд дошта бошад, хонданбоб бошад, мағзро такон диҳад, ҷавононро барои омӯхтани ниёгон ҳидоят кунад, ҳам шоирону адибону олимони муосир, ки ин чиз муҳим аст.

Аз дигар нигоҳ, бубинед, ки ҳатто як тан чӣ корҳо метавонад бикунад. Ман, ки тоҷир нестам, соҳибкор нестам, замин надорам, молу мулк надорам, ягон чизро ғасб накардаам, ҳарчанд чунин имкон буд, ягон моликияти давлатиро нагирифтам, тавонистам, ки бо ақли хеш чизе бинависам, ҳаққи қалам бигирам (манзурам аз дигар кишварҳое, ки ҳаққи қалам дар онҷо кирои гуфтан аст) ва биёрам, “Боргоҳи сухан” -ро барқарор кунаму як олимро ҷоиза бидиҳаму ба як мактаббачаву ягон донишҷӯй идрорпулӣ диҳам. Мо пеш ҳазор доллар ба як нафар ҷоиза медодем, (ҳоло ночиз шуда мондааст) вале баъдан шумору маблағи ҷоизаҳо зиёд шуданд. Озмунҳо зиёд шуда истодаанд дар ҳама самтҳо. Яъне мақсади ман ҳамин буд, ки ҳам давлатдорон, ҳам он нафароне, ки маблағ доранд, кӯшиш кунанд, ки маблағҳояшонро дар ин роҳ барои рушди илму адабиёт ва фарҳанг сарф кунанд. Агар ягон фарзанде аз миллати тоҷик шуҳратёр мегардад, метавонад дар оянда миллионҳо ба ин кишвар ворид созад. Ин корро мо ба ҳамин хотир кардем. Дар ҳамин кор ҳам маслиҳати устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, устод Лоиқ Шералӣ арзанда буд ва бояд исми як нафари дигарро ба ёд биёрам, ки Шарофиддини Рустам аст. Мо 4 нафаре будем, ки ин корҳоро оғоз кардем.

-Аз лаҳзаҳои мондагор барои Шумо, хотираҳои ширине, ки аз адибону аз сиёсатмадорони бузурги миллат доред, ба таври фишурда мегуфтед…

-Нахуст ин ки ин хел бузургонамон, шукри Худо, хеле зиёданд. Хотираҳо ҳам хеле зиёд ҳастанд, вале барои фаҳмо шудан, барои дарки хонанда сар кунем аз шоир Бозор Собир, ки дӯсти ман, бародари ман ҳисоб мешуданд. Ҳарчанд хеле дер шинос шуда будем, борҳо рафта дар Амрико эшонро хабар гирифтам. Баъди чандин солҳо базми шеърашонро дар хонаи адибон ташкил кардем, ки он вақт ин кор хеле душвор буд. Мо нишон додем, ки дар роҳи дурустем – баъдтар ҳукумат ҳам шоирро даъват кард. Аз гуноҳҳои кардаву нокардааш гузашт ва унвонҳо ҳам дод. Барои ҳамин ҳам як хотираро нақл мекунам. Як ҷамъомад буд, он ҷо адибону фарҳангиёни зиёд менишастанд. Шояд 20 нафар ё зиёдтар. Гуфтам ки “устод, чаро Шумо ҳамин се нафаронро зиёд танқиду таҳқир мекунед: Ба нобиғаҳои миллат, ба адибон, ба дӯстони худатон мечаспед, онҳоро танқид мекунед, дуюм аз гиребони яҳудиҳо ҳеҷ дастатонро барнамегиред, ҳарчанд медонед, ки чархи гардиши дунё дар дасти онҳост. Сеюм ин ки ба муллоҳо зиёд мечаспед”. Гуфтанд, ки “баъди шиносоӣ бо Шумо, Бурӣ Карим, ман аз танқиди муллоҳо даст кашидам.  Шумо, воқеан, ба ман исбот кардед, ки муллоҳои асил ҳам дорем, барои нимчамуллоҳо шуда ҳамаи муллоҳоро танқид кардан хуб нест. Масалан, ба ришу саллаву дастору асову тасбеҳи дарозашон сару кор доштан кори ҷузъии майда-чуйда аст. Шояд риш надорад, вале ақлу тамиз, адабаш, илмаш, бузургиаш, қуръондониаш аз сатҳи мавлавиҳо боло аст. Ё баръакс”. Баъд шоир гуфтанд, ки “лекин яҳудиҳову адибонро танқид карданро давом медиҳам”. Гуфтам: “устод, хуб, аллакай барои як кори кардаатон ташаккур мекунам. Шумо ба мо гӯед, ки агар Шумо яҳудӣ таваллуд мешудед, мо бояд чӣ кор мекардем нисбати Шумо?” Гуфт: “ба рӯям ҳаддалимкон туф мекардед”. Ҳама  хандиданд…

Устод камакак дар масъалаҳои хеле ҷиддӣ, мисоли миллат, маҳал эҳсосӣ буданд, як равиши худро доштанд, ки на танҳо мақбули ман, балки мақбули устод Лоиқ Шералӣ, Муҳамммадҷон Шакурӣ ва чандин устодони дигар ҳам набуд. Аслан адибон, аз он ҷумла шоирон хеле эҳсосианд. Мегӯянд, ки ин ҳолати шоир аст. Хуб, дар шеър вақте ки шоир дар ҳолати баланд қарор дораду бо Ҳақ ҳамсӯҳбат мешавад ва мардуму дарду аламашонро рӯи қоғаз меорад, ин чизҳо то андозае воқеият дорад. Ҳол он ки дар суҳбатҳои одӣ, ки ҳеҷ кас ба вай таъсир намерасонад, вале аз эшон тудгӯиву таҳқир сар мезад…

Аз устод Муҳаммадҷон Шакурӣ вақти суҳбатҳо аз падари бузургворашон, аз Садри Зиё, аз дигар бузургон суханҳо мешунидам, мехостам ҳама гӯшу ҳуш шавам. Устодро барои китобҳои зиёдашон, барои гиромидошти забону адабиёт, барои дақиқан сухан гуфтанашон ҳам аз Бухорову Самарқанд, ҳам аз Хуросону ҳам аз Эрони бузургу пайванди мо, пул шуданашон байни асрҳои гузаштаи Эрону Тоҷикистон, ниёгону муосирони мо эҳтиром мекардам. Китоби “Хуросон аст ин ҷо” ва чанд китобҳои дигарашон, китобҳои рӯимизии ман буд, ёдашон ба хайр бод!

-Аз суханони пурмеҳратон маълум мегардад, ки нисбати устод Лоиқ эҳтироми хоса доред ва ҳатто баъди вафоти устод Лоиқ дар бораи шахсият ва мақому ҷойгоҳи он кас китоб навиштед. Ин ҳама ихлосу самимият аз куҷост?

-Бо устод Лоиқ Шералӣ сӯҳбатҳои хосаи арзандаву фаромӯшнашаванда хеле зиёд доштам. Метавон бисёр чизҳоро ба ёд овард. Ҷузъиёти кӯтоҳаш ҳамин ки китоби ман бо унвони “Ҷасорати шоир” чоп шудааст, нисбати хотироти ду нафар: як муҳандис бо як шоир, ё як шеърдӯст бо як шоир. Як шоир бо муҳандис ё нимсиёсатмадоре, ки дар ҳукумат буд. Дар бораи ҷасорати ин марди бузург ва шоир будани ин кас суҳбат намекунам. Ин кори муҳаққиқон аст. Ҳоло таърих баҳо медиҳад, ҳама имрӯз медонанд, ки шоири басо олимақом буд. Дар замонаш ва ҳоло ҳам дар он сатҳ шоир надорем. Шоирони дигар аз ман наранҷанд, ман ин суханамро дониста мегӯям. Барои он ки тамоми ашъори устод Лоиқ Шералиро хондан, илҳом гирифтан ва истифода бурдан душвор аст. Ҷасораташ ин буд, ки дар байни сиёсатмадорон мегашт, суханашро рӯирост мегуфт ва дар ашъораш ҳам ин чиз ҳувайдост. Ба нафаре чун Афзалшоҳи Шодӣ, ки ба шеърҳояш оҳанг мебаст, сурудҳояшро мехонд, рӯирост суханашро мегуфт. Камбудиҳои дар зиндагӣ доштаашро рӯбарӯ мегуфт. Камбудиҳои дигаронро ҳам мегуфт, аз ҷумла камбудиҳои маро.

– Устоди фақид Лоиқ низ дар боби маҳалбозӣ зиёд гуфтаанду маҳкум низ кардаанд, худ гуфта буданд:

Худоё, бемаҳал мирад, касе дорад маҳалбозӣ,

Илоҳо, беаҷал мирад, касе дорад мағалбозӣ…

Нигоҳи Шумо ба ин “бемории доғ” чист?

Аз рӯйи мушоҳидаҳое, ки шахсан дорам, миёни мардуми одӣ дар мавриди маҳалгароӣ ҳарфеву ҳиҷое нест. Бадбахтии мо дар он аст, ки миёни ҳамон зиёиёне, ки дорем, имрӯз маҳалгароӣ ҳаст. Онҳо маҳалли худро аз маҳалли дигар боло медонанд, ки ин зарараш ба мардуми одӣ мерасад. Вақте ки дарди маҳалгароӣ дар вуҷуди як намояндаи донишманд аз маҳаллашон ҳаст ва маҳалли худашро афзал дошта, маҳалли дигарро паст мезанад, мардуми одӣ фикр мекунанд, ки ин бо ин қадар “саводу фаҳмишу дониши баландаш” кори дуруст мекунад… Бояд мо қабул кунем, ки зарараш ҳатман ба омма мерасад. Мардуми одӣ ин корро намекунад.

Ба мисол, адибони мо тахаллус мегиранд аз номи маҳаллашон, ки ин албатта, бӯи маҳалгароиро ба машоми хурду бузург мерасонад, билфарзе ин амали адибон дуруст бошад, пас чаро, адибони варзидаамон: Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат ва Лоиқ Шералӣ чунин номгузориро ба худ раво надиданд?

Мо зиёиён, ки моро гули сари сабади миллат меноманд, бояд воқеан гули миллат бошем. Он гуна набошем, ки ҳарфу ҳиҷои моро он ҷавононе, ки сарашон чун компютер “холӣ” асту ба мағзашон ҳар чиз, ки ояд, қабул кунанду маҳалгароиву дигару дигар кунанд.

Гузашта аз ин, бадтарин коре ки мо кардем, ҳамин маҳалгароиро начакондаву нарезонида ба Русия бурдем. Дар он ҷо ҷамъияти хуҷандиҳо, ҷамъияти зарафшонӣ, ҷамъияти хатлонӣ, ҷамъияти ҳисорӣ, ҷамъияти кӯлобӣ ҳаст. Бовар кунед, ин шармандагӣ аст. Масалан, озарбойҷониҳо ҷамъияти умумиозарӣ доранд. Арманиҳо ҳам ҳамин тавр. Мо бошем дар як гӯша бадахшониҳо, дар як гӯша зарафшониҳо, дар як гӯша хуҷандиҳо. Мехоҳам онҳоро сарҷамъ кунам, сарҷамъ карда наметавонам, чунки ин беморӣ дар рагу хуни мо ҷо шудааст. Аммо бояд ҳам дар ин ҷо сарҷамъ бошем, ҳам дар он ҷо. Ҳамон сарҷамъии мо аз зиёиёнамон бояд маншаъ бигирад. Дигар илоҷе надорем. Одами одӣ, деҳқони одӣ, коргари одӣ дар табиати худаш, дар асли худаш беҳтарин намояндаи миллат аст. Вай тозатарин аст. Вайро бояд ифлос накунем. Аз ӯ бояд биомӯзем.

-Акнун бармегардем сари маҳфили фарҳангии “Боргоҳи сухан”, ки тӯли ин қадар сол фаъолият дораду бунёдгузораш Шумо ҳастед. Мехоҳам, ҳамчун бунёдгузори ҳамин маҳфил нақши онро дар пешрафти адабиёту фарҳанг арзёбӣ намоед…

-Ман суханони Муҳаммадҷон Шакуриро такрор мекунам, чунки агар аз номи худам гап занам, баъд таърифи “Боргоҳи сухан” мешавад. Шояд баъзеҳо гӯянд, ки худаш асосгузор, роҳбари “Боргоҳи сухан” аст, таъриф мекунад. Устод бо лаҳни худашон дар маҳфиле, ки 300-400 нафар нишаста буданд, мегуфтанд: “Бародарони азиз, зиёиёни муҳтарам, дар ҳолате, ки пояҳои адабиёту илму фарҳанги мо баъди ҷанги шаҳрвандӣ то андозае ларзон шудааст, саҳми “Боргоҳи сухан” барои  рушди инбахшҳо мо хеле бузург аст. Мо бояд якҷо дар “Боргоҳи сухан” коре кунем, ки ҳеҷ набошад ба фарҳангу адабиёту илмамон назари тозае дошта бошему якдигарамонро ёрӣ кунем”.

Дар ҳамин самт “Боргоҳи сухан” корҳои арзандае мекунад. Ҳамин басанда аст. Аз номаш маълум, ки маҳфили фарҳангӣ аст. Баъзеҳо моро мегуфтанд, ки мо алтернативаи хонаи адибонем. Чаро алтернатива набошем? Хонаи адибон хонаи адибон аст, ба адабиёт сару кор дорад. Мо ҳам бо адабиёт сарукор дорем. Ҳам ба фарҳанг, ҳам ба илм  ва ҳам ба корҳои дигар. Намедонам, Хонаи адибон ба донишҷӯён стипендия медиҳад ё не? Ба фикрам намедиҳад. Ба мактаббачагони аълохон стипендия медиҳад? Намедиҳад. Намедонам, вай ба олимон ҷоиза медиҳад? Яъне ки доираи кори мо аз доираи адабӣ зиёдтару фаротар аст. Онҳо ҳам кори худашонро мекунанд, мо ҳам кори худро мекунем. Ба ягон кас алтернатива нестем, пеши роҳи касеро нагирифтем ва нахоҳем гирифт. Бо истифода аз минбари шумо, мехоҳам арз кунам, ки ҳар сол эълон мекунем, ки дар озмунҳо ширкат варзед. Китоби арзандае навиштаед, биёред. Олимон баҳои мусбат диҳанд, ҷоиза медиҳем. Агар бисёр китоби арзанда асту олимон гӯянд, ки шоистаи чоп аст, чоп мекунем.

Агар донишҷӯе бошад, ки дар дафтарчааш ҳама баҳоҳояш аълост, бе декан, бе ректор биёяд, ҳамон дафтарчаро бинам, як стипендияи дигари иловагӣ медиҳам. Фарқ надорад аз кадом донишгоҳ ё донишкада аст. Масалан, аз Донишгоҳи техникӣ ҳар сол чанд нафаре меоянд… Яъне ки онҳоро ҳавасманд мекунам.

Зиёда аз 50 китоби адибону олимонро чоп кардем. Боре даъво накардем, ки мо китоби 50 олиму адибу шоирро чоп кардем. Аз китобҳои худам, ки шуморааш ба 77 расид, ягонтоашро худам чоп накардам. Ман, ки китоби дигаронро чоп мекунам, ба худи ман ҳам дӯстонам кӯмак мекунанд, китобамро чоп мекунанд. Вақте ҳаққи қалам мегирам, барои бунёди мактаб истифода мекунам. Лекин сухан аз ин нест. Сухан аз ин аст, ки дар маҳфили фарҳангии “Боргоҳи сухан” сухан мақоми боло дорад. Боре Озарахш ва ҳунарманди мардумии кишвар … дар толори “Боргоҳи сухан” арза доштанд, ки дар “Боргоҳи сухан” шеърхондану сурадан осон нест.

Сухан аз арши барин омадааст,

Баҳри покон ба замин омадааст.

Ин нукта муҳим аст. Яъне агар ман рӯзноманигорам, ё шоирам ё даъвои нависандагӣ дорам, бояд пеши виҷдони худам ҳисобот диҳам, ки бо ин навишта ҳеҷ набошад сатҳи имрӯзаи адабиётро паст мезанам ё каме боло мебарам? Ё ҳеҷ набошад, дар ҳамон сатҳ менависам? Агар шеъри ман, ҳарфу ҳиҷои ман, навиштаи ман ҷавобгӯ набошад, бояд китобамро, ҳикояамро, асарамро чоп накунам ва ҳавзаи адабиву фарҳангиро бо навиштаҳои худ ифлос насозам. Гузашта аз ин, бо маҳалгароии худ ба миллат иллат наорам, зарар нарасонам… Ана, ҳамин корҳоро мо дар “Боргоҳи сухан” пиёда месозем. Ман ҳам тарафдори он ҳастам, ки камтар китобҳо чоп шавад ё ки умуман чоп нашавад он навиштаҳое, ки ҷавобгӯи талабот нестанд. Вале кор то ҷое расид, ки аз замони ҷанг то ин вақт дар Хонаи адибон наздик ба 40 нафарро аз узвият хориҷ карданд. Агар ин ба хотири тоза кардани адабиёт бошад, адабиётро ин хел тоза наметавон кард. Он ҷо қарор қабул карданд, ки агар синни адиб аз 65 сол боло бошад, онҳо наметавонанд узви адибон бошанд. Барои ман ин хандаовар аст. Дар 65-солагӣ наметавонед, ки вазир шавед. қонун имкон намедиҳад. Дар 65-солагӣ одам хирадманд мешавад. Саъдӣ дар ҳамин синну сол, дар ҳамин бузургсолиаш асарҳои бузургу оламшумулашро навиштааст.

Шумо худ бегумон огоҳу хабардор ҳастед, ки ба ҳамин наздикӣ устод Абдунабӣ Сатторзода ва устод Гулрухсорро, ки синнашон аз 70 болост, Эрон шомили узви адабии хеш гардонид.

Мантиқ куҷо аст? Эҳтироман хоҳиш мекунам, чунин қарорри бемантиқро бекор кунед.

-Хокироҳ кист? Чӣ дунёе дорад?

-Ташаккур, суоли ғайричашмдошт ва беҳтарин. Аввал ин ки Бӯрӣ Карим як марди хокист. Худашро ҳеҷ гоҳ аз касе боло надониста аст ва намедонад. Баъзеҳо як нафарро девона меноманд, вале ман худамро аз он девона девонатар медонам. Ё ки мегӯянд, ки вай як одаме ҳаст, ки хеле одӣ. Ман мегӯям, ки аз ҳамон одамӣ одӣ содатар ман ҳастам. Хокироҳ! Асоси ин калима Хок аст. Роҳ, яъне мутахассиси роҳ ҳастам. Ду калимаро бо ҳам бастам: Хокироҳ. Ба русӣ “пилинка на дороге” – хоки роҳ. Ман хоки роҳам, як пари коҳам. Ҳар касе, ки худашро дар асл олим, адиб, фарҳангӣ, зиёӣ мешуморад, бояд дарк кунад, ки ҳар қадаре илм омӯхта бошад, адаб омӯхта бошад ҳам, ҳоло як фоизи он адаберо, ки бояд омӯзад, наомӯхтааст. Ҳар қадаре ки чизеро фаҳмидам, дарк кардам, ҳамин қадар зиёдтар фаҳмидам, ки чизеро нафаҳмидам ва намедонам, чизеро ҳам арзанда дарк накардам дар ин зиндагӣ. Инсон бояд дарк кунад, ки одамиро дилаш, олами мағзаш аз ин олам беканортар аст, беҳадду ҳудудтар аст. Олами ботинӣ аз олами берунӣ бекаронтар аст. Вақте ки инро дарк мекунӣ, ки дар  он ҷо ҳам саҳро ҳасту дарё ҳасту зану марду муомилаву ҳазор балову ҷангу ҷидол аст, шабҳо хобат намебарад. Баъд ғам мехӯрӣ. Он ғам аввал ғами наздиконат мешавад, баъд ғами ҳамдиёронат мешавад, баъд ғами миллату ҳамватанонат мешавад. Баъд ғами оламиён мешавад. Ҳамон вақт аз ҳайвон каме боло мешавию ба одам наздик мешавӣ. Ҳамон вақт ҳам Худо медонад, ки баъди ин қадар дарки маънӣ кардан то охири умрат одам мешавӣ ё намешавӣ. Ана ҳамин Хокироҳ як гарду хоки роҳ аст, ки то ҳозир ҳам меомӯзад ва кӯшиш мекунад, ки каме ҳам бошад дар пояи одамгарӣ расад. Дар пояи баланди одаму одамгарӣ, адабу фарҳанг, илму дониш, Қуръону ҳадису дигар расидан, кори мушкил аст. Ҳар касе ҳадс мезанад, ки ман олимам, ман муллоям, вай мулло нест, вай олим нест. Олим хомӯш аст, мулло хомӯш аст, ё сухани нарм ва кам мегӯяд ва хеле зиёд илмашро ба шогирдонаш омӯхтааст. Олими беамал, олими бешогирд олим нест.

Мо дар “Боргоҳи сухан” ба ғайр аз он ки дарсҳоямон ба забони русӣ аст, забони модарӣ, забони англисӣ ва алифбои порсӣ меомӯзем. Ҳеҷ кас моро маҷбур накардааст, ки мо алифбои ниёгон омӯзем. Мо инро иловагӣ меомӯзем. Иловагӣ ба муаллим маблағ медиҳем. Дар панҷ самт дарсҳои иловагӣ дорем: илм, (баъзеҳо шояд биханданд) адиб, ҳунарманд, дипломат ва рӯзноманигору ровӣ тарбия мекунем. Баъзеҳо даъво мекунанд, ки мо наметавонем. Мешавад. Ба инсон аз кӯдакиаш аҳамият додан даркор, ки кадомаш ба адабиёт рағбат дорад, кадомаш ба илм. Онҳоро мо гурӯҳ-гурӯҳ тайёр мекунем. Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии мо ҳунармандони мардумии Тоҷикистон: Ортиқи Қодир, Хосияти Зарафшонӣ, Шодӣ Солеҳ ва ман (Бӯрӣ Карим, ҳамчун муҳандис), Абдулқодири Раҳим ва боз чандин нафарони дигар дарси иловагӣ медиҳанд. Бубинед, дар ҳамон дарсҳо на танҳо худашон, балки падару модарашон ҳам меоянд. Барои ҳамин ҳам, Хокироҳ ҳамон нафаре аст, ки дарк кардааст, ки аз хок омадаем, ба хок меравем, хоки роҳ ҳастем. Агар маро мабодо бимираму дар ягон пайраҳае, ки мардум мегузаранд, хок кунанд, ман хушбахттар худамро ҳис мекунам, нисбат ба оне, ки дар ягон ҷо мақбара месозанду дар он баландиҳо ягон кас сӯи ман намеояд…

-Ҳоло машғули чӣ кор ҳастед ва дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

-Мо боғча дорем, боғчаи хусусӣ. Якум, мехоҳем, ки шумораи кӯдакон дар ин боғча зиёд шаванд. Дуввум, ҳамин мактаби мо аз боло намуди ҳарфи П-ро дорад. Г-ашро сохтем. П-аш носохта буд, бо сабаби набудани маблағ, COVID ва дигар сабабҳо. Ҳоло шартномаро бо ширкати сохтмоние имзо кардаам. Барои ҳақиқат шуда, озмун эълон кардам, чанд ширкат иштирок карданд. Ин ширкат, ки маблағи поёнтар дод, дастболо шуд, ман шартномаро имзо кардам. Ин ду чизи муҳиме аст, ки ман мехоҳам амалӣ созам. Чизи севум, як замоне ҳаст, ки ҳоло бачаҳо имтиҳон месупоранд дар ин ҷо. Ман талаб мекунам, ки имтиҳон хеле ҷиддӣ бошад, дар баҳои мегирифтаашон адолат бошад. Агар 3 аст, 3 бошад, ҳаққонӣ 4 бошад бигзор он бошад. Панҷу чори  дурӯғин набошад. Мақсади мо ҳамин аст, ки баъди хатми мактаб ба донишгоҳу донишкада дохил шаванд. На танҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, балки берун аз он. Барои он ки мо англисӣ, форсӣ, русӣ дарс меомӯзем. Ман ба ҳайси директори мактаб банди ҳамин корҳо ҳастам, вале музд намегирам, (механдад). Ман раиси маҳфили фарҳанги “Боргоҳи сухан” ҳастам, ин ҷо ҳам музд намегирам. Ман 7 вазифа дорам, аз онҳо музд намегирам. Танҳо аз ду вазифа музд мегирам. Аз раиси Шӯрои байнидавлатии роҳсозон будан ва аз директори генерали ширкати “Интрасдорнаука” . Ман чун Шумо рӯзноманигор ҳастам, мунтазам журнале, ки 114 саҳифа аст, бо унвони “Дороги Содружества” (Роҳҳои кишварҳои ҳамсуд) чоп мешавад, сармуҳаррири ҳамон журнал ҳастам. Ва кори аз ҳама муҳиме, ки имсол кардем, гузаронидани ҷаласаи 46-уми Шӯрои байнидавлатии роҳсозон дар Тоҷикистон буд, гузаронидани конфронси байналмилалии роҳсозон дар Тоҷикисон буд ва гузаронидани пойгоҳи байналмилалӣ, ки оғозаш аз Тоҷикистон ба кишварҳои Ӯзбекистону Туркманистону Эрону Арманистону дигар кишварҳо бурда мерасонад. Дар ҳамин самт корҳоро иҷро кардам. Албатта, ман корҳои илмӣ мекунам. Ду нафар докторант дорам, якчанд нафар аспирант дорам, баъд  магистру бакалавр дорам, ки зери роҳбарии ман кор мекунанд ва аз ҳама кори муҳиме, ки ман бо ду нафари дигар муаллифаш ҳастам, як қазоқ, ман тоҷик ва як амрикоӣ. Мо муаллифи лоиҳаи Глобалии транзитӣ ҳастем. Ду сол инҷониб аз дунболи амалишавии ҳамон ҳастем. Ҳамаи корҳоро кардем. Як бор аз Кӯлоб бореро ба ҳамин ҳуҷҷат фиристодем сӯйи Аврупо ва Чин фиристоданием. Дунболи ҳамин корҳо ҳастем, ки дар таърихи нақлиёт номи банда, номи як тоҷик ҳам монад, ки ҳамин хел як ҳуҷҷати Глобалии транзитии ҷаҳониро муаллифаш хоҳад шуд. Каме мумкин худтаърифкунӣ шуд. Ман аз он нафароне ҳастам, ки ҷисму ҷонам дар кор аст…

– Пайғоми худро ба хонандагон мегуфтед…

-Мехоҳам бигӯям, нафароне, ки то имрӯз аз пушти ман тӯҳмат мезаданду мезананд, мурдаҳояшонро худо ҷояшонро ҷаннат кунад, зиндаҳояшон ором бошед, ки ман на номзадиамро ба вазирӣ, на ба ягон мансаби дигар будан пешниҳод карданӣ набудам ва нестам. Пеши халқ мегӯям, ки ҳамон вақт ҳам гунаҳкор набудам ва ҳозир ҳам гунаҳкор нестам. Баръакс, ҳиссаи мусбати худро барои ба эътидол овардани вазъ гузошта будам ва дар ин бора ҳуҷҷатҳои расмӣ аз мақомотҳои дахлдор дорам, ки бегуноҳам. Ман як нафаре ҳастам, ки дар ғами миллат ҳастам, дар ғами беҳбудии кишвари азизамон Тоҷикистон. Дувум, ин ки биёед, мо ҳама дар якҷоягӣ вабои коррупсияву порагириву порахӯрие, ки қариб аз боғча то ба болоҳо мерасад, нест кунем. Албатта, нест карданаш дар тӯли таърих, дар дигар кишварҳо ҳам душвор буд ва барои мо низ душвор аст. Вале имкон дорад. Масалан, дар Гурҷистон ягон корманди БДА як тини касро намегирад. Пушти деворҳо истода ба хотири пул рӯёнидан мошинро нигаҳ намедорад. Ё ин ки ба хотири 10 ё 20 сомонӣ дар боғчаву мактаб қадру эҳтироми худро ҳамчун намояндаи давлат- чашму гӯши давлат сатҳи давлатдориву пояҳои давлатдориро паст намезанад. Ман намегӯям, ки дар дигар кишварҳо нест. Вале дар баъзе кишварҳо қариб ки инро решакан кардаанд. Мо ҳеҷ набошад, кӯшиш кунем, ки ба сатҳи поёнӣ фарорем. Вақте ки падару модар тифлро ба боғча мебарад, чанд тангаеро пора медиҳад, ё дар мактаб ба бачааш мегӯяд, ки “бачам, ман пул додам, хон, дар мактаб чаро ту намехонӣ?”. Ин дар хуни бача мешинад. Гоҳ-гоҳ ба гӯшам мерасад, ки муаллимон аз донишҷуён пора мегиранд. Ин пасттарин кор аст, ки номи омӯзгоронро ба пастӣ мебарад. Ман аз ҳукуматдорон хоҳиш мекунам, ки муборизаро бар зидди коррупсия сахттар кунанд. Пеш аз ҳама дар бахши маорифу тандурустӣ. Дар баробари он ки омӯзгору таюбиб бечора набошанд, ҳеҷ набошад чун дар кишвари Русия музди кори омӯзгоронро бояд баланд бардошт. Ҳам дар донишгоҳҳо ва ҳам дар мактабҳо. Дигар роҳ нест. Духтури мо, ки моро табобат мекунад, муаллим-омӯзгор, ки  моро меомӯзонад, аз хурдӣ ин корро ба мо нишон медиҳад, аз хурдӣ дар рагу пайванди мо амалҳои зишт ва мо миллатро аз ин беморӣ берун кашида наметавонем…

Суҳбаторо:

Зоҳири САЙФУЛЛО,

Мафтуна ВАҲОБОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь