Инак, озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…”, ки ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат эълон шуда буд, ба анҷом расид. Шоми рӯзи шанбеи гузашта ҳакамон ғолибони озмунро эълон карданд. Шоҳҷоиза насиби Бунёд Раҳнамо аз шаҳри Душанбе шуд. Дар поёни озмун бо узви ҳайати ҳакамон, нависандаи маъруфи бачагон Азизи Азиз бештар атрофи ширкати наврасону бачаҳо дар озмун суҳбат кардем ва дар оғоз аз ӯ пурсидем, ки аз назари ӯ озмун чиро нишон дод?

 Озмун ҷомеаро такон дод, бедор кард… Мо ёд надорем, ки дар куҷо ва кай барои китоб хондан ҳам ҷоиза супурда буданд. Албатта, ба ин монанд гоҳ-гоҳ озмунҳо баргузор мешуданд, вале дар сатҳи баланд бори аввал барпо шуд ва аз оғоз то анҷом зери назару назорати Пешвои миллат буд! Қариб касе бетараф набуд.

Озмун исбот кард, ки бештар бачаҳо ва донишҷӯён китобхонанд, насли калонсол ба чӣ сабаб фаъол набуд. Шояд майдонро барои хурдсолон холӣ намуданд, эҳтимол шарм доштанд, ки китоб нахондаанд…

Ба Озмун бачаҳои соҳибистеъдоду хушзавқ омада буданд. Баъзе басо доно буданд ва моро ба ҳайрат оварданд. Мушоҳида кардем, ки довталабон аз хонаводае ҳастанд, ки бузургсолонаш ҳам китобхону китобдӯстанд. Ҳамчунин дидему донистем, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳо корро саҳл гирифта, ягон-ягон фарзандони шиносу дугонаю хешовандонро фиристодаанд…

Озмун нишон дод, ки китоб кам нашр мекунем.

– Аз натиҷаву ҷараён ва талоши ширкаткунандагон метавон дар бораи тағйири сатҳи мутолиа ҳарф зад ё ин ҳама барои ширкат дар озмун буд?

Албатта, ҳар озмунро ҷоизаҳояш машҳур менамояд. Агар Ҷоизаи Нобел маблағи ҳангуфт намедошт, гумон буд, ки олимони бузурги ҷаҳон барои соҳиб шудан талош мекарданд. Ин айб нест. «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҳам ҷоизаи кам надошт ва баъзе аз Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зиёдтар буд. Аз ин сабаб китобхону китобдӯстонро чун оҳанрабо ба сӯйи худ кашид. Бо вуҷуди ин бачаҳои босавод омада буданд. Дуруст пурсидед, сатҳи мутолиа тағйир ёфтааст. Баъзе довталабон дар як латифа, ҳикоя ё афсонаи хурд ҳикматеро пай бурдаанд, ки камина ҳам тасаввур намекардам. Масалан, довталабе як қиссаи хурдакаки Азиз Несинро чунон шарҳ дод ва хулоса пешниҳод намуд, ки ангушти ҳайрат газидем. Бачаҳо, ҳатто хонандагони синфҳои поёнии мактабҳоямон, бо мутолиаи адабиёти муосир маҳдуд нашуда, ба адабиёти классикӣ ва ҷаҳон рӯ овардаанд. Албатта, чунин довталабон ангуштшумор буданд, вагарна бисёриҳо намедонистанд, ки Астрид Линдгрен, Селма Лагерлеф, Корней Чуковский, Сергей Михалков, Григорий Остер, Роулинг, Марк Твен, Алан А.Милн кистанд. Ҳайрон будам, ки фақат як нафар қиссаҳои Робинзон Крузоро хондаасту касе Мюнҳайзенро ба ёд наовард…

– Озмун чӣ вижагиҳое барои хонандаи хурдсол дошт?

Хонандаи хурдсол донист, ки китобхонро ҳама дӯст медорад, китобхон сазовори эҳтирому иззат аст, китобхонро қадр мекунанд, роҳи осони маълуму машҳур шудан китоб хондан аст, ӯ дид, ки чӣ ҳамсолони босаводе доштааст, аз дигарон ибрат гирифт, бағайрат шуд, айбу хатояшро фаҳмид, ӯ дарк кард, ки китобро фақат барои он намехонанд, ки ба саволи муаллим ҷавоб гуфта, як баҳо бигириву дигар тамоми рӯз хотирҷамъ бошӣ, баръакс, китоб фазилату хосияти бештаре доштааст: сухандону сухангӯ ва забономӯз мешавӣ, барои дар назди мардуми ношинос худро гум накардан бояд китоб хонд. Шубҳа надорам, ки довталабонро минбаъд касе водор намекунад, ки китоб хонанд, онҳо ҳамеша дар ҷустуҷӯи китоб хоҳанд шуд. Ҳар довталаб барои ҳамсинфу ҳамсоли худаш намунаи ибрат аст…

– Лаҳзаҳои хотирмони Озмун аз назари Шумо?

Озмун аз оғоз то анҷом хотирмон буд. Китобхонаи миллӣ ягон замон ин қадар пуродам набуд, ки рӯзҳои баргузории Озмун буд. Ҳаяҷону изтироб, шодию нишот, табрику тасаллӣ дар ҳар қадам мушоҳида мешуд. Барномаҳои телевизиониро ҳар хонадон тамошо мекард. «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ба иди умумимиллӣ табдил ёфт! Ҳаргиз фаромӯш нахоҳам кард, ки Муҳаммади Раҳнамо чӣ хел орому осуда, дилпур ва бо сари баланд аз мо пурсид: ҳар чӣ хоҳед, пурсед, ё барои Лайло, ки аз мактаби № 5-и шаҳри Хуҷанд омадаасту шахсан мешиносам, як хол нарасид, то мақоми савумро ишғол намояд ва ман коре карда наметавонистам, зеро ошнобозиву хотирбинӣ ҷо надошт ва Толибҷон Ҳусейнов, довталабе аз шаҳри Душанбе, гуфт, ки агар ғолиб наомадам, боке нест, бисёр омӯхтам, ҳоло ҳамин кифоя аст ё достони «Ғалабаи Таня»-ро як духтарак чунон қироат кард, ки ҳарчанд донистем аз ёд медонад, то охир мафтун шуда гӯш кардем. Ва ин гуна лаҳзаҳои хотирмон хеле зиёданд!

– Оё чун нависандаи бачаҳо гуфта метавонед, ки роҳандозии озмунҳо то куҷо ба китобхон шудани ҷомеа мусоидат мекунад ё намекунад??

Агар ин Озмун камаш панҷ сол давом мекард, хонандаҳое пайдо мешуданд, ки ба мо, адибони бачаҳо, рӯирост мегуфтанд: шумо асари суст навиштед ё фалон асаратонро дубора нависед!

– Мешавад, ки баъзе бачаҳои мо ба кишварҳои дигар раванду дар ин гуна озмунҳо ширкат варзанд?

Ҳамин се нафар, ки сазовори ҷоиза дар номинатсияи ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик шуданд, метавонанд, ки боиси сарфарозии мо дар Эрону Афғонистон шаванд: Муҳаммад, Зебунисо ва Биниамин! Ва дигар ғолибон низ.

– Буданд бачаҳое, ки ба аксар савол ҷавоб дода натавонистанд?

Буданд. Вале бача бача аст, мо онҳоро наранҷондем, хотирашонро наозурдем, тасаллӣ ва маслиҳат додем, ором кардем…

– Чуноне таъкид кардед, бори аввал дар ин сатҳ озмуне баргузор шуд. Ва табиист, ки он аз камбудиҳо холӣ набуд. Ҳайати ҳакамон чӣ камбудиҳои озмунро пай бурданд?

Бешубҳа, чунин иқдоми бузург, ташаббуси олиҷаноб, ки тамоми сатҳҳои ҷомиаро фаро гирифт, аз камбуд холӣ нест. Яке ин аст, аз баъзе манотиқ барои соҳиб шудан ба «Шоҳҷоиза» довталабон фиристодаанд, ҳол он ки довталаб аз миёни чор нафар интихоб мешуд, ки мақоми аввалро соҳиб шудаанд. Дигар, ҳайати ҳакамони аз оғоз бояд муайян шаванд, на дар арафаи ҷамъбасти озмун. Сеюм, ҳар вилоят ва минтақа барои ҳар номинатсия шумораи муайяни довталаб бояд фиристад, зеро аз баъзе вилоят як-ду нафар омадаанду аз баъзе 7-8 нафар…

Дар баргузории Озмун хатою камбудӣ ҷиддӣ ба назар нарасид, ҳама минбаъд ислоҳ хоҳанд шуд.

– Магар ин аввалину охирин иқдом буд, яъне “Фурӯғи субҳи доноӣ…” бо ҳамин тамом ё идома мекунад?

Умед дорам, ки ин аввалин ва охирин Озмун набуд, зеро ҳама пай бурдем, ки манфиат аз баргузории он басо бисёр аст.

– Омодагии Китобхона ба озмун чӣ гуна буд? Шароити фароҳамоварда хуб буд ва ё камбуде дошт, ки дар оянда бояд онро ислоҳ намуд?

Кормандони китобхонаҳои мамлакат сазовори таҳсинанд. Бахусус Китобхонаи миллии Тоҷикистон яке аз даргоҳҳои ангуштшуморест, ки кормандонаш боадаб, хушмуомила, меҳрубон, коргар, шукргузоранд. Чанд нафар иқрор шуданд, ки дар рӯзҳои баргузории Озмун басо пурташвиш, вале хушмуомила буданд. Бигузор дигар корхонаву ташкилотҳо хоксориву фурӯтанӣ, салом гуфтану ба суол ҷавоб додан, одӣ будану кибр накарданро аз инҳо омӯзанд.

Шароити фароҳамоварда олиҷаноб буд. Ҳама ҷо тозаву озода. Аз коғазу қалам то ғизо муҳайё буд. Ҳар бегоҳ тайёр буданд, ки бо мошини хидматӣ ё шахсӣ моро ба манзиламон бирасонанд. Ҳар соат нафаре омада аз мо суол мекард, ки чӣ хидмат кунем, чӣ даркор аст. Ҳатто (дар шуъбаи бачагона) ба меҳмонону бачаҳо бо мулоиматӣ мефаҳмонданд, ки бо адибон сурат бигиранд, ҳамсуҳбат шаванд, зеро дигар кай чунин фурсати муносиб фаро мерасад…

Барои оянда ва беҳтар гузаштани ин гуна озмунҳо чӣ пешниҳод доред?

Нахуст, барои бачаҳо ҳар сол 200 китоби хуб чоп шавад. Баъд, барои ҳар номинатсия Низомномаи махсус бояд тартиб дод, сонӣ, бачаҳо рӯйихати адабиёт ва адибони бачагонаи ҷаҳонро низ дар даст дошта бошанд, аз ҳар минтақа ва вилоят фақат як нафар пешниҳод шавад, то ҳакамон фурсат дошта бошанд, ки ҳар кадомро пурсида тавонанд. Хуб мешуд, ки барои хурдсолон 5 ҷой муқаррар карда шавад.

 Мусоҳиб Бобоҷон Шафеъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь