Суҳбати мукаммали махсуси halva tj бо рӯзноманигор ва адиби маъруфи тоҷик Адаш Истад перомуни рӯзгор, фаъолияти эҷодӣ, гуфтумони алифбои ниёгон, мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ, баҳси нишони давлатӣ, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва масоиле дигар ба ифтихори 75-умин солгарди умри мусоҳиб.

 Фантаст: сиёсӣ ва хатарзо

– Нависандаи фантаст, шоир, драмматург ва рӯзноманигор: дар шарҳи худатон Адаш Истад кист?

– Камина дар солҳои донишҷӯйӣ ба навиштани ҳикоёти илмӣ-хаёлӣ шурӯъ кардам. Фикр мекардам, ки ин жанр ба васеъ кардани биниши халқ, бавижа насли нав мусоидат мекунад. Ба ғайр аз жанри фантаст, барои хурдтаракон низ ҳамон вақт афсонанависиро оғоз карда будам, ки он ҳама имрӯз дар «Чароғи сеҳрнок» ҷамъ омадаанд. Сипас бо пешниҳоди Аминҷон Шукуҳӣ қиссачаи «Нахӯдак»-ро барои маҷаллаи «Чашма», ки сардабираш Камол Насрулло таъйин гардида буд, эҷод кардам ва он ҷо ба чоп расид.

Дар замони Шӯравӣ дар матбуот ё адабиёти реалистӣ-сотсиолистӣ оид ба нуқсонҳои ҷомеа чизе навиштан мамнӯъ буд ва он барои ҷони нависандаву гӯяндааш хатарзо ҳисоб меёфт. Аммо агар бигӯед, ки ин ҳодиса дар Шӯравӣ, Тоҷикистон ва ё Душанбе неву дар фалон сайёра рух додааст, проблема баён мешуд, ба гӯши масъулин мерасид, то ҷое ҳал мегардид ва Главлит ҳам эроде гирифта наметавонист. Агар бар зидди шумо мешӯрид, дастак доштед, ки бигӯед, ман чунин нагуфтаам, ин дарки хатои шумост ва ин воқеа дар сайёрае рух дода, ки тасаввурӣ аст.

Боре дар семинари фантастиканависони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав ҳикояи «Дарахти пахтачормағз»-и камина баҳои баланд гирифт. Дар он сухан перомуни зарарҳои пахта мерафт ва то ин ҳодиса мудири шуъбаи насри маҷаллаи «Садои Шарқ» – Шамсӣ Собир, ки як тарҷумони миёнаҳол буд, ба чопи асарҳои банда мамониат эҷод карда буд. Дар Маскав ҳикояро гуфтанд, ки хеле сиёсист ва чопаш хатарзост. Вале онон фантастикадонон буданд ва ин пардапӯшгӯиҳо ба эшон рӯшан буд. «Дарахти пахтачормағз»-ро бо ибрози проблемаи номбаршуда на дар Тоҷикистон, на дар СССР ва ҳатто на дар рӯйи Замин, балки дар як сайёраи дур рух дода, дар Тоҷикистон ба табъ расонидем ва Главлит ҳам ба чопаш монеа карда натавонист. Ҳамин тавр, акси муаммоҳои барҷастаи Шӯравиро дар ҳикоёт ҷой додаву тасвир мекардем.

– Воқеан, Шумо ба адабиёт бо ҳикояву қиссаҳои фантастикӣ ворид шудаед, вале ҳоло мебинем, ки минбаъд ба фантастика муроҷиат накардаед. Сабаб чӣ бошад?

– Мақсад аз фантастика гуфтану иброз доштани муаммоҳои сахти зиндагӣ буд. Баъди ошкорбаёнӣ зарурати бо киноя баён кардан намонд. Аммо агар диққат кунед, унсурҳое аз ин жанр дар эҷодиёти камина идома доранд…

Шарти аҷиб

– Сабаби ногаҳон ба мавзӯи таърихӣ рӯй оварданатон чист?

– Камина солҳои донишҷӯйӣ оид ба Деваштич як очеркчае навишта будам, ки дар рӯзномаи «Ленин юли Самарқанд» (ҳозира “Зарафшон”) дар тарҷумаи марҳум Ҳоҷиқурбон Ҳамидзода чоп шуда буд. Ва минбаъд низ дар мавзӯъҳои таърихи ниёгон қаламкашӣ мекардам, ки дар блоги «Герби шердор» имрӯз гирдоварӣ шудааст. Вале ман донишманди таърих нестам, балки тарғибгар ҳастам. Яъне, публистист. Солҳои пеш аз пошхӯрии Шӯравӣ бо мусиқишинос Аскаралӣ Раҷабов гуфтугӯ намуда, нақша гирифтем, ки ҷашни 1400-солагии Борбадро ташкил намоем. Он ба афзоиши ҷаҳонбинии фарҳангии мардум ва ифтихороти миллӣ мусоидат мекард. Инҷониб бо Акбар Ҷӯраев як корманди КМ мулоқот кардам ва масъаларо бар миён гузоштем. Вале аз Кумитети Марказӣ шарти аҷиб гузоштанд. Онҳо гуфтанд, мо ҳамон вақт қарори ҷашнро хоҳем баровард, ки шумо дар матбуот 100 мақола ё асари бадеие оид ба Борбад ба табъ расонед. Мо онро пазируфтем ва шахсан камина 14 ҳикояи таърихӣ перомуни ҳаёту рӯзгори Борбад ба чоп расонидам, ки баъдан ба забони русӣ низ дар шакли китоб ба табъ расид. Ва ҳамин тавр пайванди мо ба таърих бархӯрд.

– Шеър ва драмма ҳам дар феҳрасти эҷодиёти Шумо вомехӯранд…

– Бале, камина худро дар назм ва драмматургия низ озмудам. Ҳарчанд пйесаи «Хӯса» дар Самарқанд бо коргардонии Бурҳон Раҷабов рӯи саҳна омад ва радиопйесаи «Таркиш»-ро, ки оид ба фалокат дар кони зеризаминӣ буд, дар ин самт аввалин ҳисоб мекунанд, аммо шахсан инҳоро ҷиддӣ ва муҳим ҳисоб намекунам.

Даргоҳи эҷодӣ

– Шумо фориғуттаҳсили факултаи суханшиносии тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳастед. Пайвандиатон ба рӯзноманигорӣ ва сафар ба Душанбе аз куҷост?

– Ҳангоме Донишгоҳи Самарқандро хатм кардам, он ҷо барои муаллими адабиёти тоҷик ҷой набуд. Ҳамон вақт Абдуқодир Маниёзов барои кор дар Сарредаксияи энсиклопедияи тоҷик ба Тоҷикистон даъватам карда, аммо «то прописка накунед, намегирем», гуфтанд. Ба Институти забон ва адабиёт рафтам корҷуӣ. Дар долон бо Валӣ Самад рӯ ба рӯ шудем. Валӣ Самад гуфтанд, «Шумо барин фантаст ба миллат хеле зарур аст» ва ҳамон ҳин ба идораи «Комсомоли Тоҷикистон» занг зада гуфтанд: “Агар ҳоло Адаш Истадро ба кор нагиред, хиёнат ба миллат мекунед! Зеро ба Самарқанд баргашта равад, намесабзад, он ҷо ин хел муҳити адабӣ нест.

Ҳамин тавр, пайванди ман ба Душанбе хӯрд ва камина рӯзноманигор шудам”.

-Вале фаъолияти назаррабои Шумо дар «Адабиёт ва санъат» аст. Чӣ гуна ба ин идора пайвастед?

– Замоне рӯзномаи маъруфи «Маъориф ва маданият»-ро ду тақсим карданд: «Омӯзгор» ва «Маданияти Тоҷикистон». Кормандони он ба ду редаксия ҷудо шуданд. Бандаро рафиқон даъват намуданд ва он ҷо ба симати мудири шӯъба корро оғоз кардам. Сипас ин рӯзнома «Адабиёт ва санъат» ном гирифт ва то охирин рӯзҳои дар Тоҷикистон буданам, дар баробари идораи радиои «Тоҷикистон» ва дар шӯъбаҳои гуногун дар ин даргоҳ адои вазифа кардам.

– Ибрози пӯшидаву ошкори масоили миллӣ  суннатҳои миллӣ, пайдоиши ғояи забони давлатӣ, ҳимояи фарҳанги тоҷик ва хештаншиносӣ боре аз Главлит, Кумитаи Марказӣ ва ё ниҳоде дигар «дарди сар» эҷодатон карда буд?

– «Интернатсионализм аз чӣ сар мешавад?» («Адабиёт ва санъат», 28 май, 1987) чоп шуд. Барои ин мақола бо иштироки муовини раиси ИН Борис Пшеничний маҷлис даъват карда, маро ҷазо доданӣ шуданд, зеро шахси дуввум дар роҳбарияти Кумитаи Марказӣ Лучинский буд, дар ҳар маҷлис мегуфтааст: «Адаш Истад ещё там работает?».

Аскар Ҳаким сардабир буданд, зуд хатои худро ба гардан гирифтанд. Як коммунист зиддам сухани сахт гуфта, маро ба лаби ҷар наздик бурд. Муаззама, Баҳманёр ва Муҳаммадзамон тарафи камина шуданд. Ҳамин вақт раиси Иттифоқи нависандагон Мӯъмин Қаноат, ки дар Маскав буданд, ногоҳ даромаданд ва гуфтанд: ман мақоларо хондам, он ҷо масъалаҳои муҳим ба муҳокима гузошта шудааст ва муаллифро мебояд, ки доир ба ҳалли он мақолаи алоҳида нависад.

Бо ҳамин маҷлис ҷамъбаст шуд ва агар пас аз ин «Адабиёт ва санъат»-ро бибинед, мақолаҳои камина оид ба додани мақоми давлатӣ ба забони тоҷикӣ, эҳёи хату алифбои пешина ва дигар масоили гуногуни миллӣ хеле зиёд чоп шуданд. Яъне, баъди ин суханони Мӯъмин Қаноат гӯё ғайрати камина ба ҷӯш омад ва мақолаву ҳикояҳои зиёд нависта, чоп кардам. Аз он вақт 34 сол гузашт. Насли нав ба вуҷуд омадааст, ки аз муборизаҳои он солҳо шояд тасаввуроте надорад.

Гуфтумони хатти форсӣ

– Воқеан, талоши Шумо барои бозгардонидани алифбои форсӣ хеле беш аст. Чаро?

– Камина дар замони мубориза барои мақоми давлатии забони тоҷикӣ бо Муҳаммадраҳими Сайдар мақолае навишта будем, таҳти унвони «Расмулхатти бобоӣ – нури басари моӣ!». Ин мақоларо барои чоп ба сардабири онвақтаи «Адабиёт ва санъат» Аскар Ҳаким супоридем. Мақола баҳсбарангез буд ва мо ҳам мехостем масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ дар баҳс бо иштироки васеи донишмандон ва адибон муҳокима шавад. Аскар Ҳаким мақоларо ба узви шӯрои ҳафтанома, директори Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт Абдуқодир Маниёзов барои маслиҳат супорид. Он кас мақоларо дар дасти худ 5-6 моҳ нигоҳ доштанд. Дар ин муддат баҳсҳо оид ба мақоми давлатии забони тоҷикӣ ҳал гардида, барои муҳокимаи бозгашт ба хатти форсӣ вақт намонд.

Ҳамин тавр, мақолаи мо дар «Адабиёт ва санъат» 2-уми ноябри соли 1989 чоп шуд. Баъди ин ҳодисаи баёнгари равшани хунукназарии Маниёзов дар нисбати тақдири забон дилам аз эшон тамоман хунук шуд. Агар ҳамон вақт, яъне 30 сол пеш бо мақолаи ману Сайдар баҳсро оғоз мекарданд, паҳлӯҳои гуногуни ин масъала хеле таҳлилу тадқиқ гардида ва имрӯз ба хулосаи қатъӣ расидан имконпазир мегардид.

– Далоили Шумо чӣ буд?

– Масъалаи бозгашт ба хатти форсӣ хеле мураккаб ва бузургтар аз он аст, ки баъзеҳо гумон мекунанд ва бо як даҳон сухани профессор Иброҳим Усмонов ҳал намешавад. Ӯ гуфта: «Хатти форсии арабӣ ҳама овозҳои забони тоҷикиро ифода карда наметавонад». Аммо нагуфта, ки хатти кирилӣ низ бо имлои кунунӣ ҳама овозҳои тоҷикиро ифода карда наметавонад. Хусусан, овозҳои дарозу кӯтоҳро. Шеъри арӯзии мо тақозо дорад, ки овозҳои дарозу кӯтоҳ дар хат ифода шаванд.

Ҳамчунин, чаҳор ҷанбаъро аз Пошо Хуросонӣ бигӯем, айни муддаост:

– забони форсӣ дар тӯли мавҷудияти худ бисту панҷ миллион калима сохтааст, ки гувоҳ ба хиради олии форсизабонон аст. Ҳеч як забони дигар ин қадар калима сохта натавонистааст;

– дар ягон забони дигар луғатномае ба мисли «Луғатномаи Деҳхудо» дар 17 ҷилд ва ё «Фарҳанги Муин»-ро дар 6 ҷилд пайдо карда наметавонед;

– забони форсӣ дар 28 кишвари ҷаҳон мавриди истифодаи мардум аст ва бо ҳамин хатти арабиасоси худ. Танҳо дар Варорӯд, яъне Мовароуннаҳр 29-ум кишвар Тоҷикистон аст, ки пофишорӣ дорад;

– забони форсӣ байни забонҳои пуркорбурди интернетӣ дар мақоми 13-ум қарор дорад;

Ва гуфтаниям, ки мо тоҷикон боз бо карахтии фикрӣ номи забонамонро ба асли худ форсӣ наномида, хату алифбои 1300-соларо пушти по задан гирем, аз ҳамаи ин шуҳрате, ки забони порсӣ дар ҷаҳон дорад, берун хоҳем монд.

Зиёда аз ин, ин дар пеши назари мардуми ҷаҳон нишони заифхирадии мо хоҳад буд. Мо барои барқарор кардани хату алифбои форсӣ дар се даҳсолаи истиқлол қариб коре накардем. Ин гуноҳи азими моро оё наслҳои оянда мебахшида бошанд? Намедонам…

Ҷумъабой Азизқулов, адабиётшинос ва энсиклопедист дар суҳбат ба камина гуфта буданд: «Ҳамчун донандаву хонандаи хуби хатти ниёгон бояд ба баргардонидани алифбои форсӣ мувофиқ мебудам, чун: аввалан, хатти ҳазорсолаи ниёгони мост ва бузургтарин осори илмиву адабии мо ба он навишта шудааст; ва сониян, агар ин ақидаро пазирем, хатти кириллиро баъд аз хатти лотинӣ бар сари мо бор карданд. Лотинӣ назар ба кириллӣ бештар овозҳои забони моро ифода мекард; ва солисан, Озарбойҷону Ӯзбекистон ба хатти аввалаашон гузаштанд ва ин гуна пиндошт ҳаст, ки ҳувияти хешро ҳифз карданд. Мо низ мебоист хештаншинос мебудем; Аммо ман комилан мувофиқ нестам, чун агар мо ба хатти ниёгонамон баргардем, сад соли дигар аз дунё ақиб мемонем!».  Шумо ба ин чӣ мегӯед?

– Пешвои ҷадидон Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ барои мардуми мо донистани чор забонро зарур дониста аст. Донистани хатти ниёгон дигар асту гузаштани забони тоҷикӣ ба хатти пешин дигар. Фарҳанги тоҷикӣ форсии мусулмонӣ ном дорад, на форсии кирилӣ!

Талафоти азими фарҳангӣ дар гузариш ба хатти кириллиро медонед чист? Мардуми тоҷик аз мероси адабиёти ҳазорсолаи худ, ки бо ин хат эҷод шуда буданд, ҷудо шуд. Дар 70-соли Шӯравӣ танҳо қисме аз он мероси бузург ба кириллии тоҷикӣ баргардон ва чоп гардид. Ҳамчунин, аз дастовардҳои фарҳангие, ки минбаъд дар кишварҳои дигари форсизабон – Эрону Афғонистон ба вуҷуд меомаданд, ҷудо шудем. Бавижа, Эрон ҳар навоварии илмиву техникие, ки дар Ғарб пайдо мешуд, зуд тарҷимаву нашр мекард ва хонандаи тоҷик аз ҳамаи ин маҳрум гардид. Тоҷикон ба умеди он монданд, ки кай русҳо аз забонҳои аврупоӣ баргардон мекунанд ва русҳо бошанд, аксар дер ба чунин кор иқдом менамуданд, чун монеъаҳои идеологӣ доранд.

Бубинед, дар Ҷопону Чину Куриё мушкилтарин хат – иероглифҳост. Теъдоди онҳо 85 ҳазору 868-то будааст. Ҳама инро дар ёд нигоҳ доштан заҳмати азимест. Азбаски онҳо ба ривоҷи фикрӣ хизмат мекунанд, каллиграфияи миллӣ ҳисоб меёбанд, ин кишварҳо ҳеч гоҳ ба хатти лотинӣ гузаштанӣ нестанд! Мо бошем, дар омӯхтани 32 ҳарфи форсӣ мелангем. Ин танҳо нишонаи танбалист. Инглисиро бо шавқ меомӯзем, зеро забони бузурги илму адаб аст, мақоми ҷаҳонӣ дораду барои ҷои кори серпул ёфтан лозим меояд. Вале омӯхтани форсӣ нисбат ба инглисӣ осонтар аст, онро бо ин ки намеомӯзем, пешпо ҳам мезанем. Бояд бигӯям, ки дар замони пешрафти технология баргардони хатро аз як забон ба дигар забон бо компютер ва смартфон кардан мумкин ва форсӣ дар ин радда ҳатман ҳаст. Аммо тоҷикии криллӣ вуҷуд дорад?

Дар хатти форсӣ на ҳама овозҳои кӯтоҳ навишта мешаванд, онҳоро фикр карда, байни ҳарфҳо гузошта, маъно баровардан лозим. Яъне, вақти хондани матни форсӣ мағзи инсон гӯё доим дар тамрин аст ва ин фикррониро ривоҷ медиҳад. Муҳимтар аз ҳама ба хатти форсӣ ягон нодону аҳмақ саводнок шуда наметавонад.

Хатти кириллӣ ба он дараҷа забони модарии моро дурушт намуд, ки ровии телевизион ба даҳони ягон роҳгузари ҳатто маълумоти олидор микрофон бидорад, он шахс ба посухи саволи ӯ чанд ҷумлаи пурмаъно ва равон гуфта наметавонад. Аммо як бачаи афғонро дар ҳамон вазъ мебинед, ки ҷое дар намонда, равон ҳарф мезанад, ҳол он ки дар Афғонистон ҷанг асту ҳамагӣ ду-се сол дар дабистон таҳсил кардааст ва илло на.

Ситоди махфӣ ва ситодҳои ошкор

– Барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан низ саҳми Шуморо кам намедонанд…

– Барои ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ додан мубориза хавфнок буд. Банда бо кормандони «Адабиёт ва санъат» ва «Садои Шарқ» замоне дар Душанбе як ситоди махфӣ ташкил додем ва вақте ки дар шаҳру ноҳияҳо ба муроҷиати мо – журналистон ҳазорҳо имзо ҷамъ карда, ба Шӯрои Олӣ фиристоданд, дар идораи «Ҷумҳурият» ва «Комсомоли Тоҷикистон» ситодҳои ошкор ташкил шуд.

Боре Муҳаммадзамони Солеҳ гуфт:

– Ба кори мо шарикон зиёд шуд, ба номи худ мекунанд ин корномаро.

Гуфтамаш, бигзор чунин бошад, охир мо барои шуҳрат ин корро накардаем.

Ва ҳамин тавр, Борис Пшеничний, ки барои назорати фаъолияти ИН муовини Мӯъмин Қаноат таъйин шуда буд, дар як пленум гуфт: ҳеч мумкин нест, ки дар ташкили ин қадар имзо иштироки ягон ташкилоти махфӣ набошад…

Ба ростӣ, мо касеро ҷалб накарда будем. Ягон устодонро низ. Аммо Лоиқ огоҳ шуданд ва худ гуфтанд, «натарсед, ман тарафдори шумо».

Дар он вақт хавфи он буд, ки КГБ монеи ташаббускории мо мешавад. Аз ин пеш маро тамоми рӯз барои дар бораи як сухани Фотеҳи Абдулло дар КГБ гушнаву ташна нигоҳ дошта, талаб карда буданд, ки зидди ӯ маълумот диҳам. Касе гуфтаст, ки он ҷо Адаш Истад низ буд. Ман гуфтам, ки дар ёд надорам, ки Фотеҳ Абдулло чӣ гуфт. Сад бор пурсиданд, гапамро дигар накардам.

Муфаттиш хеле зиёд асабонӣ шуда, гуфт, «барои бар зидди Фотеҳ Абдулло кушодани парвандаи ҷиноӣ танҳо як шоҳид намерасад. Шумо душмани сохти советиро ҳимоя карда истодаед!».

Вазъ ҳамин тавр буд он солҳо.

Ҳамчунин, вақте бо талаби дар Ӯзбекистон ба забони тоҷикӣ додани мақоми давлатӣ дар Фейсбук даъватнома нашр кардам, як мансабдори мақомоти калони ҳукумати Ӯзбекистон дар Интернет навист, ки имкон ёбад маро худаш мепарронад. Тасаввур кунед, ки ҳамин одам дар шаҳри Самарқанд дар муҳити тоҷикзабон ба воя расидааст. Яъне оқибмонии фикрии ҷомеа вуҷуд дорад.

Ҳиҷрати Самарқанд

– Дарвоқеъ, меоваранд, ки бо сабаби «хор гардидани қимати сухан ва суханвар» тарки Тоҷикистон кардед. Ин то куҷо ҳақиқат дорад ва омилҳои асосии аз Тоҷикистон рафтанатон чӣ буд?

– Соли 1993 вақте вазифаи муовини сармуҳаррири «Адабиёт ва санъат»-ро вогузошта, ба Самарқанд омадам, аз пасам овоза шуда, ки «аз ҷанги шаҳрвандӣ фирор кард». Вале ин маҳаки асосӣ набуд! Ман аз муносибати сард ранҷида, ба Самарқанд накӯчидам.

Воқеан, замоне Ҳайрат Шанбезода ва Арбоб Вадуд «ба Самарқанд дафъ шавед» гуён ҳуҷумам карданд. Вале камина аз ин ҳодиса наранҷидам, зеро Давлат Худоназаров, Гулрухсор ва Лоиқ барин намояндагони бузурги фарҳангро намояндаи халқи тоҷик меҳисобам, на ду дарвешро.

Лекин баъди он ки маро «дафъ шавед» гуфтанд, баъзе занҳо низ «шумо самарқандиҳо кай ба Самарқандатон дафъ мешаветон?» гӯён дар мағоза ба ҳамсарам ҳуҷуми даҳонӣ кардаанду вай ранҷур шуда, ба Самарқанд баргашт ва ба парастории падару модари бемораш моҳҳои дароз андармон шуд.

Ман бо писарбачаи маъюбам дар Душанбе дар азоб мондам. Ҳамчунин, вақте духтарам дар Институти тиббӣ таҳсили илм мекард, он ҷо донишҷӯёни боевик зиёд шуданд. Маҷбур шудам, то ӯро ба Институти Самарқанд гузаронам. Ӯ ин ҷо ба шавҳар баромад. Ҳамсарам ҳамин ҷо монд. Рӯзномаҳои тоҷикии Самарқанд ба кор таклифам карданд ва воқеан ба кадр ниёз доштанд. Барои тарбияи кадрҳо ин ҷо мондани камина лозим омад. Инҳо ва боз сабабҳои дигар маро дар Самарқанд пойбанд кард.

– Аз ҷониби ягон ниҳоде аз Тоҷикистон боре даъвати баргаштатонро карданд? Ё шуда ки худ азми омадан карда бошед: тамоман дилсард – ку нестед?

– Сексияи дар Душанбе бударо 8 сол пеш фурӯхтам. То ин вақт умеди баргаштан буд. Аммо дар як сафар фаҳмидам, ки он муҳите, ки замоне эҷод шуда буд, дигар нест. Инро дар суҳбатҳо Баҳманёр ва дигар рафиқон таъкид мекарданд, ҳатто дар як суҳбати телефонӣ худобиёмурз Сафарбеки Солеҳ ҳам гуфт: дар Душанбе дигар самимият намондааст.

Маро ба Тоҷикистон касе ё идорае даъват накард. Замоне маҷмӯаи ҳикояҳои ҳаҷвии камина ва матни тоҷикӣ ва русии қиссаи «Нахӯдак» дар нашриёти «Адиб» буд. Чанд сол гузашт, ба ин нашриёт даромадам, гуфтанд, ки дастхатҳоятон гум шудааст. Гуфтам: касе дуздидааст, душмани кӯдакони тоҷик аст, то ки онҳо китоб нахонанд. Танҳо баъди чанд сол як китобчаи банда бо номи «Оҳангҳои Самарқанд» дар Тоҷикистон бо маблағи Президент чоп шуд. Аммо акнун ҳавсалаям пир шуду худам низ. Душманӣ накунанд, хурсандам. Ҳеч хел вазифа, унвон, мукофотро интизор нестам. Ҳар чизе ки навиштам, ин қарзи фарзандии ман буд, ба мардуми азизам.

– Барои адиб чопи китоб муҳим аст?

– Албатта, китоби чопӣ хуб аст, бавижа барои насли мо ки бо китобу қоғаз одат кардаем ва аз онҳо бӯю лаззати хосро эҳсос мекунем. Вале барои чопи як китобча камаш 10 млн. сӯм (бо пули узбекӣ) лозим аст. Хушбахтона, имрӯз бо дастрасии интернет мушкили чоп осон шудаааст ва ҳар хонанда метавонад аз ин истифодаи самаранок барад.

Ҳама моли таъриханд

– Пас аз ба нармӣ гароидани муомилоти Тоҷикистону Ӯзбекистон аҳли зиё ва оммаи тоҷикони ду сӯи сарҳад шодком гардиданд ва натоиҷе ҳам ба бор овард, ки якеаш моҳе қабл Шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дар шаҳри Самарқанд боз шуд. Вале ба пиндори Шумо ин ҳама то куҷо ва чи андоза пайвандгари ду кишвар ва ду миллат буда метавонад?

– Самарқанду Бухоро ва дигар марзи тоҷикнишини Ӯзбекистон имрӯз моли давлати Ӯзбекистон аст ва ҳама гуна даъвоҳои марзӣ дӯстии байни ин ҳамсояҳоро аз байн мебарад. Мо бояд ба таърих муносибати худро дигар кунем.

Ифтихори миллӣ набояд бар асоси дастовардҳои пешиниён бошад. Рӯдакӣ, Ибни Сино ё Берунӣ – ҳама дигар моли таъриханд. Миллат набояд оқибнигар, балки имрӯзбин ва ояндасоз бошад.

Ягон итолиёвӣ магар фахр мекунад, ки порлумон ё ҳуқуқи Римӣ эҷоди онҳо буд? Оё бо он қадар файласуфонаш, назири Суқроту Афлотун фахр мекунад? Ҳатто куриягиҳои Ҷопон ба сарвари Куриёи Шимолӣ Ким Ир Сен нома навишта, гуфтаанд, ки онҳоро японҳо ба вазифаҳои хуб роҳ намедиҳанд. Ким барои дар донишгоҳҳои Ғарб таҳсил кардани куриягиҳои Ҷопон 55 миллион доллар дод (як шиноси куриёгии камина инро таъйид кард). Ҳоло дар Япония нисбати куриягиҳо муносибат хеле олист. Сабабаш – онҳо мутахассисони пешқадамтарини ҷаҳон шуда тавонистанд.

Халқи тоҷик пойбанди одатҳо, маросимҳои серхароҷот аст. Мошин харам, иморати бузургтар аз хонаи ҳамсоя созам… Халқро асосан адабиёти муосири пешқадам тарбия мекунад, на чизе дигар. Мо, адибони касбӣ ҳамон вақт асарҳои ҳақиқӣ нависем, ки аз пайи таъмини рӯзгори хонавода 90-дарсади вақтро сарф накунем. Дар чунин ҷумҳурии хурд адиб бо фурӯши китоб зиндагӣ карда наметавонад. Мо бояд дигар шавем. Ҳар кас имрӯз ба ҳоли худ аст. Мо низ бояд бо дастовардҳои имрӯз фахр кунем, на дирӯзу на антиқ. Дар ҳама мамлакатҳои пешрафтаи дунё ҳамин аст. Дигар тарбияи фарзандони аз худи мо беҳтар мақсади асосии ҳаётамон бояд бошад, на ин ки Самарқанду Бухоро тоҷикзамин буд гуфтани хушку холӣ. Дар мисоли хонаводаи худам мегӯям, ки каме бошад ҳам, ҷунбиш ҳаст: як набераам ба коллеҷи Амрико дохил шуд, дигараш ба Донишгоҳи Маскав.

Таъсири манфӣ

– Тоҷикони Ӯзбекистон ба «фирори мағзҳо» то чӣ ҳад мувоҷеҳ ҳастанд?

– Бисёр масоил, аз ҷумла вазъи маорифи миллӣ ва фарҳанг ба иқтисод вобастагӣ дорад. Иқтисод, ки паст бошад, мардум барои ҳалли мушкил ба кишварҳои дур мераванд. 30 соли охир вазъи иқтисодии аксарияти аҳолӣ беҳ шуд гуфта наметавонам, зеро ки худатон медонед, тоҷикон чӣ қадар дар кишварҳои дигар кору зиндагӣ мекунанд. Албатта, ин вазъ муваққатӣ аст. Аз ҳоло маълум, онҳо дар Ватани худ хона мехаранд, агар фарзандро хонадор кардан хоҳанд, арӯсро аз байни духтарони зодгоҳи худ меҷӯянд. Тахмин, баъди чанд сол бозгашташон ба Ватан оғоз мешавад. Суст шудани қишри донои тоҷикони Ӯзбекистон ба сабаби кӯчидан ба кишварҳои ғарбӣ аст, ки ба ҳастии фарҳанги тоҷик дар ин марз таъсири манфӣ дошту дорад.

Вале дар Ӯзбекистон ва берун аз он сиёсатмадороне ҳастанд, ки тоҷикони Ӯзбекистонро миллати тагҷоӣ не, диаспора, яъне омада меҳисобанд. Ин мафкураи вайронаро дар як конфронси байналмилалӣ дар Донишгоҳи забонҳои хориҷӣ дар Самарқанд шунида будам, ки муовини вазири хориҷаи Англия изҳор ва талаб намуд, «тоҷикони Ӯзбекистон ба забони ӯзбекӣ гузаранд».

Имрӯз дар телевизионҳои Ӯзбекистон барои қариб 2 млн. нафар тоҷик дар ду ҳафта ҳамагӣ 20 ё 30 дақиқа вақти барнома ҷудо кардаанд. Ҳар як одами солимфикр мефаҳмад, ки ин аз рӯи инсоф нест. Замоне фармони Президент оид ба ташкили редаксияи «Дӯстлик» баромада буд, ки бояд якуми январи соли ҷорӣ ба кор сар мекарду барномаҳои тоҷикӣ зиёд мешуданд, аммо маблағи иҷрои ин фармон аз ҳисоби захираи дохилаи ТВ Ӯзбекистон буд ва бо баҳонаи маблағи кофӣ нест, иҷро нашуд.

Агар дар 30-солагии Тоҷикистон ҳамон ҷо канали ӯзбекӣ таъсис медоданд, намунаи ибрат ба ҳамсояҳо мегардид ва муносибати тарафайнро дигаргуна ва қавитар месохт.

– Барои шиносонидани тоҷик бар тоҷик чӣ бояд кард?

– Мо бояд ҳувияти миллиамонро боло барем. Касе аз хомабадастон байни мардум, қавм ва миллат фарқе намегузошт. Солҳои 1995-2000 аз рӯи тақозои вазифаи рӯзноманигориам дар маҷлисҳои ҳукуматҳои шаҳру вилоят иштирок мекардам, ки ҳафтае як бор баргузор мешуд. Ягон бор мушоҳида накардаам, ки соҳиби ягон корхона бо ихтиёри худ ба ягон муассисаи фарҳангӣ ё таълимӣ кӯмак карда бошад. Доимо ҳоким онҳоро маҷбур мекард, ки ин амали хайрро кунанд. Ҳоло ҳастанд чанд нафаре, ки ин амалро ихтиёрӣ мекунанд, аммо ин кори онҳо ба ҳисси миллиашон алоқае надорад.

Медонед, дар байни рӯшанфикрон ақидаи дурусте мавҷуд аст, ки миллат танҳо қисми бофарҳанги ҳар як қавм ё мардум аст. Бофарҳанг будан, яъне соҳиби маданияти баланди инсонӣ будан аст, ки ахлоқи ҳамида асоси онро ташкил мекунад. Фоҳиша, дузд ва дигар унсури ҷинояткору бадахлоқ бо шумо ҳамқавм буда метавонад, аммо ҳаммиллат нест. Аносири ҷиноӣ, бадахлоқи қавми тоҷик ҳақ надорад, то худро бо устод Айниву Турсунзода, Бобоҷон Ғафурову Муҳаммадҷон Шакурӣ ҳаммиллат ҳисоб кунад. Эталони миллии тоҷикро чунин бузургмардон таъин намудаанд.

Пешрафти ҳар як кишвар ба он вобаста аст, ки қишри миллатшудаи мардум бар миллатнашуда афзалияту бартарии зиёде дошта бошад. Миллатсозӣ кори муҳими ҳар як давлати миллист, чун ин кор маънавияту ахлокӣ ҷомеаро ба дараҷаи сифатан нав боло бардошта, барои рушди иқтисодиву фарҳангии мардум шароити беҳтаре ба вуҷуд меорад. Давлат бояд дар ин боб барномаҳои аниқ дошта бошад.

– Чаро аз вожаи устод худдорӣ мекунед? Воқеан, Шумо киро устоди хеш меҳисобед?

– Ба он хотир баъзан аз баёни ин вожа истиҳола мекунам, ки он шахси ном мебурдашуда ба камина ҳаққи устодӣ надорад. Танҳо ба ҳамин хотир.

Гарчанде жанрҳои ман дигаранд, камина шогирди маънавии устод Фазлиддин Муҳаммадиев ҳастам. Муҳаммадиев соҳибмактабанд, шогирдони зиёде тарбия намудаанд. Баъди вафоти ин лидери адабиёти тоҷик муҳити адабӣ дар наср бе сарпараст монд. Ва хеле дар гумон аст, ки бе чунин паровоз адабиёт дигар рушди назаррас дошта бошад. Ман аз ин устод маданияти баланди ахлоқию маънавиро омӯхтаам. Доим таъкид мекарданд, ки «агар дар жанри худ рақами як шуда натавонӣ, қаламро канор гузор ва баргард ба Самарқанд».

Азоби эҷодӣ тоқатфарсост, сабр билохир самара медиҳад. Сад афсӯс, ҷойи чунин шахсиятҳои бузург то ҳанӯз холист.

Намоди нишони давлатӣ

– Дар зимн, шер ва маъниву мафҳуми ин вожа чаро таваҷҷуҳи Шуморо зиёд ҷалб намуда: бар он дараҷае, ки пешниҳод доред, то дар Нишони давлатии Тоҷикистон ин рамз илова шавад?

– Шер дар герби аввалини Тоҷикистони соҳибистиқлол аз герби ягон давлати дигар гирифта нашудааст. Дар озмуни лоиҳаи герби Тоҷикистони соҳибистиқлол чандин гербҳо бо сурати шерҳо пешниҳод шуда буданд. Ин суратҳои шерҳо решаҳои фарҳанги тоҷикро бо замони оини меҳрпарастӣ таъкид мекарданд, чун шер рамзи хуршед низ ба ҳисоб меравад.

Тахмин мекунам, ҳамон зани ғайритоҷике, ки аз камфарҳангии депутатҳои собиқ истифода намуда, аз герб берун кардани шерро ба овоз монд ва ба мақсади нопоки худ расид, одами аз ин гапҳо бехабар набуд. Дар иҷлосияи қабули герб оиди маъноҳои ҳар як унсури он Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат муфассал суханрони карда буд ва баъд зиёда аз як соат ба суолҳои вакилони мардумӣ посух дод.

Дар вақти муҳокимаи лоиҳаи герб маълум шуда буд, ки ҳама дар қолаби герби замони шӯравии ҷумҳурӣ фикр мекунанд. Талаб мекарданд, ки дар герб ҳам пунба, ҳам гандум, ҳам ангур, ҳам куҳ ва ғайраҳо бошад. Дар натиҷа герб асосан нишони вазорати кишоварзӣ гардид. Ҳамин тавр, ҳам рушанфикрони тоҷик, ҳам ҳукуматдорону мардумро як нафар тавонист фиреб диҳад.

Ҳол он ки герби давлатӣ нишони сарзамин, мардум ё вазоратхонаҳо не, бояд пеш аз ҳама нишони давлат бошад, аз вазифаи асосии ин давлат, фарҳанги хеле бостонии давлатдорӣ огоҳӣ бидиҳад. Агар аз рӯи он ки ҷумҳурӣ чӣ бештар истеҳсол мекунад, фикр кунӣ, мебояд, ки баъди чанд сол сурати нерӯгоҳҳои барқиро бо симчӯбҳою трансформаторҳо вориди герб намоӣ.

Дилам месӯзад…

– Солҳои охир ба чи кори эҷодӣ машғулед?

– Қаламкашии худро идома медиҳам ва он ҳамаро дар блоги шахсиам ҷойгир мекунам. Ба ман мустақилона навиштани афкори шахсиямро Анастасия Иванова омӯзонида буданд. Аз осори адибони рус низ бисёр омӯхтаам. Миллатгаро нестам, аммо дилам ба миллатам месӯзад, ки бо ин қадар таърихи бой ва классикону бузургони илму адаб мо – тоҷикон пешрафти назаррас накардаем.

Дар шарҳи ҳол:

Адаш Истад -7-уми сентябри соли 1946 дар деҳаи Ӯташиқи ноҳияи Самарқанди вилояти Самарқанд ба олам омадааст. Ӯ баъди хатми Донишгоҳи давлатии Самарқанд солҳо дар рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Маданияти Тоҷикистон» (сипас он «Адабиёт ва санъат» ном гирифт), радиои Тоҷикистон, нашрияҳои «Овози Самарқанд», «Овози тоҷик», радиои «Озодӣ» ва радиои «Садои Хуросон» фаъолият кардааст. Мақолаҳои машҳури А.Истад асосан ба эҳёи фарҳанги ғании миллӣ бахшида шудаанд ва «Анъанаи нек куҷост?» («Адабиёт ва санъат», 11 августи с.1988), «Номҳо – нишони маърифат» («Адабиёт ва санъат», 8 декабри соли 1988), «Забони миллат – пояи миллат» («Комсомоли Тоҷикистон», 7 декабри соли 1988), «Хоҷа Аҳрор кӣ буд?» («Тоҷикистони советӣ», 27 ноябри соли 1988), «Расмулхатти бобоӣ – нури басари моӣ!» (Адабиёт ва санъат», 2 ноябри соли 1989), «Миллати тоҷикро тақсим накунед!» («Адабиёт ва санъат», 5 августи соли 1991), «Рамзҳои миллӣ кадомҳоянд?» ва ғайра дар байни зиёиён гарм пазироӣ шудаанд.

Адаш Истад узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1975) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст. Соли 1990 барои як силсила мақолаҳои дар руҳияи ошкорбаёнӣ навиштааш, ӯ ба мукофоти ҷумҳуриявии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ мушарраф гардидааст.

Мусоҳиб:

Меҳрофарин НАҶИБӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь