Замоне навишта будам, ки футбол як намуди сиёсат аст. Як роҳи озмудашуда дар сиёсат аст ки метавонӣ барои моҳе, соле, ҳафтае фикру андешаи мардумро ба сӯйи дигар кашӣ то онҳо ҳамаро фаромӯш карда, хаёлан думболаи тӯб даванду аз ҳар зарба хушҳолӣ намоянду аз ҳар як шикаст кӯдаквор гиря кунанд.

Бубинед, дар ҳамин шабу рӯзе, ки аз як сӯ ғами муҳоҷирони баргаштабахти тоҷик, ки дигар наметавонанд орому осуда дар Русия кору зиндагӣ кунанд, аз сӯйи дигар ҳушдори пайиҳами “Барқи тоҷик”, ки бо интихоби Бонки ҷаҳонӣ дигар гармию сардии мо дар дасти эшон асту аз лимити бадбахт аллакай аз моҳи сентябр огоҳ мекунад, аз як сӯй ҷанги бепоёни Фаластину Исроил, ки ҳар рӯз садҳо қурбонӣ дорад, аз як сӯй ба хун кашида шудани Украинаи зебое, ки ман мешинохтам, барои ҳафтае ба мухлисии дастаи футзаламон бурд.

Худованд лутф карда буд ва ҳунару истеъдоди дарвозабони даста, вагарна бахти мо кайҳо дар зарбаҳои ҷаримавӣ намехандиду ҳатто ба даври финалӣ роҳхат намегирифтем. Вале аз бохти ду бозии аввал (яке ба чемпиони Африқо ва дигаре ба чемпиони ҷаҳон) чашм пӯшидем, аммо бохти шармандавори мо аз дастаи Панама, ки бо фарқи панҷ гол (барои баромадани ин даста ба давраи дигар ҳамин қадар гол кифоя буд) анҷом ёфт, ин хурсандии муваққатиро ҳам аз мо гирифт.

Намехоҳам сари кӣ ҳақ буд кӣ не, қазоват кунам. Ман як шарҳи тезу тунде навиштам нисбат ба сармураббии даста, ки ӯ ҳам посух дод ва ба таври пӯшида бошад ҳам аз мушкили даста хабар дод, ки баъди фурӯ нишастани эҳсос ман он шарҳро тоза кардам. Вале, бадбахтона дар кишвари мо мӯд шудааст то ба фарқи мухлису коршиноси ин ё он соҳа сарфаҳм нараванд, ҳатто номзади илми филологияро аз коршиноси футбол фарқ накунанд. Шояд ба умқи мушкиле, ки гуфтам, нарасидед? Содатар карда мегӯям, чун имрӯз баҳсе доштам, бо як мутахассиси футбол, ки зидди ҳамон шарҳи покшудаи ман садо карда буд. Навиштамаш:

“Бародари азиз, фарқи навиштаи ман аз ту ин аст, ки ту аз назари мутахассиси футбол ҳарф мезанӣ, ман аз назари як тамошобин. Ба ин ду фарқ гузор, ман дар бораи навмедии даҳ миллион нафар меандешаму мегӯям, ту дар мавриди он ки “бачаҳо хаста буданд”, “ба эҳсосот дода шуданд”, “ҳарифро нодида гирифтанд”.

Ба назари ман ба майдон баромадӣ на хастагиат баҳона мешавад, на ба эҳсос дода шуданат, на ҳарифро нодида гирифтанат! То ҷон дорӣ бояд барои ғалаба кӯшиш кунӣ! Ин аст фарқи ману ту, фарқи мутахассис аз мухлис!””.

Фикр мекунам, ҳангоми баҳсҳои тезутунд ин нуктаҳоро нодида мегиранд ва ҳамеша мекӯшанд то масъаларо чунон бардоранд, ки ба қавле дар симои онҳо “вундеркинг” (“ҳамадон”) бинанд. Баъд навиштану гуфтан аз варзишу футбол на аз мушкили ҳаёти иҷтимоӣ безарару осон аст нисбат ба он ки дар Донишгоҳи журналистика таълим диҳию аз ҳамадониат дар футзал ба тамоми ҷаҳон эълон диҳӣ! Ин ки дар ин моваро ба ҳамкасбони ман эрод мегиранд ба ғайри кӯшиши аз хеш “ситора” сохтан, чизе нест, зеро вазифаи рӯзноманигор ба ғайр аз расонидани маълумот таҳлилу баррасии касбӣ ҳам ҳаст. Ин сатрҳоро менависаму ба як луқмаи аҷиби навиштаи Одили Нозири соҳибқалам меафтад. Одил навиштааст:

“Ҳар вақт мардҳоеро мебинам (35-50-сола), ки дар соати 10-11-и рӯз сагашонро ба сайругашт баровардаанд ва гулгаштҳоро тамошо карда аз зиндагӣ лаззат мебаранд, аз ғояти ҳасад мехоҳам фарёд занам. Мегӯям, ту чӣ қадар хушбахтӣ, ки ташвиши кору зиндагӣ надорӣ, ба ягон мулоқот саросема нестӣ, супоришеро иҷро намекунӣ… ягона масъулиятат сайругашт бо саг аст. Нӯшат бод!”

Нӯшатон бод мухлисони воқеии футбол, ки ин тундиро ҳам фурӯ бурдед!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь