Таърихи рӯзи байналмилалии ҳамраъйии рӯзноманигорон аз соли 1958 сарчашма мегирад. Он бо қарори конгресси чоруми Созмони байналмиллалии рӯзноманигорон, кӯҳансолтарин ва аз ҳама созмони калонтарини рӯзноманигорони ҷаҳон таъсис ёфтааст.
Санаи ин рӯз тасодуфан интихоб нашудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз соли 1943 фашистон рӯзноманигор, мунаққиди театру адабиёт Юлиус Фучикро, ки моҳи апрели соли 1942 ба ҳабс гирифта шуда буд, ба дор овехтанд. Юлиус ба Тоҷикистон ҳам омадаву дар ин маврид осори зиёде ҳам дорад ва ҳатто дар лаҳзаи ахири умраш дар зиндони фашистон китоби “ Гузориш аз ҳалқаи дор” – ро навишт, ки баъдтар (соли 1950) лоиқи ҷойизаи байлалмиллалии сулҳ гардид.
Дар Тоҷикистон замоне ин санаро созмонҳои журналистии кишвар боҳашамат таҷлил мекарданд. Акнун ҳоло бисёре аз дастандаркорони ин анъана ё аз дунё рафтанд, ё ба марги тадриҷӣ маҳкум шудаю ба гӯшаи хомӯшӣ рафтанд, ё дар кишварҳои дигар ба самти дигари корӣ гузаштанду дигар нестанд. На Акбари Саттор ҳасту на Зафар Абдулло, на Бобоҷон Икромову на Раҷаби Мирзо.
Раҷаби Мирзо, хушномтарин рӯзноманигори тоҷикро дасту қаламашро бастаанду ба ҷуз табрикномаю марсиянома ва дар гурӯҳаш “Ахбор барои афкор” рӯбардори мавзӯи дигар расонаҳои электронӣ пешниҳоди мавзӯи дигарро нолозим медонад. Созмони журналистии маъруфтарини кишвар “Нансмит” бо роҳбарии Нуриддин Қаршибоев аз ҷониби ягон ташкилоти на хориҷию на дохилӣ дастгирӣ намешаваду ба эҳтимоли зиёд дар андешаи бастани ин созмон аст. Дигар ору шарм мекунӣ, ки дигар ҳатто худро “рӯзноманигор” номӣ, ин вожа ҳам ба вожаи архаистӣ бадал ёфтаву шахсоне даъвои ин пешаро мекунанд, ки бӯе аз журналистикаи асил набурдаанд. Имрӯз дигар ровиеро сардабири дилхоҳ нашрияи чопӣ гузоштан, наттоқеро раҳбари расонаи хабарие таъин намудан, мӯд шудааст.
Аммо, ниҳоят баъди чор соли талош мактаби деҳаи Мортеппаи Ҳисорро бо ташаббуси собиқ раиси ин шаҳр Қосими Раҳбар ба номи Акбари Саттор гузоштанду нафаси тозае кашидем, ки воқеан шиори “бузургонро бузургон зинда медоранд”, ҷон доштааст.
Вале касе шояд то ҳол надонад, ки дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд кӯҳҷигаре пайдо намешавад то қарори маҷлиси маҳаллии шаҳри Исфараро дастак карда, чунин кореро барои абадӣ гардонидани номи Иқбол Тешаев, собиқ сухангӯйи райиси ин шаҳр анҷом диҳад.
Мо ҳасратномаҳо перомуни марги журалистикаи касбӣ менависем, вале дар ин рӯзи муқаддас, рӯзи байналмиллалии ҳамраъйии журналистон (8 сентябр) дар тамоми гӯшаи дунё ин ид бо ҳашомату дабдаба таҷлил мегардад, семинару конфронсҳо доир мешаванд, ки дар он журналистон аз тамоми гӯшаи дунё ширкат меварзанд.
Ба ҷуз мо!
Дар ин анҷуманҳои касбӣ намояндагони “ҳукумати чорум” ширкат мекунанд, ҷойиза мегиранду ҷойиза месупоранд ва аз таҷрибаю вазъи пешаи хеш қисса менамоянд. Чун мо ки чун сутуни “ҳукумати чорум” эътироф нашудаему намешавем, ба ҳамкасбони хеш ин идро муборакбод гуфтаю барояшон комёбию комравоии бештарро таманно мекунем!
Ид муборак!