Шаҳри Самарқанд як гурӯҳ меҳмононро аз кишвари ҳамҷавори Тоҷикистон пазироӣ кард. Ин гурӯҳро вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода сарварӣ мекард. Маросими пазироии меҳмонон дар фазои мутантан ва бошукӯҳ ба вуқӯъ пайваст.
Тоҷикистониён аввал аз маркази касбу ҳунаромӯзии KOICA-и шаҳр боздид намуданд. Дар ин марказ барои ҷавононе, ки кор бо комютерро меомӯзанд, доир ба сабти навори видеоӣ ва аудиоӣ маҳорату малака ҳосил мекунанд, инчунин касбу ҳунарҳои дигарро ёд мегиранд, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Боздид аз ин марказ дар меҳмонон таассуроти ғанӣ боқӣ гузошт.
Баъд ин меҳмонон аз ҷониби ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ба ҳузур пазируфта шуданд. Ширин Амонзода аз номи ҳайати Тоҷикистон ба ҳокими вилоят барои қабул ва эҳтироми хос ибрози сипос намуд.
Дар ин мулоқот Ш.Амонзода ва Э.Турдимов ба роҳ монда шудани ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун ва мустаҳкам шудани дӯстиву рафоқати миёни ду халқи бародар-ӯзбекону тоҷиконро барои ду кишвар хеле муҳим арзёбӣ карданд.
Гуфта шуд, ки тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, тиҷорату соҳибкорӣ ба манфиати ҳарду кишвар хидмат хоҳад кард.
Боздиди вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода ва аъзои ҳайате, ки вай роҳбарӣ мекунад, аз мономаркази “Ба кор марҳамат”-и шаҳри Самарқанд низ хеле хотирмон буд. Дар ин ҷо онҳо аз фаъолияти ин мономарказ, ба омӯзиши касбҳои гуногун ҷалб гардидани ҷавонони бекори шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд аз наздик огоҳ шуданд.
Ташрифи меҳмонони тоҷикистонӣ ба майдони Регистон, боздиди онҳо аз расадхонаи Мирзо Улуғбек ва ҷойҳои дигари таърихии ин шаҳри бостонӣ ба онҳо таассуроти амиқ боқӣ гузошт.
Дар идомаи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Ӯзбекистон Ширин Амонзода дар шаҳри Тошканд бо вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нозим Ҳусанов дидору мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо дар бораи нақшаи ҳамкориҳо барои солҳои 2021-2023 табодули назар намуданд.
Дар ҷараёни ин ташриф меҳмонони тоҷикистонӣ бо фаъолияти мономаркази “Марҳамат, ба кор дароед”-и ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд ошно шуданд.
Дар поёни ин ташриф Ширин Амонзода ва Нозим Ҳусанов дар бораи ҳамкорӣ ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд