Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар арафаи таҷлили 30-умин солгарди истиқлоли кишвараш ба фармони афви як гуруҳ зиндониён имзо гузошт. Гуфта мешавад, ин фармон бори дигар собит кард, ки дар Ӯзбекистон сиёсати башардӯстона пиёда мегардад.

Дар фармони раисиҷумҳури Ӯзбекистон зикр гардидааст, ки ба феҳрасти афвшудагон шахсони аз карда сахт пушаймон шомил шудаанд ва онҳо дар оянда дар роҳи ислоҳшавӣ қатъӣ қадам хоҳанд гузошт.

Мувофиқи банди 23-уми моддаи 93-и Қонуни асосии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  215 нафар мавриди афви Шавкат Мирзиёев қарор гирифтаанд.

Аз афвшудагон 3 нафар аз ҳукми асосӣ озод шудаанд, 127 нафар шартан пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромадаанд ва барои 12 нафар ҷазои сабуктар муқаррар шудааст. Муҳлати ҷазои 73 нафар низ коҳиш ёфтааст.

Дар фармон омадааст, ки 14 нафари афвшудагон зан, 12 нафар марди аз 60-сола боло, 69 нафар хориҷӣ мебошанд, 15 нафарро узви созмонҳои манъшуда ташкил мекунанд.

Ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шудааст, ки афвшудагонро ба канори оила ва хешу таборашон баргардонанд, ба онҳо барои мутобиқшавӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ, ҷалби онҳо ба меҳнати фоиданок, тарзи ҳаёти солим ва пайдо кардани мавқеъ дар ҷомеа кумак намоянд.

Маълум шуд, ки дар миёни афвшудагон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Тавре Муродҷон Муҳиддинов ном шаҳрванди Тоҷикистон ба шабакаи аввали телевизиони Ӯзбекистон гуфтааст, бар асари гумроҳӣ даст ба ҷиноят задааст ва муддати дароз дар зиндон ба сар бурдааст, аммо ҳоло бо амри президенти Ӯзбекистон пеш аз муҳлат аз маҳбас озод шудааст.

– Ман аз чунин фармони башардӯстонаи Шавкат Мирзиёев хеле хурсандам. Президенти Ӯзбекистон ба ман бовар кард ва имкон дод, ки худро ислоҳ кунам ва ба назди пайвандонам баргардам. Ба ин боварӣ албатта сазовор хоҳам шуд, – изҳор кардааст Муродҷон Муҳиддинов.

Дар фармон гуфта нашудааст, ки чанд нафар афвшудагонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь