Дар ин рӯзҳо ба манзури барқарории сулҳу субот дар минтақаҳои марзии ноҳияҳои Сӯх ва Қадамҷои ду кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Қирғизистон талошҳои зиёд ба харҷ дода мешаванд.

Гуфта мешавад, дидору мулоқоти раиси Кумитаи умури дини Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуғафур Аҳмедов бо ҳамтои қирғизаш Зойирбек Эргашев дар вилоятҳои Фарғона ва Боткент, ҳамчунин вохӯриҳои раисони Идораи муфтиёти Ӯзбекистону Қирғизистон Усмонхон Алимов ва Мақсадбек Токтомушев бо мардуми ин минтақаҳои марзӣ аз зумраи ҳамин талошҳои мақомоти ду кишвар маҳсуб меёбанд.

Дар дидору мулоқоте, ки Усмонхон Алимов бо сокинони деҳаи Чечмеи ноҳияи Қадамҷои вилояти Боткент баргузор гардид, гуфта шуд, ки мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқати байни мардуми ду самти марз хайру баракот меорад ва он неъмати бузурги Парвардигори танҳост.

– Ҳамаи мо бояд расму ойинҳои ҳамсоядориро риоя кунем, нисбати ҳамдигар аз ранҷу азиятдиҳӣ кор нагирем. Зеро дину мазҳабамон якест, аз як чашма об мехӯрем ва аз як ҳаво нафас мекашем. Дар мо беҳуда “Мусалмон бародари мусалмон аст” намегӯянд. Ҳар гуна низоъ ва моҷароҳо ба дӯстиву рафоқати байни ду мардум халали ҷиддӣ ворид месозад ва он бояд иҷлавгирӣ шавад, – гуфт Усмонхон Алимов.

Муфтии Ӯзбекистон афзуд, ки ҳодисаҳои охири моҳи май ҷомеаи ду кишвари ҳамҷаворро ба ташвиши ҷиддӣ мувоҷеҳ намуд, аз ин рӯ, месазад, ки дӯстиву рафоқат беш аз пеш мустаҳкам шавад ва талош мебояд, ки минбаъд чунин ҳодисаҳои ногувор ба амнияту суботи мардуми минтақаҳои марзии ду кишварро таҳдид нанамоянд.

Мақсадбек Токтомушев дар ҷараёни мулоқот бо мардуми Сӯх гуфт, ки бо ҳамтои ӯзбеки худ ба назди онҳо ба манзури ризоияти Аллоҳ омадаанд, то сулҳу субот барқарор шаваду пойдор монад.

– Ба ҷои марзу обталошӣ бояд мо хонаи охиратамон, ҷаннатро талош кунем. Худованд хиёнат дар ҳақи ҳамсояро нисбат ба гуноҳҳои дигар даҳ маротиба бештар муҷозот мекунад, зеро гуфтаанд, ки “Ҳамсоя ба ҳақи Худо баробар аст”, -иброз дошт раиси Идораи мусалмонони Қирғизистон.

– Ҳамаи баромаду маърӯзаҳои уламои дини ду кишварро бо таваҷҷӯҳи хос шунидем. Ҳарфҳои муфтиҳо аз мо даъват менамуд, ки нисбати ҳамсояи худ арҷу эҳтиром гузорем, аммо як нуктаи асосӣ зикр нагардид, ки Худованд замину обро барои бандаҳояш додааст. Боз марзи онҳоро ҷудо кардааст, ки байнашон низоъ нахезад, – мегӯяд яке аз иштирокчиёни ин мулоқот, ки аз зикри номаш худдорӣ кард.

Вай афзуд, ки баъди вуқӯи ҳодисаи 31-уми май авзоъ чандон тағйир наёфтааст. Ба гуфтаи ӯ ба ноҳияи Сӯх роҳбарони баландпояи идораҳо омадаву дар ҳалли мушкилоти мардум ҷаҳду талош мекунанд.

– Мақсадбек Токтомушев ба мо ироа кард, ки зимни мулоқот бо қирғизҳои Чечме онҳоро низ ба сулҳу салоҳ ва риояи ҳусни ҳамсоядорӣ даъват намудааст, аммо нагуфт, ки чаро онҳо бар хилофи ҳамаи қонуну қоидаҳо оби чашмаҳои ҳазорҳо сол ҷоришударо мебанданд, замини минтақаҳои марзии ноҳияи Сӯхро худсарона ғасб мекунанд. Дар роҳ пулситонии нозирони роҳ, ходимони гумрук ва марзбонии қирғиз бештар авҷ гирифтааст. Ҳатто ҳолати пулситонӣ нисбат ба давраи то вуқӯи ҳодисаҳо чанд баробар зиёд шудааст. Чаро муфтии қирғизҳо онҳоро ба инсоф даъват намекунад? – мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Гуфта мешавад, ки дар айни ҳол роҳи Сӯх-Фарғона, ки аз тариқи ноҳияи Қадамҷои Қирғизистон мегузарад, масдуд аст. Баъзан ба қатори мошинҳои пурбор иҷозати убур дода мешавад, аммо ин мошинҳо низ бидуни пардохти маблағи талабкардаи нозирони роҳ, гумрукчиён ва марзбонҳои қирғиз ҳақи убури қаламрави Қирғизистонро надоранд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Фарғона

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь