Тибқи ҳисобу китоби пешаки гурӯҳи корӣ зарар аз сӯхтори бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар бештар аз 3 миллион сомонӣ муайян карда шуд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар ба “Фараж” хабар дод, ки тибқи ҳисобҳои фаврӣ зарар аз сӯхтори бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтар, ки шаби якуми июни соли ҷорӣ оташ гирифта буд,  беш аз 3 миллион сомонӣ муайян карда шуд.

Аз хадамоти матбуотии шаҳри Бохтар иттилоъ доданд, ки рӯзи  8 июни соли 2022  дар ҳукумати  шаҳр  ситоди шаҳрии муайян кардани сабаби сар задани сӯхтор  дар бозори  ҶДММ “Фаровон- Қӯрғонттеппа”-и шаҳри Бохтар бо иштироки раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин доир гардид.

Гуфта шуд,ки тибқи маълумоти аз ҷониби сардори шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ Бегиҷонзода Валӣ сабаби сар задани сӯхтор суст будани  пайвасти ноқилҳои барқӣ ва кабелҳои барқӣ дар дохили ошхонаи хусусии  “Ганҷина-3”  муайян карда шудааст.

Бояд гуфт,ки дар сӯхтори бозори “Фаровон” як нафар соҳибкори 52-солаи зодаи шаҳри Кӯлоб, ки 90 дарсади баданаш сӯхта буд, дар беморхонаи вилоятии Бурӣ Воҳидов  вафот карду соҳибкорони зиёд зарар диданд.

Сӯхтори шаби якуми июн 50 дарсади бозори “Фаровон”-ро ба коми оташ бурд. Ҳоло масъулон аз пайи барқарор кардани оқибатҳои сӯхтор мебошанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь