Аз ҷониби кормандони милитсия зани 21-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо гумони қатли тифли навзоди худ дастгир карда шудааст.
Номбурда, 21-уми феврали соли 2018, тахминан соати 08:30, дар ҳоҷатхонаи ҳавлии истиқоматиаш кӯдак таваллуд карда, бо мақсади аз мардум пинҳон доштани таваллуд, ки аз вақти барпо намудани оиладориаш ҳамагӣ 4 моҳ гузаштааст, кӯдакро ба қасди куштан ба дохили ҳоҷатхона партофтааст. Овози гиряи кӯдакро аҳли хонавода шунида, навзодро аз марг наҷот ва аз ин ҳодиса ба кормандони милитсия хабар додаанд.
Оид ба ин далел, тибқи талаботи моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.
Блоки рекламавӣ