Семён Григорев, сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ дар робита ба нақзи оммавии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ахиран дар Русия зиёд шудааст, ёддошт супурда шуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 29-уми апрел дар нимаи аввали рӯз ба сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев ёддоште аз сӯии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон супурда шуд, ки дар он нигаронии ҷиддӣ дар мавриди ҳодисаҳои оммавии муносибати катъиян манфӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Федераисияи Русия ва ҳамчунин нақзи густардаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо баён шудааст.

Ин ёддошт хотирнишон мекунад, ки ин гуна амал танҳо нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ мешавад, ки ба ҳамкорӣ ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан созгор нест.

Дар ҳамин ҳол, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳҳои Маскав дармондаанд, мушкил боқӣ мемонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь