Рӯзи касбии кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки аз соли 2012-ум инҷониб санаи 25-уми январ ҷашн гирифта мешавад, имрӯз дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ботантана қайд карда шуд.

Дар чорабини мазкур, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷа баромад намуда, ҳозирин ва дар шахсияти онҳо ҳама кормандони соҳаро бо иди касбӣ муборакбод гуфт.

Олимзода гуфт, масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус, дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробон, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари сарвари давлат қарор дорад.

– Чунончӣ дар Паёми навбатияшон ба парламенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар изҳор намуданд, ки дар оянда низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, ашхоси бесаробон мондаву эҳтиёҷманд ва нафақхӯрон кӯшиши зиёд ба харҷ дода, онро аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи давлату ҳукумат шумориданд. Сарвари давлат дар ҷаласаи васеи Ҳукумати кишвар, ки санаи 21-уми январи соли равон баргузор гардид, ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ҷиҳати беҳтар сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, риояи меъёрҳои қонунгузорӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд, – иброз дошт вазир.

Гуфта шуд, дар ҷумҳурӣ 149 ҳазор нафар шахси маъюб, аз ҷумла 15 ҳазор маъюби гуруҳи 1-ум, 71 ҳазор маъюби гуруҳи 2-юм, 35 ҳазор маъюби гуруҳи 3-юм, зиёда аз 5 ҳазор пиронсоли барҷомондаи яккаву танҳо ва 75 ҳазор ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки ба онҳо 5 ҳазор корманди ҳифзи иҷтимоӣ хизмат мерасонанд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки наздики 27 ҳазор маъюби то 18-сола дар кишвар зиндагӣ доранд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар кишвар 103 муассисаи хизматрасонии иҷтимоӣ барои пиронсолону маъюбон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд, 3 истироҳатгоҳ ва 1 осоишгоҳ барои барои пиронсолони имтиёзнок ва собиқадорони ҷангу меҳнат хизмат мерасонад.

Дар анҷоми чорабинӣ 58 нафар корманди собиқадор ва фаъоли соҳа бо ифтихорнома ва 13 нафар бо сипоснома сарфароз шуда, ба 23 нафар унвони “Аълочии соҳаи тандурустии Тоҷикистон” дода шуд. Ҳамчунин, аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Олимзода Насим Хоҷа ба намояндагони 11 ташкилоти байналмилалӣ барои кӯмаку дастгирии холисона ва маблағгузорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии кишвар ифтихорнома супурда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь