Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз, 29-уми август, дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор буда, гармӣ шабона то 2-3 ва рӯзона то 1-2 дараҷа паст мешавад. Ингуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт.
Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона +26+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 7+12, рӯзона 25-30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-7 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ карда шуда, шабона +14+16 ва рӯзона +31+33 дараҷа гарм мешавад.