Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷафар Усмонзода аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум гардида, ба ҳабс гирифта шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар дода навишт, ки имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум чунин иттилоъ дода шуд.

Дар иҷлосия пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳуқуқи дахлнопазирӣ маҳрум намудан ва ба ҳабс гирифтани вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода С.У.» мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон иброз доштааст, тафтишот муайян кардааст, ки Саидҷаъфар Усмонзода моҳи сентябри соли 2021 тариқи алоқаи мобилӣ бо муовини роҳбари ташкилоти экстремистӣ-террористии «Паймони миллии Тоҷикистон» Шарофиддин Гадоев ҳамсуҳбат шуда, дар бораи ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маслиҳати пешакӣ кардааст.

Гуфта мешавад, Саидҷаъфар Усмонзода барои амалӣ кардани нақшаи ҷинояткоронаи худ дар дохил ва берун аз кишвар тарафдоронашро аз табақаҳои гуногуни ҷомеа ҷалб ва гуруҳҳо ташкил карда, ҳар кадоми онҳоро барои иҷрои корҳои муайян вазифадор кардааст.

Тибқи нақшаи пешакӣ тарҳрезишуда, онҳо мехостанд дар кӯтоҳтарин муҳлат дар чанд гӯшаю канори кишвар вазъи ҷамъиятӣ-сиёсиро ноором сохта, бо роҳи ғасби биноҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ силоҳу аслиҳа тасарруф карда, ҳокимияти давлатиро дар мамлакат зӯран сарнагун кунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки 12 июни соли 2024 нисбат ба Саидҷаъфар Усмонзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ ҳамчун гумонбар боздошт шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь