Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз тасарруфи маблағ дар яке аз идораҳои ноҳияи Вахш хабар медиҳад. Ба навиштаи агентӣ сармуҳосиби шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Вахш Ҳабибулло Нусратуллоевич дар якҷоягӣ бо ду тан аз зертобеи худ ба тасарруфи маблағ дар ҳаҷми 2 миллиону 341 ҳазору 315,62 сомонӣ даст задааст.

“Номбурдагон дар давраи фаъолияти кориашон бо мақсади аз худ кардани маблағҳо бо роҳи сохтакорӣ дархостҳо барои музди меҳнат ва ҳаҷми фонди музди меҳнатро дар санади қабули корҳои иҷрошуда барзиёд нишод дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори махсусан зиёд ба маблағи 2 341 315,62 сомонӣ зарари моддӣ расонидаанд”, – менависад маркази матубоитии агентии мазкур.

Дар натиҷа нисбати Файзуллоев Ҳабибулло, Алишеров Исмоилҷон ва Ҳалимов Муҳаммадюсуф парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь