Се сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон, ки рӯзи 21 феврали соли ҷорӣ зимни таркиши нуқтаи сӯзишворӣ дар маркази ин ноҳия захм  бардоштаву дар ҳолати вазнин қарор доштанд, ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.

Аз беморхонаи марказии ноҳияи мазкур хабар доданд, ки дар Маҷмаи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон дар ноҳияи Қубодиён аз се нафар захмиёне, ки дар ҳолати вазнин қарор доштанд, як нафараш пас аз як рӯзи ҳодиса, рӯзи 22 феврал вафот карда, ду нафари онҳо рӯзи якуми марти соли ҷорӣ ва як нафари дига рӯзи 2 феврал барои идомаи табобат ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд.

Бояд гуфт, ки рӯзи 21-уми феврали соли ҷорӣ дар маркази ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар як нуқтаи сузишворӣ аввал таркиш шуд ва баъдан сӯхтор рух дода буд, ки дар натиҷаи он 14 нафар ҷароҳат бардошта, 6 воситаи нақлиёт ба коми оташ рафта, ду чорво талаф ёфтанд. То кунун мақомот дар бораи сабаби сар задани ин таркиш ва зарар он маълумот надодаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь