Дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад сохтмони 100 синфхонаи иловагӣ ба нақша гирифта шудааст, ки соли 2020-ум 16 адади он ба истифода дода шуда, ҳоло дар 74 синфхонаи дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён Саъдулло Мирзоев дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки агар ин синфхонаҳо пурра бунёд шаванд, 2 ҳазору 500 ҷойи нишаст дар як баст барои хонандагон муҳайё мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҷуз синфхонаҳои иловагӣ, ҳоло дар ноҳия бунёди ду муассисаи таълимии ҳар кадоме дорои 8 синфхона идома дорад.  Корҳои сохтмонӣ дар  бинои Шуъбаи маориф низ пура ба анҷом расонида шуда, дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

– Ҳамчунин, бо дастгирии аҳолӣ дар ноҳия барои 50 нафар кӯдаки синни томакатабӣ кудакистон сохта шудааст, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода хоҳанд шуд, – илова кард М. Мирзоев.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь