Дар Туркия шаҳрдори Истанбул ва мухолифи ҳукумат Акрам Имомоғлу боздошт шудааст. Барои 100 нафари дигар низ дастури боздошт ва ҳабс содир шудааст.

Додситонии кулли Туркия иддао дорад, ки раиси шаҳр ва бархе аз тоҷирон даромади ғайриқонунӣ ба даст оварда, пулшӯӣ ва говсандуқи махфиро барои интиқол истифода кардаанд. Гуфта мешавад, ки бархе аз мансабдорони наздик ба Имомуғлу ба ширкатҳои марбут ба шаҳрдории Истанбул супоришҳои пурхарҷ додаанд. Ҳодисаҳои тамаъҷӯӣ ва порахурӣ низ ҷой доштаанд.

Имомоғлу ишора карда буд, ки метавонад бо далоили сиёсӣ таъқиб шавад. Ба гуфтаи ӯ, чанде аз ақлакҳо, ки “кӯшиши ғасби иродаи миллатро доранд” аз афсарони полис ҳамчун “асбоби бадӣ” истифода мекунанд.

Ба дунболи боздошти раиси шаҳр гирдиҳамоӣ ва тазоҳурот дар Истанбул то 23-юми март мамнуъ шуд. Туркия ҳамчунин дастрасиро ба чанд шабакаи иҷтимоӣ, аз ҷумла X, YouTube, TikTok ва Instagram, ки эътирозгарон метавонанд тавассути онҳо ҳамоҳангӣ кунанд, маҳдуд кардааст.

Имомоғлу аз соли 2019 раҳбарии ин шаҳрро бар уҳда дошт. Ӯро як номзади эҳтимолӣ дар интихоботи президентии Туркия дар соли 2028 муаррифӣ мекарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь