Сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ Ғуломов Ҷамолиддин дар тӯйи фарзандаш қонуни танзимро вайрон кардааст, ки аз тарфи суди ноҳия ба маблағи 5 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима гардида, баъди аз рухсатӣ баргаштан аз мансабаш барканор хоҳад шуд.
Раиси ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ Убайдуллои Файзулло, имрӯз дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки сардори Раёсати кишоварзии ноҳия қонуни танзимро дар туйи фарзандаш вайрон кардаст.
– Ин ҳолатро кормандони соҳаи танзими ноҳия мушоҳида карда, нисбати ӯ парвандаи маъмурӣ тартиб доданд. Ин шахси масъул аз тарафи суди ноҳия ба маблағи 5 ҳазору 200 сомонӣ ҷарима карда шуд, – илова кард раиси ноҳия.
Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки сардори Раёсати кишоварзии ноҳия ҳоло дар рухсатии меҳнатӣ мебошад ва баъди баргаштанаш барои вайрон кардани қонуни танзим дар туйи фарзандаш аз вазифааш барканор хоҳад шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли равон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 6 қонуншиканӣ дар самти танзими ҷашну маросимҳо ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат кам мебошад.
Дар акс раиси ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ Убайдуллои Файзулло
Чазои маъмури нодуруст татбик шудааст. Номбурда тибки Кодекси хукуквайронкунии маъмури шахси мансабдор хисоб мешавад, ки хачми чарима на кам аз 200 нишондиханда барои хисобхо муайян шудааст, яъне 10 хазор сомони…Судя диплома харидаги ё чизе кандаги…Акнун сухан ба прокурор….)))