28-уми феврал дар толори Китобхонаи миллӣ маҳфили иқтисодии “Тавозун” баргузор гардид. Дар ин маҳфил намояндагони васоити ахбори омма инчунин вазорату идораҳои давлатӣ ишитирок доштанд. Мавзуи асосии суҳбат таъйин ва пардохти кумакҳои иҷтимоӣ буд.
Раванди таҳия, қабул ва ҳадафҳои пешбининамудаи “Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030” дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ, механизми таъйин ва пардохти КУИ, ваколатҳои мақомоти давлатӣ дар самти расонидани кумакҳо, тартиби таъйину пардохти кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ, назорати таъйин ва пардохти кумакҳо, равишҳои муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои гирифтани КУИ мавзуъҳои меҳварии маҳфили иқтисодӣ ба шумор мерафтанд.
Дар доираи стратегияи миллии рушд дар назди кишвар се вазифаи асосӣ гузошта шудааст:
– ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои сегменти миёна бо даромади миёнаи муқоисашаванда;
– таъмин намудани рушди устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
– вусъатдиҳӣ ва таҳким бахшидани табақаи миёна”, – гуфт Фарида Муминова.
Дар давоми маҳфил рӯзноманигорон тавонистанд бо намояндагони идораҳои давлатӣ дар самти кумакҳои иҷтимоӣ саволу ҷавоб намуда ба суолҳои худ посух гиранд.
Ташкилкунандаи ин маҳфил ташкилоти ҷамъиятии “Хома” ба ҳисоб меравад.