Президенти ИМА Ҷо Байден зимни брифинги Кохи Сафед гуфт, ки Вашингтон шахсонеро, ки дар таркишҳои 26-уми август дар пойтахти Афғонистон даст доранд, муайян мекунад ва онҳоро ба ҷавобгарӣ мекашад. “Мо намебахшем ва фаромӯш нахоҳем кард. Мо аз пайи шумо мешавем ва ин коратонро беҷавоб намегузорем“, – гуфт ӯ.
Байден гуфт, ӯ ба Пентагон дастур додааст, ки нақшаи интиқом алайҳи ҷангиёни исломиро, ки ҳамлаҳоро дар Кобул анҷом додаанд, таҳия кунад.
Тавре сарвари давлати ИМА қайд кард, хадамоти иктишофии Амрико бар ин боваранд, ки таркишҳо дар Кобул аз ҷониби гурӯҳи “Давлати исломӣ” (созмони террористии дар Тоҷикистон мамнуъ) ташкил шудааст, ки дар Афғонистон ва Покистон амал мекунад.
“Гуруҳе бо номи ДИИШ дар Хуросон ҳамлаеро оғоз кард ва сарбозони амрикоиро, ки фурудгоҳро посбонӣ мекарданд, кушт ва чанд нафари дигарро сахт маҷрӯҳ кард” – гуфт Байден.
Президенти ИМА таъкид кард, ки “Давлати исломӣ” “пирӯз нахоҳад шуд.”
“Мо дар вақт ва макони мувофиқ ва бо лаҳзаи интихобкардаамон бо зӯрӣ ва дақиқӣ вокуниш нишон медиҳем. <…> Мо амрикоиҳоро [дар Афғонистон] наҷот хоҳем дод. Мо муттаҳидони афғонамонро берун хоҳем бурд, <…> Амрикоро тарсондан намешавад” – гуфт Байден дар хотима.
Рӯзи 26-уми август дар наздикии фурудгоҳи Кобул ду таркиш ба амал омад. Бино ба иттилои вазорати дифоъи Амрико, дар ин таркишҳо 13 низомии амрикоӣ кушта ва 15 тани дигар захмӣ шуданд. Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Афғонистон, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ 90 нафар кушта, беш аз 150 нафар маҷрӯҳ шуданд. Баъзе аз манбаъҳо шумораи кушташудаҳоро 103 нафар мегӯянд.
Давлати исломӣ масъулияти таркишҳоро бар дӯш гирифт. Сухангӯи Пентагон Ҷон Кирбӣ гуфт, ки яке аз таркишҳо дар назди дарвозаҳои фурудгоҳ, дуюмӣ дар наздикии меҳмонхонаи “Baron”, ки кормандони низомӣ ва хабарнигорон аз Бритониё дар он ҷо буданд, ба амал омад. Толибон ин ҳодисаро маҳкум кард.