Ҳоло дар ҷамоати шаҳраки ноҳияи Балхӣ  17 ҳазору 100 нафар  иқомат мекунанд, ки беш аз 13 ҳазору 300 нафари онҳо бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мебошанд. Дар ин баробар сокинони ду ҷамоати дигар аз дастрасии оби тозаи ошомиданӣ мушкилӣ доранд.

Директори корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ Асадулло Миралиев гуфт, ки барои таъмини пурраи сокинони шаҳрак ва ду ҷамоати ноҳия лоииҳаи барқарорсозии систмаи обтаъминкунии шаҳракаи Балх аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар якҷоягӣ бо ҳукумати ҶТ аз соли 2012  тартиб дода шуда аст.

– Корҳои сохтмони ин лоиҳа  соли 2016 оғоз кардид, ки он аз 5 марҳила иборат мебошад.  Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ду марҳила ба охир расида,  сохтмони марҳилаи 3-юми он идома дорад, – гуфт Асадулло Миралиев.

Гуфта шуд, маблағи лоиҳаи мазкур  5 милони 975 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Баъди анҷоми лоиҳаи мазкур сокинони шаҳрак ва ду ҷамоати  дигар низ  пурра бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин  мегарданд. Корҳои сохтмонии лоиҳаи мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар ба анҷом хоҳад расид.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь