25 майи соли равон дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон  бори аввал намоиши аксҳо бо инъикоси гуногунии биологӣ  ва фарҳангӣ  зери унвони «Сайёраи сабз» доир гардид. Аксҳо  дар миёнсарои (вестибюл) шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг ба маъраз гузошта шуда, то 1-уми июн идома хоҳад ёфт.

Намоиши мазкур  ба Рӯзи байналхалқии гуногунии биологӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, он бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Сайёраи сабз» аз рӯи лоиҳаи «Коммуникатсияи биофарҳангӣ – асоси нигоҳдории гуногунии биологӣ ва роҳ ба сӯи рушди устувор» роҳандозӣ гардид.

Дар намоиш намояндагони  соҳаҳои гуногун – фарҳанг, маориф,тандурустӣ, аҳолии ноҳия, коршиносон, инчунин маҳфузгарони донишҳои суннатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намояндагони Ташкилотҳои Ҷамъиятӣ, хонандагон удонишҷӯёни донишгоҳҳои олӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар намоиши «Сайёраи сабз» аксҳои аксбардорон-Мақсудҷон Муҳуддинҷонов ва  Тоҳирҷон Саидов, инчунин аъзои маҳфили «Экожурналистониҷавон» гузошта шуданд. Бояд гуфт, ки аксҳои мазкур фарогири гуногунии биологии Тоҷикистон ва фарҳанги миллӣ буданд ва бо завқи баланди касбӣ аксбардорӣ шудаанд.

Директори Ташкилоти Ҷамъиятии «Сайёраи сабз» Комилҷон Саидов зикр кард:

«Раванди ҷаҳонишавӣ, афзудани шумораи ахолии кураи замин, тағирёбии иқлим, афзудани талаботи аҳолӣ ба сарватҳои табиӣ ва бештар гардидани заводу корхонаҳои хориҷкунандаи партовҳо боиси он гардидааст, ки дар даҳсолаҳои охир таъсири манфӣ ба табиат, махсусан ба гуногунии биологӣ ва ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги  маҳаллӣ босуръаттар гардидад».

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки соли 1997 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ шомил гашт ва уҳдадориҳои худро оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ расман эълон намуд.

Бинобар ин, дар амалӣ намудани уҳдадориҳои Конвенсияи мазкур ва ба таври зарурӣ ҳал намудани мушкилоти маҳвгардии гуногунии биологӣ ҷалби диққати мардум метавонад зиёдтар саҳм гузошта бошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь