Ман, собиқ узви «Гуруҳи 24» Саидматзода Олимҷон Абдузоҳир мебошам, ки тайи се соли охир дар қаламрави Федератсияи Русия, дар шаҳри Новосибирск қарор доштам.

Вақтҳои охир дар интернет наворҳо зиёд паҳн мешуданд, ки аъзо ва тарафдорони «Гуруҳи 24» ба ватан баргашта, озодона умр ба сар мебаранд. Нуқтаи ахире, ки маро мутмаин кард, то ба Ватан баргардам, навори изҳороти собиқ роҳбари «Гуруҳи 24» Шарофиддин Гадоев оид ба бозгашти ихтиёрии ӯ ва дар кишвар озодона зиндагӣ карданаш буд. Баъди тамошои ин навор тасмим гирифтам, ки ман ҳам бояд ба ватан баргардам.

Бояд гӯям, ки қаблан дар шабакаҳои интернетӣ солҳои 2015-16 наворҳои зиёд аз тарафи ҷонибдорони «Гуруҳи 24» пахш карда мешуданд, ки ман ҳам ҳамон видеоҳоро тамошо карда, ақидаҳои онҳо дар сарам ҷой гирифту тарафдорашон шудам, ки ин кори хато ҳам буд ва ман аз он пушаймонам.

Баъди баргаштанам, кормандони Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккил маро даъват намуда, дар асоси қонунгузории кишвар бозпурсӣ карда, маро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намуданд. Айни замон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, дар зодгоҳам, дар ҳалқаи аҳли оила ва хешу табор қарор дорам.

Чизи дигаре, ки бояд қайд кунам, ин аст, ки пас аз баргаштан бо Шарофиддин Гадоев дар шаҳри Душанбе шахсан вохӯрдаму бо ӯ суҳбат кардам, ки аз баргаштани худ хеле ҳам шод буданд ва дар чеҳраашон изҳори пушаймонӣ дида намешуд. Ҳоло ман ҳам аз баргаштани худ пушаймон нестам.

Он андешаҳое, ки дар хориҷ аз кишвар буд, ман дар ватан надидам. Шукр ҳам мекунам, ки тасмим гирифтам ба ватан баргардам. Албатта дар ватан, дар зодгоҳи худ, дар муҳити оила зиндагӣ кардан худ як хушбахтӣ аст. Хеле хурсандам, ки бозгаштам ба ватан.

Вақте инсон чанд сол аз ватани худ дур мемонад, тасаввуроту фикру ақидааш нисбати ватан дигар мешавад, зеро бо чашми худ вазъиятро намебинад. Вақте ки ба ватан меоӣ ва худат мебинӣ, вазъият тамоман дигар аст. Сиёҳ кардани ватан кори хато мебошад. Мо мехоҳем, ки ҳамаашон баргарданд ба ватан ва дар дохили кишвар фаъолият кунанд, дар муҳити оила умр ба сар баранд. Ман худам дар ғарибӣ будам ва медонам, ки дурӣ аз ватан чист. Кори хато аст, ки дар хориҷи кишвар истода ватани худро сиёҳ кунем. Ман ҷонибдори чунин амал нестам.

Барои ҳамаи корҳое, ки аз ҷониби ман шуда гузашт, сидқан пушаймонам. Зеро, тӯли чанд сол онҷо қарор доштам ва корҳои нолозим мекардам. Мехоҳам аз ин баъд дар кишвари худамон орому осуда зиндагӣ кунам ва ба ватану миллатамон хизмат намоям.

Дар охир аз ҳама аъзои “Гуруҳи 24” даъват мекунам, ки ба ватан баргарданд, зеро дигар зарурати фаъолияти ин гуруҳро намебинам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь