Аз 1-уми март бо ташаббуси фонди ҷамъиятии “Nota bene” дар осоишгоҳи “Сароб” барои рӯзноманигорон семинар дар мавзӯи “Баробарӣ ва пешгирии табъиз” оғоз шуд, ки то 5-уми март идома мекунад.
Дар семинар ҳудуди 20 нафар рӯзноманигор аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва донишҷӯёни факултаи журналистикаи ДМТ иштирок доранд.
– Ҳадафи ин семинар омӯзиши мафҳумҳои вобаста ба таъбиз, қонуну дастуруамалҳо ва пешгирии таъбиз дар ҷомеа мебошад, ки мо барои кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва адвокатҳо низ чунин семинарҳоро дар оянда гузарониданием. Ҳамчунин, тренинг дар 3 гурӯҳ байни 60 нафар рӯзноманигор гузаронида мешавад, – мегӯяд намояндаи ташкилоти “Note bene” Нигина Баҳриева.
Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳамагуна шаклҳои табъиз ба парлумон барои баррасӣ фиристода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки вақтҳои охир хушунат дар ҷомеаи мо афзоиш ёфтааст.