Русия ба пойгоҳи 201-уми низомии худ дар Тоҷикистон 30 танки нави Т-72Б3М фиристод. Ин нерӯи нав изҳори нигаронии Маскав аз бесарусомонӣ дар Афғонистон аст.

Хабаргузории Интерфакс бо такя ба Вазорати дифои Русия гуфт, (https://www.interfax.ru/world/806833) 6 декабр 30 танки модернизатсияшудаи Т-72Б3М бо хусусиятҳои мукаммали ҷангӣ барои муҷаҳҳазсозии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ба Тоҷикистон фиростонида шуданд.

Мошини ҷангӣ бо системаи нави ҳаракаткунанда, маҷмӯаи муҳофизати пассивӣ ва фаъол, инчунин системаи алоқаи “Aqueduct” ва дидгоҳи бисёрканали “Сосна-У” бо тепловизор муҷаҳҳаз шудааст.

Илова бар ин, қисмати ҷангии танк навсозӣ карда шуда, як таппончаи 125-мм бо баллистикаи такмилёфта ва манбаи тир, компютери рақамии баллистикӣ ва манзараи панорамии фармондеҳи мошини ҷангӣ насб карда шудааст. Бо ин системаҳои таҷҳизонидани танк имкон медихад, объектҳоро зуд ошкор ва нест кунад.

Ба зикри манбаъ, ин пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон бузургтарин муассисаи низомии Русия дар кишвари дигар аст.

Русия нигаронӣ дорад, ки Толибон, гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон, метавонад ба Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ дар Осиёи Марказӣ нуфуз кунад. Аз нигоҳи Русия, ин як садди амниятӣ дар муқобили минтақаҳои ҷанубӣ хоҳад буд.

Ин пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар моҳи август бо аслиҳаи нав – туфангҳои муосири снайперӣ, системаҳои сайёри зиддиҳавоии «Верба», автоматҳои АК-12 Калашников, оташандозҳо ва системаҳои мушакии зиддитанкии «Корнет» муҷаҳҳаз шуда буд.

Дар моҳи июл низ бораи таҳкими пойгоҳ Русия 17 мошини муосири ҷангии БМП-2 равон кард.

Ҳамзамон, дар фасли тобистон ва тирамоҳ Русия дар пасманзари ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ як силсила машқҳои низомӣ анҷом дода буд.

T-72B3M бошад, танки навест, ки соли 2018 дар форуми ҳарбӣ-техникии артиши Русия намоиш дода шуд. Ин як версияи амиқ такмилёфтаи танки асосии ҷангии Т-72 мебошад. T-72B3M бо муҳаррики нави дизелии иқтидори 1130 асп, муҳофизати иловагӣ такмил шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь