Муҳлати ҳабси тоҷикистониёни гумонбар ба амали террористӣ дар “Крокус” тамдид шуд. Онҳо то 22-юми феврали соли 2025 дар ҳабс қарор хоҳанд дошт, хабар медиҳад АП.
Додгоҳи Басмани шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар парвандаи амали террористӣ дар “Крокус Ситӣ Холл” гумонбарони асосӣ дониста мешаванд, се моҳ дароз кард.
Бино ба иттилои хабаргузории ТАСС, дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки чораи пешгирии қаблӣ дар шакли таҳти ҳабс қарор доштан нисбати Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов ба муҳлати то 22-юми феврали соли 2025 дароз карда шавад. Муҳлати боздошти ин гумонбарон ба амали террористӣ дар “Крокус” чанд маротиба шуд, ки тамдид карда мешавад.
16-уми август додгоҳи Басмани Маскав муҳлати ҳабси чаҳор гумонбари дигари ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Ситӣ Ҳол”-и Маскавро дубора барои 3 моҳ – то 22-юми ноябри соли равон дароз карда буд.