Имрӯз дар бинои «Шарқи озод» рӯнамоии китоби нави соҳибкори муваффақи тоҷик, раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода бо номи «Ҳаводиси рӯзгори ман» баргузор гардид.
Ин китоби нави Холиқзода идомаи асари «Моҷарои рафта» аст, ки панҷ сол пеш таълиф ва пешкаши хонандагони тоҷик гардида буд. Китоб дар жанри ёддошт таълиф шуда, бо хатти сириллик дар Душанбе ва бо хатти форсӣ дар Теҳрон нашр шудааст. Китоб бо ҳарду хат бо сифати олӣ чоп шудааст.
Дар рӯнамоии китоб гуфта шуд, ки «ин номаро муаллиф ба ду сабаб навиштааст: нахуст, ин ки иншо кардан тақозои табиаташ гашта ва дувум, натавонистааст, ки ба тақдири миллату кишвараш бетафовут бошад. Ин ёддоштҳо аз мушоҳидаҳои нависанда, ки дар солҳои гуногун навишта шудаанд, иборат аст, вале тарзе чида шудаанд, ки дар дарки хонанда халал эҷод намекунанд».
Дар рӯнамоии китоб Сорбон, Қодири Рустам, Шодимуҳаммади Суфизода, Сайфуллоҳ Муллоҷонов, Ҳафиз Раҳмон, Умед Бобохонов, Ойниҳол Бобоназарова ва дигарон андешаронӣ карданд ва ба муаллиф бурдборӣ хостанд.
Блоки рекламавӣ