Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз талошҳои Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, барои таъмини субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон изҳори ҷонибдорӣ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни бетартибиҳо дар пойтахти Ҷумҳурии Мухтори Қарақалпоқистони Узбекистон – шаҳри Нукус 18 нафар ба ҳалокат расида, 243 нафар захмӣ шуданд. Айни ҳол 94 нафари онҳо дар беморхона бистарӣ мебошанд.

Дар ин баробар, тавре Гвардияи миллӣ ва Прокуратураи генералии Узбекистон иттилоъ доданд, 516 нафар ширкаткунандагони бетартибиҳо дастгир шуданд.

– 1-2 июл 516 нафар боздошт шуда, тафтишот идома дорад. Нисбат ба шаҳрвандони алоҳида ҷазои маъмурӣ татбиқ гардида, онҳо аз боздоштгоҳ озод карда шуданд, – гуфт котиби матбуоти Гвардияи миллии Узбекистон Даврон Ҷумъаниёзов.

Прокуратураи генералӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи далели бетартибӣ дар асоси моддаи «Сӯиқасд ба сохти конститутсионии Ҷумҳурии Узбекистон» парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст.

Эътирозҳо дар Қарақалпоқистон 1 июл, баъд аз пешниҳоди лоиҳаи нави Конститутсия шуруъ шуданд. Дар тарҳи нави ин санад пешниҳод гардидааст, ки ин минтақа аз соҳибихтиёрӣ ва аз ҳаққи ҷудо шудан аз Узбекистон тавассути раъйпурсӣ маҳрум карда шавад.

Пас аз эътирозҳо президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Нукус омад. Ӯ дар мулоқот бо вакилони маҳаллӣ таклиф кард, ки аз лоиҳаи Конститутсия пешниҳод дар бораи мухторият хориҷ карда шавад. Мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки муҳокимаи лоиҳаи тағйирот то 15 июл тамдид гардида, мухторияти Қарақалпоқистон нигоҳ дошта шавад.

Дар ин ҳол, хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, зимни суҳбати телефонӣ сарвари давлати Тоҷикистон аз талошҳои Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон, барои таъмини субот ва рушди устувор дар Ҷумҳурии Қарақалпоқистон изҳори ҷонибдорӣ намуда, ҳамчунин доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар кард.

Ҳамзамон, сарони давлатҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро дар партави тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рӯзҳои 2-3 июни соли 2022 ҳосил шуда буданд, баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, аз ба роҳ мондани ҳаракати қатораи мусофиркаш байни Тошканд ва Душанбе ва оғози кори амалии лоиҳаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Ёвон дар дарёи Зарафшон ёд карда шуд.

Ба ин зайл, байни сарони давлатҳо муҳимияти пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва судманд дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо таъкид гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь