Тоҷикистон ба Ҳукумати Русия пешниҳод кардааст, ки барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷике, ки бино бо сабаби ҳуқуқвайронкунии хурд ба қаламрави Русия даромада наметавонанд, авф татбиқ гардад.
– Тоҷикистон барои баъзе шаҳрвандонаш, ки бино бо сабаби ҳуқуқвайронкуниҳои хурд ба Русия рафта наметавонанд,- авф дархост кардааст,- хабар медиҳад РИА «Новости» дар мусоҳиба бо сафири Тоҷикистон дар Москва Имомуддин Сатторов.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар рӯйхат 257 ҳазор тоҷикон ҳастанд. “Қариб 257 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати “манъшавандагон” ҳастанд, ки он ҳам бо сабаби ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ асту роҳ барояшон баста аст”,- гуфтааст Сатторов.
Қаблан Имомуддин Сатторов гуфта буд, ки Тоҷикистон пешниҳоди Вазорати сохтмони ФР-ро дар бораи сабук кардани вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ датгирӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, саҳми муҳоҷирони меҳнатӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар иқтисоди Русия бузург аст. “Солҳои охир иқтисоди Русия дар ҳоли рушд буда, онро бидуни захираҳои меҳнатӣ ба даст овардан ғайриимкон аст”,- мегӯяд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки Русия дар оғози пандемияи коронавирус аз санаи 27-уми март парвозҳои доимӣ ва чартериро бо дигар кишварҳо қатъ кард. Истисно аз парвозҳои содиротӣ, инчунин ҳавопаймоҳои боркаш, почта, ёрии таъҷилӣ ва ҳавопаймоҳои башардӯстона.