Ассотсиатсияи рӯзноманигорон “Медиа – Алянси Тоҷикистон” барои дарёфти ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” ба номи Отахон Латифӣ озмун эълон менамояд. Ба озмун маводҳое қабул карда мешаванд, ки дар муддати байни 1 майи с. 2021 – 25 апрели с. 2022 дар расонаҳои Тоҷикистон (давлатӣ ва мустақил) ва берун аз он ба нашр расидаанду масоили доғи Тоҷикистонро инъикос намудаанд.
Ҷоизаи мазкур ба хотири зинда нигаҳ доштани номи журналист, сиёсатшинос ва сиёсатмадори бузурги тоҷик Отахон Латифӣ таъсис дода шудааст, ки ҳамасола дар Рӯзи байналмилалии озодии баён тақдим мегардад. Ҷоиза ба журналистоне дода мешавад, ки:
- касбияти баланди журналистӣ доранд, масоили доғи рӯзро инъикос мекунанд, ба ҳалли мушкилоти мардуми оддӣ мусоидат менамоянд, аз манофеи миллӣ дифоъ мекунанд ва дар расидан ба адолати иҷтимоӣ саҳм мегузоранд;
- дар рушди журналистикаи касбӣ дар Тоҷикистон, бахусус дар тарбияи журналистони ҷавон, хидмати арзанда намудаанд;
- ҳангоми таҳия ва нашри мавод аз стандартҳои байналмилалии журналистика – беғаразӣ ва бетарафӣ, мувозинати раъйҳо, ростқавлӣ ва дақиқият – истифода мекунанд;
Ғолибонро комиссияи вижаи иборат аз намояндагони созмонҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ва байналхалқии мададрасони ВАО муайян менамояд. Ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” иборат аст аз диплом бо рамзи МАТ ва маблағгузори эҳтимолӣ (агар мавҷуд бошад) ва расми Отахон Латифӣ, ҳамчунин тӯҳфаи рамзӣ ё мукофотпулӣ, ки қиммати онро ҳамасола аъзои комиссия муайян менамоянд. Барои дарёфти ҷоизаи “Касбияти журналистӣ” ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад: як журналист метавонанд якчанд маротиба ин ҷоизаро соҳиб шавад.
Довталабон метавонанд танҳо як (1) маводи (чопӣ, онлайнӣ, радио \ телевизионӣ) худро ҳамроҳ бо маълумоти мухтасар дар бораи худ (CV) то охири рӯзи кории 25 апрели с. 2022 тариқи почтаи электронии media.alliance.tajikistan@gmail.com (скани маводи чопӣ; пайванд ё худ линки маводи онлайнӣ; пайванд ё худ линки маводи радио\телевизионӣ дар YouTube ё Google Drive) супоранд. Чун Медиа – Алянси Тоҷикистон якчанд озмун эълон менамояд, ба хотири роҳ надодан ба хараҷу мараҷ аз довталабон эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми пешниҳоди мавод дар ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ё сархати мактуби электронӣ номи озмунро ҳатман зикр намоянд.