16-уми июн дар кишвари Олмон бо ширкати 24 дастаи беҳтарини қораи Аврупо марҳилаи финалии Ҷоми Аврупо-2024 оғоз шуд. Дар ҳамаи 6 гуруҳ вохӯриҳои якуми гуруҳии марҳилаи финалӣ баргузор шуданд.

Аз чашмрастарин ҳодисоти ин мусобиқа ин буд, ки Олмон дар бозии якум Искотландро ноумед кард. Мизбони мусобиқа 6 гол зад – 5 гол ба дарвозаи ҳариф ва 1 гол ба дарвозаи худ. Дигар ин, ки Крувосӣ дар бозӣ бо Испониё мувоҷеҳи шикасти сахте шуд. Се голи беҷавоб ба дарвозаи худ гирифт ва натавонист, ки як гол ҷавоб гардонад. Дар бозии байни Фаронса ва Утриш ситораи фаронсавиҳо Килиан Мбаппе захм бардошт. Гуфта мешавад, ки бинии ӯ шикастааст ва шояд дар ду бозии дигари гуруҳӣ ширкат накунад. Дар ин бозӣ як гол ба қайд гирифта шуд, ки утришиҳо ба дарвозаи худ заданд. Ғайричашмдошт Румонӣ бо ҳисоби бузурги 3:0 бар Укроин ғолиб омад ва Белжик аз Исловокиё бо натиҷаи 0:1 мағлуб шуд. Дар зимн, ду голи задаи Ромео Лукаку аз дастаи Белжикро VAR бекор кард. Дар ҳайати Портуғол Криштиану Роналду ба майдон омад, ки ин 6-умин Ҷоми Аврупо барои ӯст. Дар ҳайати Туркия Арда Гюлер ҷавонтарин бозигаре шуд, ки дар бозии аввалаш дар Ҷоми Аврупо гол задааст. Гюлерро дар ин вақт 19 солу 114 рӯз аз умраш гузашта буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь