4-уми апрели соли 2025 нахустин саммити “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” дар шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Саммитро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон раисӣ намуд. Аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо Раиси Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен намояндагӣ карданд. Якҷоя бо Президент Мирзиёев, кишварҳои Осиёи Марказиро дар ин нишаст Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Қирғизистон Содир Жапаров ва Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов намояндагӣ карданд.

Дар вазъияти афзоиши равобити дуҷониба дар сатҳи олӣ дар солҳои охир ва рӯзномаи босуръат рушдёбандаи бисёрҷониба ва минтақавӣ, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки муносибатҳои ду минтақаро тавассути роҳандозии шарикии стратегӣ такмил диҳанд.

“Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо шарикони анъанавӣ мебошанд ва талабот ба ҳамкории зич байни онҳо торафт меафзояд. Ба рушди ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мо дигаргуниҳои амиқ дар Осиёи Марказӣ мусоидат мекунанд, ки ба шарофати иродаи ягонаи сиёсӣ хусусияти устувор ва бебозгашт пайдо кардааст. Дар натиҷаи нишасти мо тасмими таърихӣ дар бораи барқарор кардани шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо қабул карда мешавад. Бовари комил дорам, ки шарикии стратегии мо бояд қарорҳо, лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххасро фаро гирад. Мехостам махсусан аҳамияти ҷорӣ намудани механизмҳои татбиқи амалии ташаббусу шартномаҳои моро таъкид намоям”.

Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

“Пас аз солҳои тӯлонии ҳамкориҳои муваффақ, ҳоло вақти он расидааст, ки шарикии мо бо Осиёи Марказӣ ба сатҳи нав барояд, тиҷорат афзоиш ёбад, ҳамкориҳои минтақавӣ таҳким шаванд ва робитаҳои байни мардум вусъат ёбанд.

Саммити мазкур бори дигар ӯҳдадории муштараки моро ба шарикии стратегӣ дар асоси арзишҳо ва манфиатҳои муштарак тасдиқ мекунад. Иттиҳоди Аврупо шарики боэътимод ва ояндабин барои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва ба рушди устувори дарозмуддати он ба манфиати мутақобила ва дарозмуддат сармоягузорӣ мекунад. Мунтазамӣ, пешбинӣ ва шавқмандӣ минбаъд низ ба талошҳои муштараки мо роҳнамоӣ хоҳанд кард.”

Антониу Кошта, раиси Шӯрои Аврупо

“Дар ин саммити таърихӣ, Аврупо ва Осиёи Марказӣ тасмим гирифтанд, ки ҳамкориҳои моро ба сатҳи шарикии стратегӣ бардоранд. Дар ҷаҳони номуайян мо паёми равшан ва пурқувват мефиристем: мо бо интихоби худ шариконем ва мо метавонем ба ҳамдигар такя кунем. Барои оғози ин давраи нав, мо як бастаи сармоягузории “Global Gateway” дар ҳаҷми 12 миллиард евро барои таҳкими робитаҳои муҳими ҳамкориҳо дар соҳаи ашёи хоми муҳим, пайвастшавии рақамӣ, об ва энергетика оғоз мекунем. Ин сармоягузорӣ ба ҳар ду ҷониб фоида меорад, зеро вақте ки шарикони мо рушд ва шукуфоӣ мекунанд, Аврупо низ шукуфоӣ мекунад”.

Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо

Онҳо инчунин саъю талошҳои ҷориро ҷиҳати таъмини пайвастагии устувори нақлиётӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ тавассути ташаббусҳо дар доираи стратегияи “Global Gateway” дастгирӣ карданд. Дар ин замина раҳбарон пешравиро дар бунёди долони нақлиётии Транс-Каспӣ, ки Аврупо ва Осиёи Марказиро мепайвандад, таъкид карданд. Барои дастгирии минбаъдаи талошҳо дар ин самт, роҳбарон аз сафарбар намудани бастаи сармоягузории байналмилалӣ дар ҳаҷми 10 миллиард евро барои дастгирии инфрасохтори устувори нақлиётӣ ва шабакаҳои логистикӣ дар Осиёи Марказӣ истиқбол карданд. Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо бори дигар пуштибонии доимии худро аз пайвастани Ӯзбекистон ва Туркманистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат таъкид карданд.

Саммит барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ва гузариши сабз, ӯҳдадории муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро ба занҷирҳои устувори арзиш барои ашёи хоми муҳим таъкид намуда, Эъломияи нияти Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро дар ин самт тасдиқ кард.

Раҳбарон ҳамчунин аз ҷалби афзояндаи Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  дар минтақа дар соҳаҳои мушаххас, аз қабили энергетика, идоракунии об, алоқа, нақлиёт ва ашёи ҳоми муҳим истиқбол карданд.

Зимни ҳамоиш раҳбарон ҷонибдории худро ба суботи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, бахусус дар Афғонистон ва Украина, ба пешбурд ва ҳифзи волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон изҳор доштанд.

Роҳбарони Иттиходи Аврупо ба Президент Мирзиёев барои истиқболи самимӣ ва ташкили бомуваффақияти саммит, ки саҳифаи нав дар муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро нишон медиҳад, миннатдории худро изҳор намуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь