Бахшида ба 81-умин солгарди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қабристони православии шаҳри Душанбе чорабиние таҳти унвони «Ситораи ёдбуд» баргузор гардид. Дар он аъзоёни гурӯҳи ҷустуҷӯию ҳарбии «Ёдбуд-201», хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201-уми Русия, толибилмон, донишҷӯён, ветеранҳои меҳнат, ҷанговарон – интернатсионалистҳо ва дигарон иштирок карданд.

Пеш аз оғоз Сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов суханронӣ карда, махсусан қайд намуд, ки чунин иқдом бори аввал гузаронида намешавад:

– Ин рӯзи ёдбуд ва ғам на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳое, ки дар пирӯзӣ даст доштанд, таҷлил карда мешавад. Дар он солҳо ба муқобили мамлакати мо ҳазорҳо ва миллионҳо душманон сар бардошта буданд. Инҳо намояндагони давлатҳои Аврупо буданд, ки худсарона  ба муқобили Иттиҳоди Шӯравӣ бархеста,  ҷонибдори фашизм буданд. Вале, ба шарофати дустӣ, ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигар мо тавонистем ғалаба кунем. Ин қувваи бузурге буд, ки тамоми ҷумҳуриҳо ва мардуми советиро муттаҳид кард. Мо душманро ба таври шоиста пешвоз гирифтем ва ба талафоти зиёд нигоҳ накарда, ғалаба кардем. Ин рӯз абадан дар қалби мо боқӣ хоҳад монд, – иброз дошт сафир.

Ба гуфтаи ӯ, хурсандиовар аст, ки мо ба шахсони дар фронтҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҷангида арҷгузорӣ мекунем. Муҳим ин нест, ки   чорабиние баргузор карда қабрҳои гузаштагонамонро ба тартиб орем, муҳим интиқоли ин анъана ба насли наврас аст. Ва барои ман  хушнудист, ки дар ин ҷо ҷавонон низ ҳузур доранд, зеро ин боиси идома ёфтани ин анъана мегардад.

Раиси Шӯрои собиқадорони Тоҷикистон Алишер Шарифов дар ин чорабинӣ гуфт, сарфи назар аз талафоти зиёд дар оғози ҷанг, ба шарофати муттаҳидии халқҳо Иттиҳоди Шӯравӣ тавонист пирӯз шавад:

– Ман худам писари сарбози фронт ҳастам ва аз нақлҳои падарам медонам, ки чӣ тавр дар як лаҳза (ногаҳон) тамоми орзуҳои он насл бораи оянда  барбод рафтанд. Дар давоми 1418 рӯзи ҷанг 26,6 миллион нафар ҳамватанони мо ҳалок гардиданд. Аз Тоҷикистон 300 ҳазор нафар даъват шуда буданд, 92 ҳазор сарбози мо аз фронт барнагаштанд. Онҳое, ки баргаштанд барои барқарор намудани хоҷагии халқ, ки то 30 фоиз нобуд шуда буд, камари ҳиммат бастанд.

Ӯ афзуд, онҳо хато карданд ва нақшаашон барбод рафт. Онҳо ба назар нагирифтанд, ки дӯстии халқҳои  Иттиҳоди Шӯравӣ  – ин  як қувваи бузург аст.

Профессор Иброҳим Усмонов низ дар бораи нақши Иттиҳоди Шӯравӣ ва тафсири  он воқеаҳо ибрози назар намуд.

Ӯ қайд кард, на ҳама фарқи байни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва Ҷанги дуюми ҷаҳониро дарк мекунад. Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 1-уми сентябри соли 1939 оғоз гардида, асосан дар кишварҳои Аврупо ва як қисмати Африқои Шимолӣ давом кард. Олмони фашистӣ ҳамроҳи иттифоқчиёнаш – Испания ва Ҷопон бо мақсади забт кардани тамоми ҷаҳон ба ҷанг cap кард. Сараввал Олмон ба Лаҳистон ҳуҷум намуда, баъдан дар як муддати хеле кӯтоҳ Фаронсаро торумор карда, забт намуд. Сипас Англияро бомбаборон карда, тавоноӣ ва қудрати худро намоиш дод.

– Тобистони соли 1941 Олмон   тавоноӣ ва қудрати худро дар Аврупо  эҳсос карда, худро ҳақ шуморид, ки ба муқобили Иттифоқи Советӣ ҷанг эълон кунад. Субҳи 22-уми июн Олмон ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ, Белоруссияи имрӯза зада даромад. Он гоҳ роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ ба халқ муроҷиат намуд, ки Олмон аҳдшиканона ба сарзамини мо ҳуҷум кард ва моро ба вартаи ҷанг кашид.

Ҳамин тавр, Олмон ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз ёфт. Ба ибораи дигар, Ҷанги Бузурги Ватанӣ замоне оғоз ёфт, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳамроҳ шуд, – қайд намуд Иброҳим Усмонов.

Ӯ инчунин гуфт: «Имрӯз баъзеҳо бар он ақидаанд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳониро Олмон ва Иттиҳоди Шӯравӣ  сар карданд, вале ин ғалат аст. Иттиҳоди Шӯравӣ ба ин ягон рабте надорад. Олмон дар Аврупо ба ҷанг оғоз кард, ба хоки ҳамсояҳои худ ҳуҷум кард, онҳоро мутеъ намуд, аз ҳисоби онҳо иқтидори ҳарбӣ ва артиши худро мустаҳкам карда ва баъдан бо онҳо муттаҳид шуда, ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард.

Албатта, Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳуҷуми Олмон ҷавоб нагардонида наметавонист, бинобар ин, халқи советӣ маҷбур шуд, ки ба муқобили Олмон мубориза барад. Яъне Иттиҳоди Шӯравӣ ташаббускори ҷанг набуд.

Солҳои 1940—1941, вақте ки ба қароргоҳи Сарфармондеҳи Олӣ, яъне ба Сталин, борҳо хабар доданд, ки Олмон ба ҷанги зидди Иттиҳоди Шӯравӣ омодагӣ дида истодааст ва имрӯз ё фардо ҷанг cap мезанад, Сталин вонамуд мекард, ки чизе намефаҳмад ва умуман эътиное намекард. Сталин то лаҳзаи охирин интизори он буд, ки оё Олмон воқеан ҷанг мекунад ё не. Танҳо пас аз он ки Олмон ба хоки мо зада даромад ва дар ин бора расман эълон кард, халқи советӣ барои муҳофизати Ватани худ бархест».

Дар мавриди тафсир ва нақши мамлакатҳои иштироккунанда профессор Иброҳим Усмонов бар ин назар аст: “Имрӯз баъзе кишварҳои аврупоӣ мехоҳанд нишон диҳанд, ки ин ҷанг барои онҳо бори вазнине буд ва онҳо ба туфайли қувваи худ ва иттифоқ бо Амрико тавонистанд ғолиб шаванд. Пас чаро то ҳамроҳ шудани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Ҷанги дуюми ҷаҳон, яъне пеш аз cap шудани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аксар мамлакатҳои Аврупо мағлуб ва аз Олмон вобаста гардиданд. Яъне немисҳо ба хоки онҳо зада даромада, дар он ҷо лагерҳова ҳукумати мусаллаҳи худро барпо карданд.

Танҳо пас аз оғози ҷанг бо Иттиҳоди Шӯравӣ, ин мамлакатҳои Аврупо ҷасорат пайдо карданд. Аниқтараш, баъд аз он, ки Иттиҳоди Шӯравӣ фашистонро ба сӯи сарҳади ғарбии Олмон берун кард, дар мамлакатҳои Аврупо ҳаракатҳои партизанӣ пайдо шуданд. Аз ин рӯ, дар Фаронса, Лаҳистон, Венгрия, Руминия, Чехословакия ва дигар давлатҳо ҳаракатҳои партизаниро дастгирӣ мекардагӣ шуданд, ин ҳаракатҳоро Иттиҳоди Шӯравӣ низ дастгирӣ мекард.

Профессор Иброҳим Усмонов инчунин илова намуд, ки «Дар натиҷаи паҳншавии барномаи таблиғотии Аврупо ва Амрико ақидаҳо пайдо шуданд, ки дар ин ҷанг аврупоиҳо ғалаба карданд, на  Иттиҳоди Шӯравӣ. Ҳол он, ки ин ғалаба бо хуну арақи ҷабини мардуми советӣ ба даст омадааст ва дар қатори онҳо 90 ҳазор мардуми тоҷик, ки дар ин ҷанг ҷон додаанд, низ ҳастанд».

Иштирокчиёни чорабинии мазкур панҷараҳои қабрҳоро рангубор карда, гирду атрофи қабристонро аз алафҳои хушкшуда  ва  партовҳо тоза намуданд.

Ёдрас мешавем, пас аз 1418 рӯзи тӯлонии оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 9-уми майи соли 1945 Олмон аз мағлуб гардид ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба охир расид. Шарики Олмон – Ҷопон ҳанӯз пурра мағлуб нашуда буд, вале қудрати низомии худро аз даст дода буд. 2-уми сентябри соли 1945 Ҷопон низ шикаст хӯрд ва Ҷанги дуюми Ҷаҳонӣ пурра хотима ёфт.

 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь