Дишаб дар фазои Тоҷикистон корвони моҳвораҳо ба чашм расид, ки бисёриҳоро ба ҳайрат овард. 60 моҳвора осмони кишвари моро убур карданд, ки гуфта мешавад, аз ҷониби ширкати SpaceX ба фазо фиристода шудаанд.

Ширкати SpaceX, ки ба миллиарддор Илон Макс тааллуқ дорад, моҳвораҳои аввалинро барои таъмини интернети ройгон ба мадори Замин баровард. Бо расидан ба хатти парвози доимии худ ҳамаи 60 моҳвораи хурд бо шабакаи интернет пайваст шуданд.

Сафина барои ба мадор баровардани моҳвораҳои Илон Маск аз космодроми гулугоҳи Канаверал дар Флоридаи Иёлоти Мутаҳида партоб шуд. Партоби моҳвораҳо нахуст мебоист рӯзи 16-уми май амалӣ мегашт, вале бо сабаби бад будани ҳаво ва тафтиши ниҳоии таҷҳизот ба таъхир афтод.

Оғози кори ин моҳвораҳо бахши аввали тарҳи Starlink аст, ки аз соли 2015 ба ин сӯ таҳия шуда, ҳадафаш таъмини аҳолии ҷаҳон бо интернети боусръат ва ройгон дар ҳамаи нуқоти ҷаҳон аст.

Ду моҳвораи озмоишии ин тарҳ ҳанӯз моҳи феврали соли 2018 ба мадори Замин расонда шуданд. Илон Маск мақсад дорад дар чанд соли оянда шумораи онҳоро ба 12 ҳазор адад расонад. Харҷи умумии тарҳ 10 миллиард доллар ҳисоб шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь