Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант хабарнигори МТЖТ бо мудири бахши мазкур Раҳимов Файзулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, фишурдаи он пешкаш мегардад.

Номбурда нахуст изҳор дошт, ки Бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант фаъолияти кории худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар давоми нӯҳ моҳи сипаришудаи соли 2024 корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Ҳамсуҳбати мо илова кард, ки 9 маротиба Шӯрои педагогӣ, аз он ҷумла 9 маротиба ҷаласои назди мудир гузаронида шуда, 30 масъала баррасӣ карда шуд. 32 маротиба ситоди бахши маориф барои бартараф намудани мушкилотҳои соҳаи маориф, бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалтии шаҳри Левакант дорои 17 муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи давлатии таълими томактабӣ ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ мебошад.

Базаи кадрӣ

Мавсуф тазаккур дод, ки дорои тахассуси дараҷаи олӣ 222 нафар (мардҳо 76 нафар, занҳо 146 нафар). Дорои тахассуси дараҷаи якум 147 нафар.

Дорои тахассуси дараҷаи дуюм нафар 121, бедараҷа 339 нафар.

Дар умум, 829 нафар.

Барои дар амал иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2020, №621 оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, барои солҳои 2020-2040 ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тибқи “Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар давоми соли 2024” аз ҳисоби кормандони бахши маориф, шахсони роҳбарикунанда ва омӯзгорони фаннӣ бояд ба курси омӯзишӣ 131 нафар фиристонида шаванд. То имрӯз дар умум 108 нафар, аз инҳо 65 нафарашон занон равон карда шуд,ки ин 82 %-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Аз теъдоди шунавандагони фиристодашуда 35 нафар (аз ҷумла 21 нафар зан) омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошанд,ки 82%-и нақшаи солонаи фанҳои дақиқро ташкил медиҳанд.

Шумораи хонандагон бошад, аз якуми сентябри соли равон 14755 мебошад, аз он ҷумла писарон 7691 нафар, духтарон 7064 нафар.

Таҳсилоти томактабӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки дар 3 муассисаи давлатии таълими томактабӣ (450/172 нафар дар 18 гуруҳ) ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ (150/68 нафар дар 6 гуруҳ), ҷамъ 600/240 нафар кӯдак фаро гирифта шудааст.

Дар ин муассисаиҳои номбурда 24 мураббӣ, (маълумоти олӣ 13, маълумоти миёнаи махсус 11) фаъолият мекунанд.

Мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 4 нафар бо маълумоти олӣ.

Дар умум 40 нафар коркунони педагогӣ (23 нафар бо маълумоти олӣ ва 17 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ) кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон мутобиқи банди 10-и «Низомномаи намунавии муассисаи давлатии таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2015, №256 тасдиқ шудааст, дар назди 17 муассисаҳои таълимӣ ва се муассисаи таҳсилоти томактабӣ 70 гуруҳ бо теъдоди 1326/647 нафар кӯдакон ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд.

Ба тарбиятгирандагони Маркази рушди кӯдак, 66 нафар омӯзгор-мураббиёни ихтисосманди дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус таълиму тарбия медиҳанд. Бо маълумоти олии омӯзгорӣ 49 нафар, бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ 17 омӯзгорон дар Маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд. Дар баробари он як қисмати тарбиятгирандагони Маркази инкишофи кӯдак аз омӯзишӣ забони русӣ ва англисӣ бархӯрдор мебошанд. Марказҳои инкишофи кӯдак бо Барномаи таълимии «Омодагии пешазмактабии барои кӯдакони 5-7 сола» ва барномаи «Рангинкамон», адабиётҳои бачагона, дастурҳои таълимӣ қисман таъминанд. Дар асоси фармоиши мудири бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант аз 16.07.2024, №62/1 оид ба амалигардонии қарори мушовараи Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 28.05.2024, №5/11 дар назди муассисаи давлатии томактабии №3 даври шаҳрии озмуни вилоятии “Китобхони беҳтарин” таҳти унвони “Китоб-маъвои хирад” гузаронида шуд. Ғолибони озмун Толибова Зулфия-мураббияи муассисаи давлатии томактабии №3 Толибова Зулфия-мураббияи муассисаи давлатии томактабии №3, Тоирова Фаришта-мураббияи муассисаи давлатии томактабии №3, Назаралиева Тахмина-мураббияи муассисаи давлатии томактабии №1, Зоирова Тахмина-мураббияи муассисаи давлатии томактабии №2 барои иштирок ба даври вилоятиӣ озмун роҳхат гирифтанд.

Натиҷагирӣ

Мавсуф ҳамзамон қайд кард, ки кабинети методии Бахши маорифи шаҳри Левакант дар нӯҳ моҳи соли 2024 корро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри ёрӣ расонидан ва додани дастурҳои методӣ бо директорон, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ ва англисӣ, синфҳои ибтидоӣ семинарҳои доимоамалкунандаро доир намуд. Дар асоси фармоиши сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 26.01.2024, №31 бо мақсади таҳким бахшидан ба фаъолияти кабинетҳои методӣ ва табадулоти таҷриба байни мудирон, мушовирони фаннии кабинетҳои методӣ ва директорони муассисаҳои таълимии дар таърихи 31.01.2024 дар назди муассисаи таълимии №15 семинар-машварати мушовирони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони Раёсати маориф ва мушовирони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии 24 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар семинари мазкур муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурӣ” аз 28.12.2023 баррасӣ карда шуда, оид ба роҳҳои амалигардонии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2020, №621 оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, барои солҳои 2020-2040 тавсияҳо дода шуд. Дар семинари мазкур аз ҳар як муассисаҳои таълимии шаҳр муовинони таълимӣ ва роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзи иштирок доштанд.

Аз 13.06.2024 то 19.06.2024 бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва сайқал додани савияи дониш ва шиносоӣ бо барномаҳои нави таълимӣ, дастурҳои методӣ ва такмил додани савияи дониш ва ихтисос,аз ҳисоби донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 ҷамъ 9 нафар ба курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ ба Донишгоҳи такмили ихтисоси шаҳри Бохтар фиристода шуданд.

Аз рӯи нақшаи тартибдодаи бахши маорифи шаҳри Левакант ҳар як фанро дар кабинетҳои алоҳидаи фаннӣ ҷой дода, шароитҳо фароҳам оварда шавад. Дар машварати фаннӣ 18 фаннӣ таълимӣ, директорони муассисаҳо, муовинони таълимӣ, муовинонои тарбиявӣ, созмонҳои хонандагон, иттифоқи касабаҳои муассисаҳо, китобдорони муассисаҳо, муҳосибони муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои томактабӣ, мураббияҳо ва мураббияҳои маркази инкишофи кӯдак дар муассисаҳои таълимӣ иштироки фаъолона доштанд.

Рӯзи 23.08.2024 дар қасри фарҳанги шаҳри Левакант тибқи нақша маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант баргузор гардид. Дар маҷлиси васеъ мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Раҳимов Ф.Р., раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ, намояндаи раёсати маорифи вилояти Хатлон Азизов Лутфулло, раиси суди шаҳри Левакант Назарзода Рустам, сардори ШВКД дар шаҳри Левакант Абдулмаҷидзода Р. ва дигар шахсони масъул иштирок ва сухаронӣ карданд. Мудири бахши маорифи шаҳри Левакант Раҳимов Ф., дар мавзӯӣ “Натиҷагирӣ аз вазъи фаъолияти соҳа дар самти таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шаҳр дар соли таҳсили 2023-2024 ва вазифаҳо барои соли таҳсили 2024-2025 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ҳисобот дод.

Раиси шаҳр Муминзода Мастура Табарӣ ва чанде аз меҳмонон суханронӣ намуданд.

Дар охир ба омӯзгорон ва нафароне, ки шоёни таҳсин буданд ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Тибқи нақша рӯзҳои 5.09.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, 12.09.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1, 19.09.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8, 26.09.2024 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2, бо мақсади ҳалли масоили мавҷуда ва беҳтар гардонидани фаъолияти таълимию тарбиявӣ боздид гузаронида шуд.

Ҳолати ҷиҳозонидани кабинети фаннӣ барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ тибқи муқаррароти «Дастурамал оид ба муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ», нақшаи тақвимии омӯзгорон ва мувофиқати он бо барномаи давлатӣ, нақшаи яксоатаи дарсӣ, тарзи истифодаи воситаҳои айёнӣ, маводҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ дар раванди таълим, усули гузаронидани машғулиятҳо, ҳолати дафтардорӣ (журналдорӣ), ҳолати дафтарҳои корӣ ва корҳои санҷишии хаттии хонандагон, риояи меъёрҳои корҳои хаттӣ, ҳолати рӯзномҳои хонандагон, ҳолати таъмини хонандагон бо китоби дарсӣ ва тарзи истифодаи он, ҳолати корҳои санҷишии хаттӣ аз тарафи омӯзгорон гирифташуда, риояи меъёри баҳогузорӣ, роҳ ва усулҳои тайёр намудани хонандагон ба озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, таҳлили вазъи воқеии раванди таълим, банақшагирӣ ва ташкили фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ дар самти ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, худомӯзии омӯзгор дар банақшагирӣ ва ташкили балад бардоштани савияи касбӣ, ташкили “Ҳафтаи фаннӣ”, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ (озмунҳои касбӣ, конференсия ва семинарҳои илмӣ-амалӣ, шабҳои эҷодӣ, вохӯрӣ бо муаллифони китобҳои дарсӣ ва ғайра), ҷалби омӯзгорон ба шуъбаҳои ғоибонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии омӯзгорӣ барои гирифтани таҳсилоти олӣ, омодагӣ ва иштироки омӯзгорони фаннӣ дар озмуни «Омӯзгори сол», фаҳмонидани муҳтавои Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон», омодагиҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” “Илм – фурӯғи маърифат”;

Кабинети методии бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант ҷиҳати ташкили боздид аз муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Леваканти вилояти Хатлонро доир ба ҳалли масоили мавҷуда ва беҳтар гардонидани фаъолияти таълимию тарбиявӣ идома дода, зери назорати худ қарор медиҳад.

Иштирок дар олимпиадаи фаннӣ

Дар ҷараёни суҳбат мавсуф дар хусуси иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ сухан карда, аз он натиҷагириҳо тавзеҳот дод, ки Шералиева Сафарбӣ-хонандаи синфи 10-и МТМУ №1 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, ҷойи сеюм, Умарзода Фарзона хонандаи синфи 9-и МТМУ №1 аз фанни ҳуқуқ, ҷойи сеюм, Ҳабибуллоева Шаҳноза-хонандаи синфи 7-и МТМУ №1 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, ҷойи сеюм, Шарипова Натиҷа-хонандаи синфи 8-и МТМУ №2 аз фанни забон ва адабиёти рус, ҷойи дуюм, Шарфзода Саодат -хонандаи синфи 7-и МТМУ №2 аз фанни забони англисӣ, ҷойи сеюм, Маҳмадалиев Муҳаммад-хонандаи синфи 5-и МТМУ №2 аз фанни забони англисӣ, ҷойи сеюмро ишғол карданд.

Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия

Номбурда афзуд, ки дар давоми нӯҳ моҳи сипаригардидаи соли 2024 аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гурӯҳи кори рафти амалишавии консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ ва сатҳу сифати таҳсилотро аз фанни технологияи иттилоотӣ аз назар гузарониданд.

Харитакунонии муассисаҳои таълимӣ пурра аз тарафи кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди бахши маорифи шаҳри Левакант ба анҷом расонида шуда, маводҳои омодагардида дар шакли электронӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амали гардидан пешниҳод шудааст.

Аз ҷониби муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 адад дискҳои сахти дорои 5 теробайт ғунҷоиши хотиравӣ дошта, ҳар кадом бо теъдоди 9680 маводҳои дарсии электронӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант таъмин гардиданд.

Вобаста бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ба анҷом расида, тибқи маълумотҳо ба ҳолати моҳи феврали соли 2024 иҷроиши нақшаи харидории компютерҳо аз 316 адад компютер 243-адад 77% ва тахтаҳои электронӣ бошад аз 15 адад 27-адад 180%-ро ташкил медиҳад.

То ба имрӯз дар шаҳри Левакант 20 синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо теъдодӣ 556 адад компютер, 27 адад тахтаи электронӣ, 37-адад видеопроектор, 202 камераҳои мушоҳидавӣ, 122-адад мизу курсиҳои махсуси компютерӣ, 75 адад принтер ва ду китобхонаи электронӣ фаъолият дошта, дар онҳо 25 омӯзгор ба 7593 хонандагони синфҳои 5-11 таълим медиҳанд. Ҳамеша дар таътилҳои мавсимӣ фориғ аз дарсҳо омӯзгорони ҳама гунна фанҳои таълимӣ ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши компютер ҷалб мегарданд.

Дар Литсейи давлатии №1 як маҳфили “Барномасозони ҷавон” бо ҷалби 16 нафар хонанда ва дар назди бахши маориф бошад ду гуруҳ бо теъдоди 26 нафар хонанда ташкил гардидааст ва ҳафтае бо гузариши ду соати дарси фаъолият кардаистодаанд.

Ба ҷуз аз синфхонаи технологияи иттилоотӣ дар дигар синфхонаҳои фаннӣ, аз ҷумла синфхонаҳои фанӣ, химия МТМУ №1, синфҳои ибтидоӣ МТМУ№2, физика МТМУ№5, биология МТМУ №10, биология МТМУ №11, биология литсейи №1, физика Литсейи №2, тахтаҳои электронӣ бо як маҷмуи компютер насб гардидаанд, ки ин дар пешрафт ва омӯзиши хушсифати фанҳои номбурда таъсири хуб мерасонад.

Китобҳои дарсӣ

Дар фароварди суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки давоми 9 моҳи соли 2024 дар асоси дархости бахши маориф аз тарафи Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 номгӯ китобҳои дарсӣ ба миқдори 43780 нусха ба маблағи 1096510,02 сомонӣ ворид гардидааст.

Аз тарафи муассисаҳои таълимии шаҳр дар нӯҳ моҳи соли 2024 ба суратҳисоби махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 11046,50 сомонӣ ирсол карда шуд.

Албатта, барои донишу малаки хонандагон пеш аз ҳама китоб ёрирасон мебошад, аз ин рӯ, мо талош мекунем, ки беш аз пеш китобҳои фанниву бадеиро ба мактабҳо дастрас намоем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь