Соҳибкорони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли ҷорӣ бо харҷи беш аз 10 миллион сомонӣ беш аз 32 км роҳҳои харобгаштаи маҳаллиро таъмир карданд, аммо роҳҳои аҳамияти байнамилалидошта низ ба таъмир ниёз доранд.
Сардори Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Нуруллозода Диловар ба “Фараж” гуфт, ки дар 9 моҳи соли равон аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ 17,57 км роҳҳои харобгаштаи маҳаллӣ ба маблағи беш аз 8 миллиону 270 ҳазор сомонӣ таъмири асосӣ, 15,32 км роҳ бо харҷи 2413077 сангфарш ва 1680 метр пиёдагардҳоро ба мабалғи 124320 сомонӣ таъмир карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамчунин аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмири роҳҳои ноҳияи Қубодиён зиёда аз 116 ҳазор сомонӣ ва аз буҷети маҳаллӣ барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки бо ин маблағҳо ба қадри имкон роҳҳо аз таъмир бароварда шуданд.
Қайд гардид, ки дар мувозинаи муассисаи мазкур 178,5 км роҳ мавҷуд аст, ки аз он 34,5 км роҳҳои байналмилалӣ ва 144 км дигар роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта мебошад, ки ҳоло роҳҳои байналмилалӣ ба таъмири асосӣ ниёз доранд.