Клаудиа Шеинбаум, номзад аз эътилофи тарафдори ҳукумат “Биёед бо ҳам таърих месозем” пас аз коркарди беш аз 70 дарсади баргаҳо бо 58,5 дарсади раъйи мардум дар интихоботи президентии Мексик дилпурона пешсаф аст. Натиҷаҳои овоздиҳӣ дар вебгоҳи Пажуҳишгоҳи миллии интихоботии ҷумҳурӣ нашр шудааст.

Рақиби аслии ӯ аз эътилофи мухолифи “Қудрат ва дил барои Мексик” Хочитл Галвес 28,4% овоз гирифтааст. Дар ҷои сеюм Хорхе Алварес Мэйнс аз Ҷунбиши маданӣ қарор дорад, ки 10,5% интихобкунандагон ба тарафдории ӯ овоз додаанд.

Мувофики маълумоти пешакии комиссияи интихоботии Мексик, дар интихобот 60,2 дарсади интихобкунандагон иштирок карданд. Президенти Мексик Андрес Мануэл Лопес Обрадор аллакай Шеинбаумро бо пирӯзиаш дар интихобот табрик гуфт. Рақиби аслии ӯ Галвес низ шикасташро эътироф кардааст.

Рӯзи якшанбе дар Мексик интихоботи умумӣ баргузор шуд. Ба ғайр аз президенти нав, шаҳрвандон ба тарафдории 500 узви палатаи поёнии Конгресс ва 128 сенатор овоз доданд. Дар сатҳи минтақавӣ сарнавишти ҳашт курсии губернаторӣ ва вазифаи шаҳрдори Мехико муайян карда мешавад. Дар рӯйхати интихобкунандагон зиёда аз 98,3 миллион нафар ҳастанд. Дар ин кишвар зиёда аз 170 хазор ҳавзаи овоздиҳӣ боз шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь