Мавсими баҳории даъват ба хидмати ҳарбӣ, ки давоми моҳҳои апрел ва май дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар идома дошт, имрӯз, 1-уми июн, пурра ба анҷом расид, вале Вазорати мудофиа аз идомаи даъмат то мавсими дигар хабар медиҳад.

Ин ниҳод дар хабарномае иттилоъ медиҳад, агарчӣ иҷрои нақшаи даъвати шаҳрвандон ба хидмати ҳатмии ҳарбӣ дар муҳлати муқарраргардида ба итмом расида бошад ҳам, бо мақсади гузаронидани омӯзиши пешаздаъватӣ ва баҳри омода намудани шаҳрвандони синни даъватӣ дар давоми сол ба комиссариатҳои ҳарбии маҳалли истиқомат даъват карда мешаванд.

Вазорат аз моддаи 28-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар ин масъала далел меорад.

Ҳамасола дар Тоҷикистон даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим ҷараён мегирад. Ин даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз ёфта, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Дар ин мавсим дар нахустин рӯзи даъват Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва чанд шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш доданд.

Ба ҳамин тартиб, дар нимаи аввали моҳи апрел чаҳор навоҳии пойтахт ва то охири моҳи май тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Ёдовар мешавем, то ҷашни Рӯзи ҷавонон, 23-юми май, иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 94 дарсад иҷро гардида буд.

Дар ин баробар, дар як соли ахир мақомоти додситонии Суғд ба далели саркашии ҷавонон аз артиш ба 59 ҷавон парвандаи ҷиноӣ боз карда ва 5 ҷинояти коррупсионии кормандони масъули давлатиро ошкор намуданд.

Бояд гуфт, дар чанд соли ахир дар мавсими даъват масъалаи сарбозшикор ё худ “облава” дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсҳоеро ба миён овард. Мақомот ин иддаои сокинонро, ки фарзандонашонро ба иҷборӣ дошта, ба хидмат мебаранд, борҳо рад карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь