То ҷашни Рӯзи ҷавонон, 23-юми май, иҷрои нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ 94 дарсад иҷро гардид, хабар медиҳад сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадализода.

– Бо оғоз гардидани даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, дар нахустин рӯзи даъват аввалин шуда дар ҷумҳурӣ шаҳру навоҳии ВМКБ аз иҷрои пурраи нақшаи пешбинишуда гузориш доданд. Ин чорумин даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбист, ки ин вилоят иҷрои нақшаро дар мамлакат пеш аз муҳлат ва дар рӯзҳои нахустини ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ҷумҳурӣ ба итмом мерасонад, – гуфтааст Маҳмадализода.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чор навоҳии пойтахт низ нақшаи пешбинишударо вобаста ба гусели сарбозони ояндаи Ватан ба 100% расонидаанд.

Дар ин баробар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ назар ба дигар манотиқ пешсаф буда, нақшаи даъват то ба имрӯз беш аз 93 дарсад иҷро гардидааст.

Гуфта мешавад, вилояти Хатлон то ба ҳол 94 дарсад ва Суғд 90 дарсад нақшаи пешбинишударо таъмин кардаанд.

Дар вилояти Суғд шаҳру ноҳияҳои Бӯстону Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ иҷрои нақшаро пурра ба анҷом расониданд.

Бояд гуфт, ҳамасола аз якуми апрел даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз мегардад. Дар чанд соли ахир масъалаи сарбозшикор ё худ “облава” дар байни ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсҳоеро ба миён овардааст. Мақомот ин иддаои сокинонро, ки фарзандонашонро ба иҷборӣ дошта, ба хидмат мебаранд, рад мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here