Аз 3 то 8 сол мешавад, ки дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон  бо сабабаҳои гуногун 8 корхонаи саноатӣ умуман фаъолият намекунанд.

Раиси шаҳри Левакант Бунафша Файзиддинзода  гуфт, корхонаҳои  “Абубакри Дилшод”, “Орди Рушди Хатлон”, “Беҳзод” “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, “Равғани Сарбанд”,  ҶДММ “Аҳмад”  ва “Ҳоҷӣ Рамазон” солҳо бо  пурра аз фаъолият бозмонданд.

Раиси шаҳр омили фаъолият накардани корхонаҳои мазкуро қарз аз андоз, аз бонк, надоштани харидор, набудани ашёи хом, фарсудагии таҷҳизот ва дигар сабабҳо арзёбӣ кард.

Дар идома Бунафша Файзиддинзода афзуд, ки бо роҳбарони корхонаҳое, ки солҳо аз фаъолият бозмондаанд, гуфтушунид доранд. Дар ҳолати аз уҳдаи ба кор даровардани корхонаҳо  набароянд, тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар нисбати ин онҳо таҷдиди назар хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь