Бахшида ба таҷлили ҷашни Рӯзи модар бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту идораҳо, бонувони шуъбаю массисаҳо, занони собиқадори меҳнат, ҷавондухтарони гирандагони стипендияи президентӣ дар маркази ноҳия чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ ба 6 нафар кӯдаки ятиму кулл туҳфаҳо супорида шуд.
Сипас, дар толори Кохи фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки занону бонувони тамоми қишрҳои ҷомеа баргузор гардид.
Раиси ноҳия Вализода Икромиддин тамоми иштирокчиёни чорабиниро табрику муборакбод гуфт.
Дар рафти чорабинии идона аз тарафи раиси ноҳия ба як қатор занону бонувони касбу кори гуногун сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва тӯҳфаҳои арзишманд супорида шуданд. Чорабинии идона, бо шеъру сурудҳои дилнишин, ки дар васфи модар бахшида шуда, аз тарафи аҳли ҳунари бахши фарҳанг омода гардида буданд, ба анҷом расиид.