Раиси ноҳияи Кӯшониён Вализода Икромиддин дар арафаи таҷлили Иди Модарон ба меҳмонии чанде аз занони собиқадори ноҳия рафт.

Имрӯз, 4 март, дар доираи таҷлили Рӯзи Модар, роҳбарияти ноҳия бо 3 нафар сокини ноҳия, собиқадорони меҳнат,  модарони азизи гиромиқадр Фақирова Савриниссо, Иброҳимова Чолбӣ ва Сафарова Савриниссо дидор кард.

Раиси ноҳия ба онҳо туҳфаҳои хотирмон ҳадя кард. Раиси ноҳия модарони азизро аз номи роҳбари давлат ба муносибати Рӯзи Модар ва барои заҳматҳои кашидаашон барои Ватану миллати хеш табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ ва рӯзгори осуда таманно кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь